Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ЭМГУЗАРОНӢ ХУБ ҶАРАЁН ДОРАД
Бо мақсади ноил гардидан ба иммунитети коллективӣ дар ноҳияи Шаҳритус маъракаи ваксинатсияи сокинон бар зидди бемории COVID-19 хуб ба роҳ монда шудааст. Бо ин мақсад дар ноҳия 51 нуқтаи эмгузаронӣ ташкил карда шудааст, ки ҳамарӯза дар ин нуқтаҳо сокинони ноҳия ваксинатсия карда мешаванд.
Тавре зимни суҳбат роҳбари Кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи болозикр Мунира Муродова иттилоъ дод, аз 75 ҳазору 380 нафар гурўҳҳои мақсаднок аллакай 54 ҳазору 834 нафар вояи якум ва 38 ҳазору 236 нафар вояи дуюми ваксинаро гирифтаанд. Ба ҳисоби фоиз то инҷониб 73 дарсад вояи якум ва 54 фисади сокинони аз 18-сола болои ноҳия вояи дуюми ваксинаро гирифтаанд.
Номбурда ҳамчунин гуфт, ки боз 10 ҳазор вояи ваксина аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ ворид гардида, бояд марҳила ба марҳила 20 ҳазор нафари дигар эм карда шаванд.
Ба иттилои ҳамсуҳбати мо дар ҳама шаҳраку ҷамоатҳои ҳудуди ноҳия гурўҳҳои корӣ таъсис дода шуда, ҳамарӯза миёни аҳолӣ корҳои лозима хуб ҷараён доранд. Танҳо аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки сиҳатии хеш ва атрофиёнашонро зери хатар нагузошта, бо мақсади ба даст овардани иммунитети коллективӣ ваксина бигиранд.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:14Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:11ВАТАН ДАР ҶОН 13:07РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД! 13:03
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - ПЕШВОИ ҶОИЗАЗЕБИ ҶАҲОН



