ФАРБЕҲӢ - ЗАРАР БА САЛОМАТӢ

   Чандест, ки масъалаи афзоиши фарбеҳӣ на танҳо миёни аҳолӣ, балки мутахассисони соҳаи тибро нигарон намудааст. Вазни зиёдатӣ аввалан нишонаи танбалӣ буда, на ҳамаи мо имрӯз ба саломатӣ диққати ҷиддӣ медиҳем. Бахсусус волидайн масъуланд ба фарзандон ва дигар узви оила тарзи дурусти ҳаёти солимро омӯзанд ва шароити мусоидро фароҳам оранд. Зеро дар баробари кору таҳсил, сайру сайёҳат ва шахсоне, ки бештари рӯзи худро дар хона мегузаронанд, бояд ба варзиш майл намуда, рӯзе лоақал 1-2 соати худро дар толорҳои варзиш гузаронанд. Ё ин ки меъёри қадамзанӣ, ки дар як рӯз 4400 қадамро ташкил медиҳад, мебояд ба роҳ монд. Ҳамарӯза фаъолияти ҷисмонӣ, машқу тамрин, истеъмоли дурусти ғизо барои саломатии инсон муфид буда, он ба тарзи ҳаёти солим оварда мерасонад. Аз рӯи мушоҳидаҳо аён мегардад, ки имрӯз вазъи фарбеҳӣ миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа афзоиш ёфта, он аз доштани ҳаёти ғайрифаъоли мо шаҳодат медиҳад. Бархе аз занону бонувони мо барои раҳоӣ ёфтан аз вазни зиёдатӣ ва доштани қомати мавзун ба парҳез машғуланд, ки на ҳамаи он натиҷаи хуб ба бор меорад.

Майсара МАҲМУДОВА, духтур эндокринологи Маркази саломатии калонсолони шаҳри Бохтар


Фарбеҳӣ беморист 


- Фарбеҳшавӣ - бемориест, ки ҳамчун инкишофи номуътадили бофтаҳои равғандори ҷисм ташхис шудааст. Бештар фарбеҳшавӣ миёни аксаран занон пас аз 40 солагӣ пайдо мешавад.

Омили асосӣ, ки ба инкишофи фарбеҳӣ оварда мерасонад, вайроншавии мувозинати энергетикӣ мебошад, ки вобаста аст аз номураттабии байни дохилшавии энергетика ба организм ва харҷи онҳо мебошад. Аз ҳама зиёдтар фарбеҳшавӣ дар натиҷаи пурхӯрӣ ба вуҷуд меояд, вале метавонад дар натиҷаи вайроншавии назорат аз болои  харҷшавии энергия низ ба вуҷуд ояд. Бешак, нақши тамоюли ирсӣ - кониститсионалӣ, пастшавии фаъолияти ҷисмонӣ, синнусоли, ҷинсӣ, омилҳои профессионалӣ, баъзе ҳолатҳои физиологӣ: ҳомиладорӣ, лактатсия (макондани кӯдак) климакс низ калон аст.

Фарбеҳшавии алементарӣ (натиҷаи пурхӯрӣ) хусусияти оилавӣ дошта, ҳамчун қоида ҳангоми пурхӯрӣ, мавҷуд набудани кори ҷисмонӣ, аксаран дар аъзоёни як оила ва ё хешовандони наздик дида мешавад.

Фарбеҳшавии ҳормоналӣ бошад, дар натиҷаи вайрон гардидани системаи гинофизари, ғадуди болои гурдаҳо, ҳормонҳои тиреонди (ҷоғар) ба амал меояд.

Нишонаҳои умумии фарбеҳшавӣ вазни аз ҳад зиёди  бадан мебошад. Чор дараҷаи фарбеҳшавӣ ва ду давраи  беморӣ - шиддатёбанда ва босуботро аз ҳам ҷудо менамояд. 

Беморони дараҷаи I-II фарбеҳшавӣ ҳамчун одат ягон шикоят надоранд. Ҳангоми фарбеҳшавии аз ҳад зиёд сустӣ, хоболудӣ, паст гардидани рӯҳия, баъзан асабӣ шудан, талхии даҳон, нафастангӣ, варами чанбари поён, дарди буғумҳо, сутунмуҳра мушоҳида карда мешавад.

Ҳангоми фарбеҳшавии ҳормоналӣ баландшавии иштиҳо, ҳисси гуруснагӣ, ташнагӣ шахсро азият медиҳад. Дар занон вайроншавии ҳайзбинӣ, безуриётӣ ва ғайраҳо ба миён меояд. Оризаҳои фарбеҳӣ бошад, ин фишорбаландӣ ва диабети қанд намуди II, аъзоҳои системаи такяву ҳаракат мебошад.

Ба ақидаи мутахассисони соҳаи тиб ин беморӣ бештар дар синну соли пас аз 40 сола бештар ба назар мерасад. Вале имрӯз тавре ба чашм мерасад, миёни кӯдакону наврасони синни мактабӣ низ ин беморӣ рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Суоле ба миён меояд чаро кӯдакону наврасон, ки нисбати қишри калонсоли ҷомеа бештар серҳаракатанду ба варзиш машғуланд, аммо вазни зиёдатӣ доранд? Ба ин суол муроҷиат кардем ба духтури эндокринологи кӯдаконаи КАТС-и шаҳри Бохтар.


Мадина Маҳмадиева - духтур эндокринологи кӯдаконаи КАТС-и шаҳри Бохтар


Кӯдаконро назорат мебояд 


- Мувофиқи маълумоти пажӯҳишгарони соҳаи тиб айни замон 17% аҳолии Тоҷикистон аз меъёри муқаррарӣ вазни зиёдатӣ доранд. Дар ҷаҳон 120 миллион кӯдакону наврасони аз 5 то19 сола гирифтори бемории фарбеҳӣ мебошанд. Зиёда аз 40 миллион кӯдакони синни то 5 сола низ вазни зиёдатӣ доранд.

Сабабҳои асосии фарбеҳӣ: бемориҳои эндокринӣ, пурхӯрӣ, вайроншавии мувозинати энергетикӣ, тамоюли ирсӣ - конститсионалӣ, пастшавии фаъолияти ҷисмонӣ, синну сол, ҷинс омилҳои профессионалӣ мебошанд. Дар 80 дар сади беморони гирифтори фарбеҳӣ вайроншавии фаъолияти гардиши хун, фишорбаландӣ бемориҳои дилу раг, диабети қанд, диққи нафас, буғумдард, иллати сутунмуҳра ва ҳатто бенаслӣ мушоҳида мешавад. Имрӯзҳо байни кӯдакону наврасон истеъмоли ролтону чизбургер, хотдогу гамбургер, умуман ғизоҳои тезтайёр бисёр шудааст. Баъди истеъмоли ин гуна ғизоҳои сунъӣ дар назди компютеру гатжетҳо нишаста аз тарзи  ҳаёти солим, сайру гашт ва ғизои табии фаромӯш кардаанд. Оқибати фарбеҳӣ дар кӯдакону наврасон ин сустшавии афзоиши ҷинсию ҷисмонӣ, қадпастию сустсабзии узвҳои ҷинсӣ (гипоганадизм ва гипоплазия) мебошад. Бинобар сабаби шарм доштан аз вазн, симо, душвории ҳаракат аз ҷамъият канораҷӯӣ намуда, ҳолати рӯҳии кӯдакону наврасон хароб мегардад.

Албатта, ғизои дуруст ба инкишофи муътадили ҷисмонию фикрии кӯдакону наврасон мусоидат мекунад. Ғизои нодурусту нокифоя инчунин кӯдаконро аз рушду инкишоф бозмедорад, ғизои барзиёд ҷараёни мубодилаи моддаҳо ва ҳазми хӯрокро халалдор месозад. Аз ин рӯ, мебояд барои тарзи ҳаёти солим  ғизои солим истеъмол кард. 

Ба ҳамагон маълум аст, ки барои кӯдакон истеъмоли хӯрокҳои серравған, қаҳваю какао, чойи талх, шӯр ё тезу тунд будани ғизо, инчунин миқдори зиёди шоколад таъсири манфӣ хоҳад расонд. Аз ҷумла, нӯшокиҳои газнок, ки дар таркибашон хуштамъкунанда ва хушбӯйкунандаҳо мавҷуданд, ба организм зарари худро расонда, дар натиҷа ба фарбеҳӣ оварда мерасонад. Барои пешгирии фарбеҳӣ мебояд аз пурхӯрӣ, камҳаракатӣ, асабонӣ шудан, одатҳои номатлуб (истеъмоли машруботҳои спиртӣ, тамокукашӣ), ширинӣ, хамирӣ, маҳсулоти қаннодӣ, гӯшти серчарб, ширу маҳсулоти ширие, ки равғаннокиашон баланд аст, даст кашид. 

Истеъмоли бештари меваю сабзавоти тару тоза ва  рӯзе 4-5 маротиба истеъмоли миқдори ками ғизо ба вазнпартоӣ мусоидат хоҳад кард. Барои ояндаи неку солими хеш мебояд ҳар яки мо диққати ҷиддӣ диҳем. Меъёри дурусти истеъмоли ғизо, 1,5-2 соат пеш аз хоб хӯрок тановул кардан, машқи бадан, бештар пиёда гаштан ва серҳаракатӣ боиси солимию бедардии инсон хоҳад буд.  


Махфират ШОИМОВА
Добавить комментарий