Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
3226 медал дар як сол
Соли 2022, варзишгарони вилояти Хатлон аз тамоми мусобиқаҳо 3226 медал ба даст оварданд, ки ин нишондод дар қиёс ба соли 2021-ум 438 адад зиёд мебошад. Тавре зимни суҳбат сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон Қурбоналӣ Қурбонзода иброз кард, дар маҷмўъ варзишгарони вилоят соли гузашта соҳиби 1101 медали тилло, 959 медали нуқра ва 1166 медали биринҷӣ гардиданд.
Номбурда афзуд, ки соли сипаригардида варзишгарони вилоят дар 29 мусобиқаҳои байналмилалӣ ширкат варзида, 53 медали тилло, 41 медали нуқра ва 70 медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Инчунин онҳо соли гузашта дар 132 чемпионат ва мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ иштирок карда, сазовори 1048 медали тилло, 918 медали нуқра ва 1096 медали биринҷӣ гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки дар вилоят Муассисаи давлатии “Мактаби маҳорати олии варзишӣ”, “Мактаби махсуси варзишии вилоят ба номи С. Раҳимов”, чор мактабҳои варзишии вилояти Хатлон ва 28 мактабҳои варзишӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят фаъолият менамоянд, ки дар муассисаҳои мазкур аз рўи 34 намуди варзиш 17002 нафар варзишгарон аз он ҷумла, 2594 нафар бонувон дар 1322 гурўҳи машқӣ ҳамарўза ба машғулиятҳои варзишӣ машғуланд.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР


