Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ГУЛҲОИ ХОНАГӢ
Сабр
Гулҳои хонагӣ натанҳо кошонаро оро медиҳанд, балки ҳавои хонаро аз микроорганизмҳои зараровар тоза мекунанд.
Гули сабр (алоэ) хосияти шифоӣ дошта, дар тиб фаровон истифода мешавад. Ин растанӣ ҳавои хонаро тоза карда, то 90 дарсад формалдегидҳо (моддаҳои зарарнок)-и дохили хонаро фуру мебарад.
Баргҳои алоэ аз худ микдори зиёди фитонситҳо хориҷ мекунанд, ки ба организм таъсири мусбат мерасонанд. Инчунин сабр чандон ба нигоҳубини зиёд эҳтиёҷ надорад,
Хлорофитум

Ин растанӣ хосияти хуберо дорост- дар ҷойҳое, ки ҳавояшон ифлос аст, хубтар месабзад. Хлорофитум газҳои хархеларо ба зудӣ ҳазм мекунад, бинобар ин хосияташ, ин гул бояд дар хонаи ҳар нафар бошад. Ҳамчунин, хлорофитумро дар ошхона мегузоранд, зеро ин растанӣ аз муҳит моддаҳои зарарнок ва газҳои хархеларо ба зудӣ фурў мебарад.
Фикус хушбахтӣ меорад
Агар шумо ҷевони нав аз ДСП харидед, дар назди он бояд фикусро гузоред. Фикус моддаҳоеро, ки дар таркиби ранг, лак ва дигар намудҳои моддаҳои синтетикӣ мавҷуд аст, фишурда мегирад. Баргҳои ин растанӣ дар худ чангҳои дар ҳаво бударо ҷамъ мекунанд, ки онро метавон бо латаи тар тоза кард. Фикуси калон (бисёрсола) аз худ оксигени бисёр хориҷ мекунад. Ҳамчунин ақидае ҳаст, ин растанӣ ба хонадон хушбахтӣ меорад.
Геран- анҷибар

Бинобар дар таркиби анҷибар зиёд будани равғанҳои эфирӣ ин растанӣ барои аз бактерияҳои касалиовар халос шудан кумак мекунад, бўйи бадро бартараф менамояд ва бо накҳати атромезаш дар хона бўйи гуворо паҳн мегардад.
Инчунин анҷибар ба системаи асаб таъсири мусбат расонда, хобро муътадил мегардонад. Аммо, шахсоне, ки ҳассосият (аллергия) доранд, бояд эҳтиёт намоянд.
Добавить комментарий
Ахбор
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:14Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:11ВАТАН ДАР ҶОН 13:07РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД! 13:03
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - ПЕШВОИ ҶОИЗАЗЕБИ ҶАҲОН



