Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
25 июн 00:02Ҷамъият
Тавъам ба ҷашни модарон аст Наврӯз
Боз баҳор мерасад, фасли эҳё, шукуфтанҳову шодию тараб. Баҳори дилангез бо гармию рангомезиҳо ҳама сардию торикиро аз байн бурда, ба сони гулафшонии табиати афсункор ба дилҳо умеди тоза меорад. Хоса, ин баҳорон, ки дар кишвар корҳои бузурги созандагӣ ҷараён дорад, мардум ба истиқболи ҷашнҳои бузурги дарпешистода омодагӣ дида, кӯчаву гулгаштҳою мавзеъҳои истироҳату фароғати худро сарсабзу зебо намуда истодаанд. Бешак, имрӯзҳо манзараҳои дилрабои кишварамон боз ҳам зебову назаррабо ҷилванамоӣ мекунанд. Фарорасии баҳори нозанин худ пайки шодию нишот, оғози кишту кору дигар ташаббусҳои наҷибест, ки ба моҳи аввали фасли баҳор -фасли шукуфтанҳо рост меояд. Дар оғози моҳи март мо Рӯзи модаронро ҷашн мегирем. Модар, ин вожаи муқаддас, баёнгари сарчашмаи ҳаёти инсон дар рӯи замин маҳсуб ёфта, ҳар фарди худогоҳро ба арҷгузорӣ ва ба ҷо овардани иззату икроми ин фариштаи заминӣ водор менамояд. Рамзист, ки Рӯзи модаронро дар оғози мавсими эҳёи дубораи табиат - фарорасии фасли баҳор ҷашн гирифта, ҳар бор ба бузургию хизматҳои беҳамтои онҳо ва рисолати бар дӯшдоштаи модарон арҷгузорӣ намуда, меҳру муҳаббат ва самимияти худро нисбати ин сарчашмаи хушкнашавандаи ҳаёти инсонӣ изҳор менамоем.
Ба фасли эҳёи табиат рост омадани Соли нави миллӣ- Наврӯзи дилафрӯз фоли наку арзёбӣ мегардад. Сабзиши гулу гиёҳу ҳама мавҷудоти табиат, рангину мунаққаш гардидани муҳити зист ба рӯҳу равони кас ҷони тоза мебахшад. Аз ин ҷост, ки мардум аз баҳори тозарӯ, зебогиҳои нотакрори он илҳом гирифта, ба ободу зебо гардонидани хонаву кӯчаву мавзеъҳои дидании диёри худ камари ҳиммат баста, дар ҷараёни иқдомҳои созандагию бунёдкорӣ дар кишвар саҳми худро мегузоранд.
Мардуми заҳматқарини Тоҷикистон баҳори имсоларо бо ҷаҳду талошҳо, заҳмату меҳнати созанда ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пазироӣ мекунанд. Бо роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари мо ташаббусҳои созандагӣ рӯи кор омада, мардуми меҳанпарасту дар андешаи рушду ободии диёри хеш идеяи ватансозиро дар зиндагӣ мароми худ қарор додаанд. Аз ҷумла, дар ин шабу рӯз дар вилояти Хатлон низ бо талошҳои бевоситаи раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода корҳои ободонию бунёдкорӣ ҷараён доранд. Бунёди мактабу кӯдакистон, бунгоҳу ҳаммом, сеху коргоҳҳои дӯзандагӣ дар тамоми шаҳру навоҳии вилоят ба чашм расида, сабзу хуррамгардонии кӯчаву хиёбонҳо, ободонии боғҳои фарҳангӣ, майдончаҳои варзишӣ ва даҳҳо номгӯй иншоотҳои дигар бо ҷӯшу хурӯш идома доранд.
Барои вусъати тоза бахшидан ба иқдомҳои ояндасоз дар қаламрави вилояти Хатлон ҳар сари вақт раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода бо вазъи фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳру навоҳии вилоят шинос гардида, бо собиқадорону соҳибкорон ва фаъолон мулоқоту вохӯриҳо доир менамояд. Дар ҷараёни ин вохӯриҳо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат ва натиҷаҳои ҷамъбасти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят мавриди баррасӣ қарор мегиранд. То имрӯз чунин суҳбату вохӯриҳо дар шаҳру навоҳии Кӯлоб, Бохтар, Шаҳритус, Ёвон ва Дӯстӣ баргузор гардидаанд. Аз суҳбат бо масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва фаъолону намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа бармеояд, ки маҳз баъди дидору вохӯриҳо бо раиси вилояти Хатлон ҷараёни корҳои ободонӣ дар маҳалҳо суръати тоза пайдо мекунад. Инчунин дидору вохӯриҳои аҳли ҷамоатчигӣ бо роҳбарияти мақомоти баландпоя мояи дигаргуниҳои азим дар қаламрави вилояти Хатлон гардида истодааст.
Итминони комил дорем, ки бо ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат ва машварату роҳнамоии раиси вилоят, раисони шаҳру навоҳӣ ва масъулони шаҳраку деҳоти вилоят мо, мардуми шарафманди Хатлонзамин диёри нозанини худро ба истиқболи ҷашнҳои бузурги дарпешистода ободу сарсабзу зебо намуда, Наврӯзи ҷаҳониро бо шукуҳу шаҳомати хоса пешвоз мегирем.
Фасли баҳору Рӯзи модарон ва Иди Наврӯзи хуҷастапайк ҳумоюн бод, ҳамватанони азиз!
Латофат ЧОРИЕВА
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РАИСИ ШӮРОИ ДИРЕКТОРОНИ ШИРКАТИ SHAANXI APPLE GROUP CO., LTD. МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА БОҒДОРИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт
БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД
ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР
ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД?
ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2026 ҶАМЪБАСТ ГАРДИДАНД
ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ
АЗ ҚАЪРИ ГИЛИ СИЯҲ ТО АВҶИ ЗУҲАЛ


