Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ДАР ЧОР СОЛ 500 ИНШООТ БУНЁД ШУД
Дар доираи ҷашни пурифтихори 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, давоми чор соли охир, дар вилояти Хатлон 500 иншооти варзишӣ бунёд гардид.
Тавре аз Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон ба “Сафо” иттилоъ доданд, соли 2018 дар ҳудуди вилоят 51 майдончаю 7 толори варзишӣ ва як маҷмааи замонавии варзишӣ сохта ба истифода дода шуд. Соли 2019-ум як варзишгоҳ, 96 майдончаю 7 толори варзишӣ ва 2 ҳавзи шиноварӣ бунёд карда шудааст. Соли 2020-ум дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 41 майдончаи варзишӣ, 6 толори варзишӣ, як ҳавзи шиноварӣ ва як маҷмааи варзишӣ сохта шуд. Давоми 9 моҳи сипаригардида соли ҷорӣ бошад, аллакай 57 иншооти варзишӣ сохта ба истифода дода шуда, дар 58 майдончаю 18 толори варзишӣ, 2 ҳавзи шиноварӣ ва 3 варзишгоҳ сохтмон муташаккилона идома дорад.
Баъди ба истифода додани ин иншоот даҳҳо сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гашта, дар ин баробар варзишгарони вилоят ҳамарӯза дар онҳо ба машқу тамрин машғул мешаванд.
Феълан дар вилояти Хатлон 37 варзишгоҳ, 561 толори варзишӣ, 3 ҳазору 135 майдончаи варзишӣ, 9 маҷмааи варзишӣ, 226 иншооти махсус, аз қабили фитнес, толори саққобозӣ, тир ва 35 ҳавзи шиноварӣ фаъолият дорад, ки ҷавонону варзишгарони хатлонӣ аз онҳо истифода мебаранд.
Сулаймон СУЛТОН
Добавить комментарий
Ахбор
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД 14:30ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД 14:28Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст 13:58ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - ПЕШВОИ ҶОИЗАЗЕБИ ҶАҲОН 13:03ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ 12:57Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид 15:36СУРУДИ МИЛЛӢ КАЙ САДО ДОД? 15:52МАН ОРИЁИЯМ, АЗ НАСЛИ ОФТОБ 15:48
Серхонандаҳо
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
БОХТАР – ШАҲРИ РУШДУ БУНЁДКОРӢ
СУРУДИ МИЛЛӢ КАЙ САДО ДОД?
МАН ОРИЁИЯМ, АЗ НАСЛИ ОФТОБ
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - ПЕШВОИ ҶОИЗАЗЕБИ ҶАҲОН



