Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ПЕШНИҲОДИ ҶОЙИ КОР БА КОРҶӮЁН
Масъулини Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо Раёсати Агентии шуғли аҳолӣ дар вилоят дар мардикорбозори шаҳри Бохтар ярмаркаи ҷойҳои кории холиро баргузор карданд. Дар ин ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ корҷӯёне, ки ҳамарӯза дар ин маврзеъ ҷамъ мешаванд, иштирок карданд.
Тавре аз дафтари матбуотии Раёсати Хадамоти муҳиҷират дар вилоят ба “Сафо” иттилоъ доданд, дар ярмаркаи мазкур бештар ташкилоту идораҳои ноҳияи Кӯшониён ва ҶСП “Ҷунтай-Данғара син силу текстайл” ширкат варзида ба корҷӯён ҷойҳои кории холиро пешниҳод карданд.
ҶСП “Ҷунтай-Данғара син силу текстайл” барои корҷӯён 500 ҷойи кор аз рӯи ихтисосҳои барқчӣ, дӯзанда, кафшергар, ресанда, таъмиргар ва рангуборгар пешниҳод кард, ки маоиши моҳона аз 1500 то 2000 сомонӣ мебошад. Ҳамчунин дар ин ширкат нафароне, ки ба кор қабул мегарданд, бо ҷойи хоб, нақлиёт ва як вақт хӯроки гарм таъмин карда мешаванд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилоят ба бахшу шуъбаҳои зертобеи хеш дастур додааст, ки муҳоҷирони меҳнатии вурудашон ба кишварҳои қабулкунандаи муҳоҷирон манъбударо барои кор дар ин ширкат тавсия бидиҳанд.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:14Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:11ВАТАН ДАР ҶОН 13:07РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД! 13:03
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - ПЕШВОИ ҶОИЗАЗЕБИ ҶАҲОН




