Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Қаҳрамони ҶАҲОН
Сунатулло Наврӯзов, яке аз наврасони хуштолеи шаҳри Бохтар аст,ки аллакай дар синни 14 солагӣ унвони Қаҳрамонии ҷаҳонро ба даст овардааст.Ӯ дастпарвари Муассисаи давлатии мактаби маҳорати олии варзишии вилояти Хатлон буда, аз хурдӣ меҳри муҳорибаи омехта дар дилаш маъво гирифта буд. Чун аз хурдӣ дилбохтаи ин намуди варзиш гардида буд, дар натиҷаи машқу тамринҳои пайваста, меҳнатҳояш самар оварданд. Сунатулло дар мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи намуди ММА, муҳорибаи омехта, ки моҳи августи соли ҷорӣ, байни 42 давлати дунё дар шаҳри Абу–Дабии Аморати Муттаҳидаи Араб баргузор гардид, сазовори медали тилло гардида, Парчами Тоҷикистонро дар сатҳи байналмилалӣ боло бардошт. Ман аз хурдсолӣ ба ин намуди варзиш дил баста будам, - мегӯяд ӯ, - ва пайваста бо шавқ машқу тамрин мекардам. Баъди ду – се соли пайваста машқ кардан, пеши худ мақсад гузоштам, ки бояд Ватани азизи хешро дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ намоям. Дар ин ҷода ба ман сараввал меҳнатҳои падари меҳрубонам ва сипас устоди сахтгиру чашмикордонам Азизҷон Ҳомидов кумак карданд. Падарам доимо маро дастгирӣ мекард, ки асло рӯҳафтода нашавам. Таваҷҷуҳу заҳматҳои шабонарӯзии онҳо буд, ки ман бо шавқ машқу тамрин карда, ба мақсади ниҳоии хеш расидам, - изҳор кард Сунатулло.Дар мусобиқаи байналмилалие, ки ман иштирок кардам, аз 42 давлати дунё варзишгарон ба ҳам омада буданд. Рақиби аввали ман аз давлати Арманистон буд. Рақиби дуюмам аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва сеюмӣ аз Америка буд. Рақиби чоруми ман дар финал аз давлати Украина буд, ки ман бар ҳар чори онҳо ғолиб омада, савозори ҷойи аввал ва соҳиби медали тилло гардидам гуфт дар идомаи суҳбат Сунатулло. Азизулло Ҳомидов, устоди Сунатулло зимни суҳбат иброз дошт, ки ҳафт соли меҳнати якҷояи онҳо бесамар набудааст.-Машқу тамринҳои пайвастаи мо буд, ки имрӯз шогирдам парчамбардори миллати куҳанбунёди тоҷик гаштааст. Ман дилбастагии Сунатуллоро ба ин намуди варзиш аз нахустин рӯзи ба машқ оѓоз карданаш пайхас намудам. Ӯ бе ягон дудилагию хастагӣ ҳамаи тамринҳоро иҷро мекард. Асло рӯҳафтода намешуд. Натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзиаш буд, ки ӯ марҳила ба марҳила дар мусобиқаҳои гуногуни сатҳи вилоятӣ аз худ маҳорати баланд нишон дода, ба мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифт. Иродаи қавӣ, ки дошт дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ низ хуб сабқат намуда, роҳхати мусобиқаи байналмилалиро ба даст овард. Ман ифтихор дорам, ки шогирдам дар сатҳи байналмилалӣ парчамбардори давлати гулгулшукуфони Тоҷикистони азиз гаштааст. Ин ҳама дастовардҳои мо варзишгарон, дар натиҷаи ѓамхориҳои беназири Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи варзиш аст, ки имрӯзҳо мо дар як фазои сулҳу оромӣ ва дӯстиву рафоқат кору фаъолият намуда, ба дастовардҳои назаррас ноил шуда истодаем, - бо хушнудӣ изҳор дошт Азизҷон Ҳомидов.Директори Литсейи тамоюли технологии шаҳри Бохтар Комил Муродов, ки Сунатулло дар ин даргоҳи илму маърифат дар синфи 7-ум таҳсил мекунад, мегӯяд, Сунатулло ба ѓайр аз машқу тамринаш, инчунин дар литсей бо баҳои хубу аъло таҳсил мекунад. Омӯзгоронро ҳурмату эҳтиром менамояд ва бо ҳамсинфонаш муносибати хуб дорад.Қобилияти баланди дарсазхудкунӣ низ дорад. Умед дорем, ки дар оянда шогирди азизи мо дар дигар мусобиқаҳои байналмилалӣ ширкат варзида, шаъну шарафи Тоҷикистони соҳибистиқлоли моро дар байни дигар кишварҳо баланд мебардорад, бо ифтихор гуфт Комил Муродов.Сунатулло Наврӯзов дар фарҷоми суҳбат иброз дошт, ки наврасону ҷавонон бояд ба беҳудагардию корҳои нолозим даст назананд.Дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат туфайли дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон толорҳои барҳавою майдончаҳои замонавии варзишӣ ба истифода дода шудаанд, ки дар онҳо барои машқу тамрин тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст.Танҳо кӯшишу ғайрат лозим аст, инсонро ба қуллаи мақсуд расонад.
Ҳамсолони ман аз ин ҳама шароити мусоиде, ки Давлату Ҳукумат барои мо наврасону ҷавонон муҳайё кардааст, бояд самаранок истифода баранд. Дар дунё ягон кор нест, ки аз иҷрои он баромада нашавад. Танҳо майлу хоҳиш ва иродаи қавӣ лозим аст.Беҳуда бузургворе нагуфтааст:
Ба ҳар коре, ки ҳиммат баста гардад,
Агар хоре бувад, гулдаста гардад.
Ба ин навраси хуштолеъ, ки муаррифгари миллату давлати тоҷикон дар арсаи ҷаҳон гаштааст, дар корномаҳои варзишии ояндааш барору комёбӣ таманно дорем.
ЗИҲӢ, ҚАҲРАМОНИ
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР


