Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
“ХАТЛОН” 90-СОЛА ШУД
Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар, рӯзи 2 декабри соли ҷорӣ 90-солагии рӯзномаи вилоятии “Хатлон” таҷлил карда шуд.
Дар ин чорабинӣ раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, раиси шаҳри Бохтар Сиҷоуддин Саломзода, намояндаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Беҳрӯзи Забеҳулло, кормандону собиқадорони рӯзнома ва дигар намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.
Нахуст раиси вилояти Хатлон аз осорхонаи таъсиснамудаи рӯзнома, ки дар он аз давраҳои гуногуни фаъолияти ин рӯзномаи мардумӣ ҷолибтарин хотираҳо гирд оварда шудаанд, дидан карда, бо шароити кору фаъолияти рӯзноманигорон шинос шуд.

Сипас дар толори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят конференсияи илмӣ – амалӣ таҳти унвони “Нақши рӯзномаи “Хатлон” дар тадбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи иттилоот” баргузор гардид. Раиси вилоят зимни баромади хеш қайд кард, ки “Хатлон”-нашрияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, аз аввалин васоити ахбори чопии ин минтақаи калонтарини кишвар буда, дар саҳифаҳои худ таърихи рангини ҳаёти Хатлонзамин, меҳнати шоистаи мардуми онро бозтоб намудааст. Дар зарфи 90-соли мавҷудият ин нашрия, ки вобаста ба талаботи давру замон номҳои “Сохтмони зарбдори Вахш”, “Ҳақиқати Кӯлоб”, “Пахтакори сурх”, “Ҳақиқати Қӯрғонтеппа” , “Роҳи Ленинӣ”, “Навиди Вахш”, “Ҳақиқати Хатлон”-ро ба худ гирифта буд, ҷиҳати инъикоси пешрафту тараққиёти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, баёни мақсаду мароми давлату Ҳукумат, раванди ободонию созандагӣ, таҳкими дӯстию бародарии халқу миллатҳо, баланд бардоштани маърифати сиёсиву фарҳангии мардум нақши созгоре бозидааст. Тайи солҳои арзи ҳастӣ доштанаш ин рӯзномаи бонуфузро эҷодкорони шинохтаву соҳибкасб, малакаи хуби роҳбаридошта Насрулло Абдуллоев, Мирсаид Миршакар, Сафо Ашуров, Машариф Орзуев, Қувваталӣ Холов, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, Ҳақназар Ғоиб, Муқим Абдураҳмонов, Шералӣ Яҳёев, Абдувалӣ Абдувоҳидов, Нуриниссо Муртазоева, Асалмо Сафарзода сарварӣ намуда, имрӯз онро дастпарвари ҳамин нашрия, ҷавони дорои мактаби хоси роҳбарӣ ва таҷрибаи ба талаботи замони муосир тавъамдошта Носирҷон Маъмурзода бо диди наву маҳорати хуби идоракунӣ пеш мебарад.

Намояндаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Беҳрӯзи Забеҳулло табрикоти Вазири фарҳанги мамлакатро ироа намуда, аҳли коллективро бо ин ҷашни фархунда таҳният гуфт.
Ҳамчунин собиқ сармуҳаррирони рӯзнома Шералӣ Яҳёзода ва Нуриниссо Муртазоева аз кору фаъолияти хеш дар ин рӯзномаи мардумӣ қиссаҳои ҷолибро ба ёд оварданд.

Дар фарҷом ба як қатор кормандони рӯзнома аз ҷониби раиси вилоят сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:14Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:11ВАТАН ДАР ҶОН 13:07РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД! 13:03
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - ПЕШВОИ ҶОИЗАЗЕБИ ҶАҲОН



