Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Бонувони ҲУНАРМАНД
Қаҳрамони матлаби мо Хосият Сабурова аз ҳунармандони чирадасту маъруф ба ҳисоб рафта, ҳамасола дар озмунҳои шаҳрию вилоятӣ соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ мегардад. Солҳои 2021–2022 барои саҳм гузоштан дар рушди ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла, тайёр кардани хӯрокҳои миллӣ ҳамчун ошпази беҳтарин дониста шуда, дар ҷамъбасти озмуни бахшида ба ҷашни Сада сазовори ҷойи якум ва Сипосномаи раиси вилояти Хатлон гардид.
Ин ҳунарманди асил, ки ба қавле «панҷ панҷааш ҳунар аст» дар дӯхтани либосҳои чакан ва тоқии гулдӯзиву чодарҳои арӯсӣ таҷрибаи зиёд дорад. Хосият Сабурова бо дастони пурэъҷозу ҳунари волояш байни мардуми шаҳри Кӯлоб эҳтирому маҳбубият пайдо кардааст. Мактаби махсуси ҳунарҳои мардумиро таъсис дода, ба занону духтарон ҳунарҳои зеборо меомӯзад. Тавре худ иқрор меояд, касби ин ҳунари аҷдодӣ ва шуҳрату обрӯи аз паси он барояш ба осонӣ ба даст наомадааст.
Ман ин ҳама ҳунарҳоро аз модарам Шарифамоҳ, ки ҳунарманди асил ва шахсияти ниҳоят ҳалиму меҳрубон буд, омӯхтам, -мегӯяд апаи Хосият. Мардуми деҳаи Зулмободи ноҳияи имрӯзаи Шамсиддин Шоҳин холаи Шарифамоҳро зуд-зуд ба тӯю маъракаҳои худ ё барои дӯхтану тайёр намудани либосҳои миллӣ ва ё барои пухтани хӯрокҳои миллӣ даъват мекарданд. Модар маро, ки фаҳмишу зеҳни хуб доштам, ҳамроҳи худ ба маъракаҳои мардумӣ мебурд. Хосият, ки духтари чаққону қобил ва хушзеҳн буд, аллакай то давраи хатми мактаби миёна ҳамаи ҳунарҳои модарро аз бар менамояд. Бо мурури саъю талоши ҳунаромӯзӣ ӯ дар пухтану тайёр намудани хӯрокҳои миллӣ – ош, қурутоб, суманак, фатиру кулчаҳои ширмолӣ ва дӯхтани куртаи чакану тоқии гулдӯзӣ аз модараш пеш гузашт. Он солҳо дар деҳаҳо ҳунармандон камшумор буданд. Ва модару духтар тавассути дастони муъҷизаофарину ҳунарҳои волояшон оиларо аз ҷиҳати моддӣ таъмин мекарданд. Ҳамин тавр, Хосият бо кумаку дастгирӣ ва дуои модар ҳамчун ҳунарманди пуртаҷриба ном баровард. Соли 1985 оиладор шуда, дар шаҳри Кӯлоб зиндагӣ ихтиёр намуд. Хосият, ки дар баробари дониши баланд ҷаҳонбинии васеъ дошт, бо дастгирии шавҳараш ба факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дохил шуд. Донишҷӯи фаъол буду бо куртаҳои миллии атласу чакан ва рӯймол ба дарс мерафт. Пӯшидани либосҳои миллӣ, ки он замон чандон расм набуд, дар назари одамон ғайримуқаррарӣ менамуд. Устодону ҳамкурсон сабаб мепурсиданд, ӯ ҷавоб медод,ки ман ҳанӯз аз овони наврасӣ ҳамроҳи модарам либосҳои миллӣ медӯзаму ба пӯшидани онҳо одат кардам. Ин ба ман хуш меояд ва бисёр писанд аст. Ба таъкиду маҳдудиятҳои роҳбарони факултаю донишгоҳ нигоҳ накарда, доимо либосҳои миллӣ мепӯшид. Баъди хатми таҳсилоти олӣ муддате дар донишгоҳ ба ҳайси омӯзгор ва саромӯзгор кор кард. Баъдтар ба дигар вазифаҳои давлатӣ гузашта, умуман, дар куҷое, ки фаъолият карда бошад, ба дастоварду комёбиҳо ноил гардидааст. Илова ба фаъолиятҳои ҷамъиятӣ фурсат ёфта, машғули ҳунарҳои омӯхтааш шуда, то поси шаб куртаи чакану тоқии гулдӯзӣ ва дигар либосҳои миллӣ медӯхт.Боре нимашабон ҳангоми дӯхтани либосу куртаҳои гуногуни миллӣ гузаштани вақтро ҳис накард, ки чӣ тавр субҳи содиқ дамидааст. Ҳамин сон, борҳо шабро ба дӯхтани сарулибоси миллӣ саҳар карда, боз ҳам рӯзона бо неруи тозаву хушҳолӣ сӯи коргоҳаш мешитофт. Худро хушбахт меҳисобад, ки дар ҷавонӣ тамоми ҳунарҳои мардумиро аз модараш омӯхта, имрӯз онро барои фарзандону ҷавонони маҳаллаашон меомӯзад. Ӯ соҳиби 2 духтару 7 набера буда, духтараш Шаҳноза мисли модар ҳунарманди чирадасте шуда, имрӯз дар шаҳри Кӯлоб шинохтаву обрӯманд аст. Фарзанди дувумӣ Меҳринигор бошад омӯзгор асту дар вақтҳои фориғ аз кор ҳунарҳои аз модар омӯхтаашро такмил медиҳад. Ин зани хоксору меҳрубон, модари хушбахт ва ҳунарманди асил рӯзгори босаодат ва зиндагии шоистаро тавассути меҳнату ва заҳматҳои шабонарӯзӣ ба даст оварда, шиораш дар зиндагӣ шоҳбайти зерин аст.Ба зери бори миннат кай ҳунарвар мениҳад гардан, Наҷунбад Кӯҳкан, гар бар сари ӯ Бесутун афтад. Хосият Сабурова баробари ҳамаи хислатҳои наҷиби инсонӣ инчунин, дилсӯзу хайрхоҳ асту ҳар сари вақт ба ҳамсояҳо ва хешовандону сокинони ниёзманд кумакҳои худро дареғ намедорад. Ният дошт, ки ба зиёрати хонаи Худо равад, аммо дар он сол хуруҷи бемории короновирус COVID-19 сабаб шуду ҳаҷро анҷом дода натавонист. Ин буд, ки бо ҷонибдорӣ аз дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастгирии қишрҳоиниёзманди ҷомеа Хосият Сабурова маблағҳои пасандознамудаашро барои гузаронидани хатнатӯйи 7 нафар кӯдакони ятиму бепарастори маҳаллашон сарф намуд. Ӯ аз он мамнуну ифтихорманд аст, ки бо талошҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Чакан» ба феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият дар созмони ЮНЕСКО дохил карда шуд. Дар доираи омодагиҳо ба тарғибу ташвиқи сарулибоси миллӣ 10 намунаи куртаҳои чакани дӯхтаи Хосият Сабурова ба китоби «Намунаҳои либосҳои миллӣ» дохил карда шудааст, ки имрӯз бонувони минтақаҳои гуногуни кишварамон бо нусхабардорӣ аз ин тарҳҳои замонавӣ барои худ сарулибоси озода медӯзанд.
Аъзам БОБОЗОДА, шаҳри Кӯлоб
Ин ҳунарманди асил, ки ба қавле «панҷ панҷааш ҳунар аст» дар дӯхтани либосҳои чакан ва тоқии гулдӯзиву чодарҳои арӯсӣ таҷрибаи зиёд дорад. Хосият Сабурова бо дастони пурэъҷозу ҳунари волояш байни мардуми шаҳри Кӯлоб эҳтирому маҳбубият пайдо кардааст. Мактаби махсуси ҳунарҳои мардумиро таъсис дода, ба занону духтарон ҳунарҳои зеборо меомӯзад. Тавре худ иқрор меояд, касби ин ҳунари аҷдодӣ ва шуҳрату обрӯи аз паси он барояш ба осонӣ ба даст наомадааст. Ман ин ҳама ҳунарҳоро аз модарам Шарифамоҳ, ки ҳунарманди асил ва шахсияти ниҳоят ҳалиму меҳрубон буд, омӯхтам, -мегӯяд апаи Хосият. Мардуми деҳаи Зулмободи ноҳияи имрӯзаи Шамсиддин Шоҳин холаи Шарифамоҳро зуд-зуд ба тӯю маъракаҳои худ ё барои дӯхтану тайёр намудани либосҳои миллӣ ва ё барои пухтани хӯрокҳои миллӣ даъват мекарданд. Модар маро, ки фаҳмишу зеҳни хуб доштам, ҳамроҳи худ ба маъракаҳои мардумӣ мебурд. Хосият, ки духтари чаққону қобил ва хушзеҳн буд, аллакай то давраи хатми мактаби миёна ҳамаи ҳунарҳои модарро аз бар менамояд. Бо мурури саъю талоши ҳунаромӯзӣ ӯ дар пухтану тайёр намудани хӯрокҳои миллӣ – ош, қурутоб, суманак, фатиру кулчаҳои ширмолӣ ва дӯхтани куртаи чакану тоқии гулдӯзӣ аз модараш пеш гузашт. Он солҳо дар деҳаҳо ҳунармандон камшумор буданд. Ва модару духтар тавассути дастони муъҷизаофарину ҳунарҳои волояшон оиларо аз ҷиҳати моддӣ таъмин мекарданд. Ҳамин тавр, Хосият бо кумаку дастгирӣ ва дуои модар ҳамчун ҳунарманди пуртаҷриба ном баровард. Соли 1985 оиладор шуда, дар шаҳри Кӯлоб зиндагӣ ихтиёр намуд. Хосият, ки дар баробари дониши баланд ҷаҳонбинии васеъ дошт, бо дастгирии шавҳараш ба факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дохил шуд. Донишҷӯи фаъол буду бо куртаҳои миллии атласу чакан ва рӯймол ба дарс мерафт. Пӯшидани либосҳои миллӣ, ки он замон чандон расм набуд, дар назари одамон ғайримуқаррарӣ менамуд. Устодону ҳамкурсон сабаб мепурсиданд, ӯ ҷавоб медод,ки ман ҳанӯз аз овони наврасӣ ҳамроҳи модарам либосҳои миллӣ медӯзаму ба пӯшидани онҳо одат кардам. Ин ба ман хуш меояд ва бисёр писанд аст. Ба таъкиду маҳдудиятҳои роҳбарони факултаю донишгоҳ нигоҳ накарда, доимо либосҳои миллӣ мепӯшид. Баъди хатми таҳсилоти олӣ муддате дар донишгоҳ ба ҳайси омӯзгор ва саромӯзгор кор кард. Баъдтар ба дигар вазифаҳои давлатӣ гузашта, умуман, дар куҷое, ки фаъолият карда бошад, ба дастоварду комёбиҳо ноил гардидааст. Илова ба фаъолиятҳои ҷамъиятӣ фурсат ёфта, машғули ҳунарҳои омӯхтааш шуда, то поси шаб куртаи чакану тоқии гулдӯзӣ ва дигар либосҳои миллӣ медӯхт.Боре нимашабон ҳангоми дӯхтани либосу куртаҳои гуногуни миллӣ гузаштани вақтро ҳис накард, ки чӣ тавр субҳи содиқ дамидааст. Ҳамин сон, борҳо шабро ба дӯхтани сарулибоси миллӣ саҳар карда, боз ҳам рӯзона бо неруи тозаву хушҳолӣ сӯи коргоҳаш мешитофт. Худро хушбахт меҳисобад, ки дар ҷавонӣ тамоми ҳунарҳои мардумиро аз модараш омӯхта, имрӯз онро барои фарзандону ҷавонони маҳаллаашон меомӯзад. Ӯ соҳиби 2 духтару 7 набера буда, духтараш Шаҳноза мисли модар ҳунарманди чирадасте шуда, имрӯз дар шаҳри Кӯлоб шинохтаву обрӯманд аст. Фарзанди дувумӣ Меҳринигор бошад омӯзгор асту дар вақтҳои фориғ аз кор ҳунарҳои аз модар омӯхтаашро такмил медиҳад. Ин зани хоксору меҳрубон, модари хушбахт ва ҳунарманди асил рӯзгори босаодат ва зиндагии шоистаро тавассути меҳнату ва заҳматҳои шабонарӯзӣ ба даст оварда, шиораш дар зиндагӣ шоҳбайти зерин аст.Ба зери бори миннат кай ҳунарвар мениҳад гардан, Наҷунбад Кӯҳкан, гар бар сари ӯ Бесутун афтад. Хосият Сабурова баробари ҳамаи хислатҳои наҷиби инсонӣ инчунин, дилсӯзу хайрхоҳ асту ҳар сари вақт ба ҳамсояҳо ва хешовандону сокинони ниёзманд кумакҳои худро дареғ намедорад. Ният дошт, ки ба зиёрати хонаи Худо равад, аммо дар он сол хуруҷи бемории короновирус COVID-19 сабаб шуду ҳаҷро анҷом дода натавонист. Ин буд, ки бо ҷонибдорӣ аз дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастгирии қишрҳоиниёзманди ҷомеа Хосият Сабурова маблағҳои пасандознамудаашро барои гузаронидани хатнатӯйи 7 нафар кӯдакони ятиму бепарастори маҳаллашон сарф намуд. Ӯ аз он мамнуну ифтихорманд аст, ки бо талошҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Чакан» ба феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият дар созмони ЮНЕСКО дохил карда шуд. Дар доираи омодагиҳо ба тарғибу ташвиқи сарулибоси миллӣ 10 намунаи куртаҳои чакани дӯхтаи Хосият Сабурова ба китоби «Намунаҳои либосҳои миллӣ» дохил карда шудааст, ки имрӯз бонувони минтақаҳои гуногуни кишварамон бо нусхабардорӣ аз ин тарҳҳои замонавӣ барои худ сарулибоси озода медӯзанд.
Аъзам БОБОЗОДА, шаҳри Кӯлоб
Добавить комментарий
Ахбор
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ МУАССИСАИ ТОМАКТАБӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН БОЗДИД НАМУДАНД 18:59РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ ҶАМЪОВАРИИ ПИЁЗИ БАРВАҚТӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН БОЗДИД НАМУДАНД 18:54РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ НЕРУГОҲИ БАРҚИИ ОФТОБӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН БОЗДИД НАМУДАНД 18:48ҚАДРШИНОСИИ ИШТИРОКЧИЁНИ ҶАНГ - НИШОНАИ ЭҲТИРОМ БА ТАЪРИХ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ 18:41МУСОБИҚАИ КУШОДИ ШАҲРӢ ОИД БА ҶУДО БАРОИ ДАРЁФТИ “ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ БОХТАР 18:34РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА АЁДАТ ВА ТАБРИКИ ИШТИРОКДОРИ 103-СОЛАИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ РАФТАНД 18:27ЁВОН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ ВА СУҲБАТ БО СОКИНОНИ ЗАРАРДИДА 18:21ҶАЛАСАИ ФАВРӢ ОИД БА БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ ОБХЕЗӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ БАРГУЗОР ГАРДИД 14:06
Серхонандаҳо
ҶАЛАСАИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ТАРИҚИ МАҶОЗӢ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО
ҶАЛАСАИ ФАВРӢ ОИД БА БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ ОБХЕЗӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ БАРГУЗОР ГАРДИД
БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ. АЗ ЧӢ БОЯД ЭҲТИЁТ КАРД?
ҶАЙҲУН. ОЗМУНИ “КИТОБХОНИ БЕҲТАРИН” БАРГУЗОР ГАРДИД
ЁВОН. ЯК КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ МУМФАРШ ГАРДИД
ҶАЙҲУН. ҶАМЪОВАРИИ ПИЁЗИ БАРВАҚТӢ ОҒОЗ ШУД
ЁВОН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ ВА СУҲБАТ БО СОКИНОНИ ЗАРАРДИДА
МОДАР
ХАТЛОН. ИСТИҚБОЛИ САРБОЗИ ШУҶОИ ВАТАН
БО ЗАМИН ҲАМНАФАС, БО ЗАҲМАТ САРБАЛАНД


