Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
“Лолазор”-и бобои Асадулло
Асадулло Сафаров, ки беш аз панҷоҳ сол боз ба кишоварзӣ машғул аст, обу хокро дар ин соҳа аз ҳама муҳим шуморида, аз сидқ меҳнат карданро василаи асосии фаровонҳосилӣ медонад.
Ба қавли бобои Асадулло вақте инсон ба касбу кораш меҳр мебандад, ҳеҷ мушкиле пеши роҳи ӯро гирифта наметавонад. Ӯ мегӯяд, ки солҳои дароз онҳо дар деҳаи Кӯҳдомани ноҳияи Дӯстӣ аз об танқисӣ мекашиданд, аммо бо захира намудани оби борон дар ҳавзҳои сунъӣ заминро шодоб намуда, деҳқонӣ мекарданд. Ҳоло ҳам баъд аз моҳи октябр вақте об дар ҷўйу каналҳо хушк мешавад, аз оби борон истифода мебаранд.
-Замоне насосҳои обкаш аз кор монда буданд ва мо обро аз ҷойи дигар кашонида, заминро самаранок истифода мебурдем. Ҳарчанд хеле мушкил буд, вале дар деҳа бекор истода наметавонистем. Зеро муҳаббат ба замину меҳнатдўстӣ ба мо аз падару бобоҳоямон ба мерос мондааст, - иброз медорад ин кишоварзи заҳматқарин.
Асадулло Сафаров деҳқониро ба фарзандонаш ҳам омӯхта, онҳоро дар ин арса соҳибтаҷриба намудааст. Ӯ дар баробари хоҷагии деҳқониаш замини наздиҳавлигиро ҳам ба гардиши кишоварзӣ дароварда, аз он ҳамасола се ҳосил ба даст меорад.
- Айни ҳол дар замини наздиҳавлигии писарам Бахтиёр се гармхона дорем,- мегӯяд Асадулло Сафаров. -Дар яке кӯчати сабзавоти барвақтиро парвариш мекунем, дар дигаре помидору бодиринг мешинонем ва дар гармхонаи аз ҳама калонаш, ки ҳафт сотих масоҳат дорад, қаламфури булғорӣ дорем.
Бобои Асадулло ҳамроҳ бо фарзандонаш аз таҷрибаи пешқадами соҳа истифода мебаранд. Онҳо ҳарорати гармхонаҳоро бо усули муосир нигоҳ дошта, навниҳолонро бо системаи обёрии қатрагӣ, ки аз ҳар ҷиҳат ба манфиати кор аст, парвариш мекунад. Ин кишоварзи навҷӯ соли сеюм аст, парвариши қаламфури булғории навъи исроилиро дар шароити гармхона таҷриба мекунад.
- Ҳамроҳи писарам ду сол пайи ҳам дар гармхонаи як сотиха тухмии ин намуди қаламфури ширинро корида, ба воситаи интернет усули парвариши онро омӯхтем. Рости гап, ҳосил чунон фаровон шуд, ки аз он фоидаи хуб ҳам ба даст овардем. Имсол бошад якбора масоҳати гармхонаи қаламфури булғориро ба ҳафт сотих расонидем. Аллакай бори сеюм аст, ки ҳосили онро ҷамъоварӣ менамоем. Ҳоло ҳам ниҳолон пурборанд. Ин мавсим беш аз якуним тонна қаламфури ширинро бо нархи дилхоҳ фурӯхтем ва ин раванд то охири моҳи январ идома меёбад. Маҳсули дасти моро соҳибкорон ба бозорҳои шаҳрҳои Бохтару Душанбе ворид намудаанд. Мо аз кори худ хурсандем ва ният дорем, ки онро муваффақона давом диҳем, - мегӯяд ӯ.
Ба гуфтаи Асадулло Сафаров онҳо тухмии ин навъи булғориро тибқи фармоиш дастрас мекунанд. Дар муқоиса аз навъи маҳаллии қаламфури ширин он калонҳаҷму серҳосил ва босифату бозоргир мебошад. Нигоҳубини ин намуди булғорӣ чандон душвор набуда, дар 70- 80 рӯз пурра пухта мерасад. Чунин сабзавотро дар ҳар таом истифода кардан мумкин аст, аммо онро бештар барои омода намудани хўришҳои гунонуни зебдиҳандаи дастархон дар қаҳвахонаву тарабхонаҳо ба кор мебаранд.
-Дар гармхона зиёда аз 2,5 ҳазор кӯчати булғорӣ мавҷуд аст. Зери ҳар кадом ба воситаи системаи обёрии қатрагӣ об ва ғизо дода мешавад, ки натиҷаи онро мо дида истодаем. Ниҳолон чунон ғарқи ҳосиланд, ки миёни онҳо гашту гузор кардан душвор аст. Қаламфурҳои булғории зарду сурху сабзи дохили гармхона мисли лолазорест, ки ҳар бинандаро дар ҳайрат мегузорад, - зикр менамояд бобои деҳқон.
Қаблан чунин булғориҳои калону зеборо дар растаи сабзавотфурӯшон дида, гумон мекардем, ки онро тоҷирон аз хориҷи кишвар ворид намудаанд. Аммо хурсандибахш аст, ки имрӯз кишоварзони мо дар ноҳияи Дӯстӣ онро истеҳсол намуда, дар фаровонии бозорҳои дохилии шаҳру навоҳии мамлакат саҳм мегузоранд.
М. Амонҷон
н. Дўстӣ
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РАИСИ ШӮРОИ ДИРЕКТОРОНИ ШИРКАТИ SHAANXI APPLE GROUP CO., LTD. МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА БОҒДОРИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт
БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД
ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР
ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД?
ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ
АЗ ҚАЪРИ ГИЛИ СИЯҲ ТО АВҶИ ЗУҲАЛ
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ
БОНУИ МАТИНИРОДА



