Мубориза бо COVID-19 – пешгирӣ аз хуруҷи он

Мусоҳибаи вижа  бо Ҳокимшоҳ Зубайдов, сироятшиноси шуъбаи сироятшиносии Беморхонаи вилоятии ба номи Бурӣ Воҳидови вилояти Хатлон
- Вазъи бемориҳои сироятиро чӣ гуна арзёбӣ менамоед?
- Айни замон  вазъи бемориҳои сироятӣ дар вилояти Хатлон муътадил арзёбӣ мегардад. Дар қиёс ба соли гузашта, ки  хуруҷи бемории сироятии COVID-19 саросари олам, аз ҷумла, кишвари моро ҳам фаро гирифта буд, инак чандин моҳ мешавад, ки дар шуъбаи бемориҳои сироятии Беморхонаи вилоятии ба номи Бурӣ Воҳидов ин беморӣ ба қайд гирифта нашудааст. Аммо, дар ин шабу рӯз бемориҳои мавсимии зуком, илтиҳоби найчаҳои шуш, касалиҳои шамолхўрии роҳҳои нафас ва аз ҳисоби кӯдакон бошад каму беш бемории зардпарвин ба қайд гирифта шудааст, ки омори он нигаронкунанда нест. 
- Дар ин шабу рӯз  сокинон аз бемории шабеҳи зуком миёни кӯдакон, гулударди шадид ва таби баланд шикоят мекунанд.
- Бемориҳое, ки имрӯзҳо миёни кӯдакон мушоҳида мешавад, бемориҳои маъмулии мавсимӣ мебошад, ки  дар ин ҳолат кӯдакон муддати як-ду рӯз таби баланд пайдо мекунанд. Аммо, ин гуна бемориҳои мавсимӣ ягон оризаҳои хатарнок надоранд ва ин гуна бемориҳоро бо тавсияи табибони кӯдакона дар шароити хона ҳам метавон ба табобат фаро гирифт. Вале, дар ин маврид ҳам зодмандон набояд беаҳамиятӣ зоҳир намоянд, зеро дар ҳолати таби баланд кӯдаконе, ки иммунитети заиф доранд, ё оризаҳои илтиҳоби шуш ва аз дигар бемориҳо ранҷ мекашанд,  таби баландро вазнин мегузаронанд. 
- Дар ҳоле, ки бинобар хуруҷи бесобиқаи бемории COVID-19  дар Федератсияи Россия маҳдудиятҳои ҷиддӣ ҷорӣ гардидааст, чӣ бояд кард, то худ ва атрофиёнамонро аз хатари мавҷи навбатии ин бемории сироятӣ пешгирӣ намоем? 
-  Тибқи мушоҳидаҳо ду сол охир дар кишвари мо бо фарорасии фасли гармӣ шиддати ин беморӣ паст шуда буд, бинобар ин дар пеш, ки фасли зимистон аст, моро мебояд аз чораҳои эҳтиётӣ кор гирифта, дар ҷойҳои серодам камтар равуо намоем. Истифодаи маводи антисептикӣ ва ниқобро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҷиддӣ риоя намоем. Чунки ба хотири беҳбудии шароитҳои иқтисодӣ равуои шаҳрвандони мо ба хориҷи кишвар ва аз дигар давлатҳо, хоса аз Федератсияи Россия ба мамлакати мо идома дорад.
- Оё дар баробари риояи қоидаҳои санитарӣ мустаҳкам намудани иммунитет ва ё солимгардонии бадан ҳам дар пешгирӣ аз гирифторӣ ба бемориҳои сироятӣ нақше бозида метавонад?
- Албатта, барои пешгирӣ аз ҳама гуна бемориҳои сироятӣ тавонмандии бадан ва иммунитети бақувват нақши асосӣ мебозад. Бояд меваю сабзавоти маҳаллӣ ва дигар маҳсулоти серғизоро бештар истеъмол намоем, то бадани мо ба ҳароратҳои мавсимӣ мутобиқ шуда, дар баробари вирусҳои сироятӣ омодаи муқовимат бошад. Чунки агар иммунитети бадан баланд бошад, инсон ҳама гуна бемориҳои  сироятиро сабук  мегузаронад.
- Ҳамакнун баъди паси сар намудани чанд мавҷи хуруҷи бемории сироятии COVID-19, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, шумо мутахассисони соҳаи сироятшиносӣ оид ба хусусиятҳои ин бемори чӣ андеша доред?
- Бемории сироятии COVID-19-ро   низ дар қатори бемориҳои шадиди роҳи нафас, касалии зуком ва зукоммонанди одӣ меҳисобем. Яъне, ки одатан дар ҳолати гирифторӣ ба ин бемориҳо ҳам дар баъзе касалиҳо оризаҳои илтиҳоби шуш, илтиҳоби найчаҳои шуш ва ё илтиҳоби мушакҳои дил мушоҳида мешавад. Аз рӯи таҷрибаи соли сипаригашта  дар гирифторони бемории COVID-19 низ ҳамин гуна нишонаҳо мушоҳида мешуданд. Танҳо як фарқияти ин беморӣ аз касалиҳои мавсимӣ дар он аст, ки аз шумораи фавтидагон аз бемории сироятии  СOVID -19 бештарашон  нафарони масунияти баданашон кам, яъне беморони дил ва касалиҳои қанд  мебошанд. Бо ин ва дигар аломатҳои мушоҳиданамудаамон мо, мутахассисони сироятшинос бемории  COVID-19 ро монанди касалиҳои шадиди роҳҳои нафас, бемориҳои зуком ва ба зуком  монанд шинохтаем.
- То ҷойе огаҳӣ дорем Шумо дар мавзўи бемориҳои сироятӣ рисолаи номзадӣ ҳимоя карда истодаед.
- Оре, рисолаи илмии банда  ба мавзӯи “Ташхис, табобат ва аломатҳои бемории бруселёз  дар шароити иқлими вилояти Хатлон” бахшида шуда, дар марҳилаи ниҳоӣ қарор дорад. Мавриди зикр аст, ки вилояти Хатлон минтақаи аграрӣ ба ҳисоб рафта, дар он ноҳияҳое, ки соҳаи чорвопарварӣ рушду ривоҷ ёфтааст, бемории бруселёз мушоҳида мешавад. Айни замон аз лиҳози ҷуғрофӣ бемориҳои бруселёз, домана ва дигар бемориҳои ба домана монанд  дар ноҳияҳо Данғара, Балҷувон ва Панҷ мушоҳида мешавад. Ҳамчунин, дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон имрӯзҳо бемориҳои шадиди роҳи нафас, зуком ва шамолхӯрӣ дида мешавад, аммо ин бемориҳо ягон оризаҳои ҷиддӣ надошта, мардум онро сабук гузаронида истодаанд. 
- Ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи хизматарсонии тиббӣ ва омодагиҳо барои пешгирӣ аз паҳншавии ҳар гуна бемориҳои мавсимӣ дар шуъбаи бемориҳои сироятии Беморхонаи вилоятии ба номи Бӯрӣ Воҳидов чӣ шароитҳо фароҳам карда шудааст?
- Мавриди зикр аст, ки танҳо дар соли ҷорӣ бинои шуъбаи бемориҳои сироятӣ иборат аз ду ошёна аз таъмири асосӣ бароварда шуд. Ташхисгоҳ, ҳуҷраҳои қабул ва бистарикунонии беморон бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, дар ҳуҷраҳои табобатӣ 80 кат барои беморон фароҳам оварда шудааст. Умуман, шуъбаи бемориҳои сироятӣ бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва сарпарастии Беморхонаи мазкур аз лиҳози шароитҳои табобативу дармонгоҳӣ ва ҳам сатҳи омодагии касбии мутахассисони сироятшинос дар ҳолати омодагӣ қарор дорад.
Мусоҳиб Юсуфи Собир


Добавить комментарий