ҲУНАРМАНДИ АСИЛ

   Табақҳои калонҳаҷми усто Саидбеки ҷайҳунӣ дар ҳамаи намоиш–фурӯшу чорабиниҳои ҳунармандон диққати ҷамъомадагонро ба худ ҷалб мекунад. Зеро маҳсули дасти ӯ бо маҳорати баланд омодашуда, дар баробари гуногунҳаҷм буданашон, хеле зебо оро дода шудаанд. Ахиран дар Форуми ҳунарманони вилоят, ки дар шаҳри Бохтар баргузор гардид, Саидбек Машрабов боз ҳам намунаҳои беҳтарини табақҳои чӯбинро ба намоиш гузошта, бори дигар собит сохт, ки ӯ воқеан ҳам ҳунарманди асил аст. 
   Зимни муаррифии маҳсулоти ҳунармандони шаҳру ноҳияҳо раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба кори дастии усто Саидбек таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, ёдовар шуд, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон низ зимни сафари кории худ ба ноҳияи Ҷайҳун  бо ҳунари  табақтарошии ӯ шинос шуда, ба ў баҳои  баланд дода  буданд. 

   Дар тадбири навбатӣ, ки он  ба ҷамъбасти  Солҳои рушди  деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бахшида шуда буд, усто Саидбек боз ҳам табақи калонро, ки андозаи он як метру даҳ сантиметро ташкил медод, ба намоиш  гузошт. Ба гуфтаи ин ҳунарманд ҳарчанд имрӯз дар дукону мағозаҳо садҳо намуди зарфҳои  қиматбаҳои ҷилодор  мавҷуданд, аммо ҳамоно талабот ба  табақҳои  чӯбини табиӣ зиёд аст. Зеро, таом дар чунин зарфҳои чӯбин лаззати  дигар дорад.
   -Табақе, ки ба истиқболи  ташрифи Ҷаноби Олӣ омода намуда будем аз чўби  чинор тайёр карда шуда  буд  ва паҳноии он беш аз як метрро ташкил медод, - мегӯяд  усто Саидбек. - Табақи мазкур бисёр ҳам мустаҳкам  ва зебо буд. Аз ин лиҳоз аксарият дар атрофи он љамъ шуда, бо ҳавас менигаристанду нарху навояш мекарданд. Оқибат як нафар аз шаҳри Бохтар он табақи калонҳаҷмро бар ивази 3000 сомонӣ  харидорӣ намуд. Ва ба гуфтаи ӯ дар атрофи ҳамон табақ беш аз 15 нафар нишаста қурутоб хурдаанд.
   Саидбек Машрабов  мегӯяд, ки қариб аз ҳамаи намуди дарахт вобаста  ба паҳноии кундаашон табақҳои гуногун омода мешаванд. Аммо табақҳое, ки аз чӯби дарахтони  сахт, мисли чинор, чормағз ва зардолу тарошида шудаанд, нисбатан  босифат буда, муҳлати истифодабариашон зиёд мебошад. Баъзеҳо вобаста ба таоми доим истеъмолкунандаашон дархост мекунанд, ки табақи чуқур омода кунем. Масалан, сокинони вилояти Хатлон.  Аммо бошандагони  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  бошад баръакс табақҳои  начандон чуқурро мехоҳанд, - иброз менамояд ҳунарманд.
   Ба гуфтаи Саидбек Машрабов табақе, ки аз чӯби чормағзу бед  омода шудааст, рангаш  сафед мешавад. Табақњои аз  зардолую  чинор бошанд сурхча аст. Ӯ мегӯяд, ки табақи навро як муддат равған карда, дар ҷойи салќинтар бояд гузошт, то ин ки он мустаҳкам гардад.
   Табақсозию чӯбтарошӣ касби бобогии Саидбек Машрабов мебошад. Ӯ қариб 40 сол боз давомдиҳандаи кори гузаштагони худ- усто Саидакрам ва Машраб буда, мисли падару бобояш ин ҳунарро ба фарзандону наберагони худ низ омӯзонидааст. 

   -Ин касб ба мо аз насл ба насл мерос мондааст. Аз замони мактаббачагиам  ба он шуғл дорам. Падарам, ки чӯбтарошӣ мекард, ба кори  ӯ бо завқ нигариста орзу мекардам, ки ман низ ҳунарманд бошам. Бо гузашти вақт ин касби бобогиро аз худ карда, ҳунармандиро пеша кардам. Ҳоло фарзандонам низ ба чўбтарошї майл доранд. Писари калониам Искандаршоҳ устои моҳир шудааст. Ӯ мустақилона дилхоҳ намуди табақро омода мекунад. Хоҳ табақи одӣ бошад, хоҳ ду ё  сеқабата. Келинҳову наберагон ва умуман ҳамаи аъзои  оила ба ин кор банд  ҳастем. Мардони хона табақу коса, кафлесу қошуқ, сандуқ, лавҳи китобмонӣ, дастаи белу каланду табар ва дигар ашёи рӯзгорро омода месозему бонувон бошанд дар рангу бор ва ороиши онҳо ба мо ёрӣ мерасонанд, - илова намуд Саидбек Машрабов. 
   Ба гуфтаи ин ҳунарманд аз ҷониби Президенти мамлакат эълон гардидани  солҳои 2019-2021 ҳамчун  Солҳои рушди  деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ барои онҳо шароиту имконоти васеъ фароҳам овард. Зеро дар ин давра  Саидбек Машрабов дар баробари дигар ҳунармандон дар даҳҳо намоиш- фурӯшҳои вилоятию ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, бо пешниҳоди маҳсули дасти  худ пеш аз ҳама ба ҷомеа муаррифӣ  гардид ва ба бозорҳои  калонтари  ҳунармандӣ даст ёфт.
   -Қаблан маҳсули дасти худро дар деҳаву ноҳия бо нархи дилхоҳ фурӯхта наметавонистем. Ҳоло бошад дар чорабиниҳои  гуногун, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатӣ ташкил  карда мешавад, иштирок намуда, дар ҳамкорӣ бо  соҳибкорон табақ ва дигар ашёи истеҳсолнамудаамонро  бо  нархи нисбатан  баландтар ба фурӯш  мегузорем. Бар замми ин бо дастури Пешвои миллат аз  пардохти андоз аз даромад озод ҳастем, - бо хушнудї нақл кард  усто Саидбек. 
   Ин ҳунарманди  асил  айни ҳол дар баробари табақ, инчунин тамоми намуди зарфҳоеро, ки аз чӯб  тайёр мешаванд, омода мекунад. Ба маҳсули  дасти  ӯ  натанҳо  сокинони Тоҷикистон мароқ  зоҳир менамоянд, балки  меҳмонону сайёҳони  хориҷӣ низ бо завқ аз онҳо харидорӣ  мекунанд.
   Дар замони фаъолияти кории худ усто Саидбек, шогирдони зиёдеро дар ин ҷода тарбия кардааст, ки  ҳоло иддае аз онҳо коргоҳи  худро доранду бархеи дигар ҳамроҳаш  заҳмат мекашанд.  
Саидбек Машрабов мегӯяд, ки ин касби авлодиашро аз сидқ дӯст медорад  ва бо он ифтихор дорад. 
Амонҷон Маҳкамов


Добавить комментарий