Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Ношукрии Ватан кардан гуноҳест азим
Он ки дар асл бадниҳод бувад,
Асли ӯ мояи фасод бувад.
Террорист ватан миллат ва дину мазҳаб надорад. Терроризм чун вабои аср буда, таҳдид ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра мебошад. Ифротгароӣ имрӯз ба мушкилоти ҷаҳонӣ табдил ёфта, аксари мамолики оламро ба ташвиш овардааст.
Раванди бартариҷӯӣ мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳилаи нави «ҷанги сард» боиси нигаронӣ шудааст. Боиси таассуф аст, ки вақтҳои охир аксаран ҷавонон аз паст будани савияи дониши сиёсӣ ва ҳуқуқӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ шомил шуда, бо ин кирдорашон нуфуз ва қадри исломро паст мезананд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанд, ки исломро ба терроризм омезиш додан иштибоҳ аст. Тамоми рафтору кирдорҳои ғайриинсонии террористон хилофи таълимоти дини мубини ислом мебошад.
Пайғамбари ислом (с.а.в) дар як ҳадисашон овардаанд: «Дар дунё ду неъмати гаронбаҳо ҳаст, шумо ин ду неъматро бо сарвату мол ёфта наметавонед ва аксари мардум дар аксари ҳолат аз ин ду неъмат маҳруманд».
Саҳобаҳо пурсиданд: «Ин ду неъмат кадомҳоянд?» Паёмбарамон (с) гуфтанд: «Сиҳатмандӣ ва осудагӣ». Пас, саодати умр дар ин ду чиз аст. Ва ҳар як бандаи мусалмон соҳиби сиҳатмандиву осудагӣ бигардад ва ба он бикӯшад, ки амну суботи Тоҷикистони азизамон аз дасти хоинону носипосон осеб набинанд.
Ҳамеша даст ба дуо мебарем, ки Ватанамон биҳиштосо боқӣ бимонаду АМН пойдор бошад ва ба пойи Пешвои миллатамон ҳаргиз хоре нахалад.
Абдулҳай Наимов, хатиби шаҳри Норак
Добавить комментарий
Ахбор
Гулҳои Гулсара 12:47ПАНДИ МОДАР 12:43Гавҳари зиндагӣ 12:39Як хиёбон дард 12:34ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
МАРДИ МЕҲНАТ
МАВЛОНО ВА ВАҲДАТИ БАШАРӢ
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!



