Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
03 май 09:23Саноат ва кишоварзӣ
ҚУЛФИНАЙПАРВАР
-Ҳар нафар метавонад деҳқонӣ кунад. Заҳмат кашида, дар замин кор кунад. Аммо рӯёнидани ҳосили фаровон аз киштзори худ, на ба ҳама даст медиҳад, - мегӯяд дар оғози суҳбат Ҳамроқул Сатторов, кишоварзи пуртаҷрибаи ноҳияи Вахш. -Танҳо деҳқони асил метавонад бо заҳмати шабонарӯзии худ дар гирифтани чанд ҳосил аз як замин ва парвариши маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ муваффақ гардад, - идома дод ӯ.
Ҳамроқул Сатторов аз зумраи қулфинайпарварони номдорест, ки ҳамасола яке аз аввалинҳо шуда маҳсули дастранҷи худро ҷамъоварӣ менамояд. Ӯ сокини Ҷамоати шаҳраки “Киров”-и ноҳияи Вахш буда, 40 сол боз ба кишту парвариши тути заминӣ машғул аст.
Бобои Ҳамроқул 75 сол дошта, то ба ҳол дар саҳро кор мекунад. Вай кишоварзиро аз замини наздиҳавлигии худ оғоз намуда, парвариши ин намуди меваи баҳориро борҳо таҷриба кардааст. Вақте ки ҳамсояҳо ба парвариши қулфинай пардохтанд, завқи бобои Ҳамроқул низ ҷӯш зад. Дар оѓози кор ба мушкилот рӯ ба рӯ гашта, аз кор кардан дар замину парваридани ин меваи баҳорӣ дилсард мешуд, аммо бо гузашти вақт ӯ таҷриба пайдо намуд ва сирри корро омӯхт.
- Қулфинайпарварӣ кори пурзаҳмат аст, - мегӯяд Ҳамроқул Сатторов. – Вақте ки кореро наметавонӣ, иштибоҳ мекунӣ, зарар мебинӣ, маҷбур мешавӣ, то биомӯзӣ. Мо низ ин зинаҳоро гузаштем. Шукр, ки имрӯз тарзу усули парвариши қулфинай ва ҳосили фаровон рӯёниданро медонем.
Ба гуфтаи ин кишоварз нуҳ моҳ зарур аст, ки то кишту корашон натиљаи дилхоњ диҳад. Охирҳои фасли тобистон ба кишту кори тути заминӣ тараддуд мебинанд.
-Моҳи август мо майдони қулфинайи хоҷагии худро ба омода кардан шуруъ мекунем,- изҳор медорад ӯ. - Агар ниҳоли қулфинайи киштшуда яксола бошанд, мо танҳо алафҳои бегона ва парвардаи ба замин реша давондаи ниҳолони қулфинайро давоми сол тоза карда, зери онҳоро нарм мекунем. Нуриҳои минералӣ пошида, об медиҳем. Ҳамин тавр нуҳ моҳ дохили он меҳнат мекунем, то дар ин шабу рӯз ҳосили пурбор ба даст оварда, аз натиҷаи заҳмати худ ком ширин намоем.
Бобои Ҳамроқул мегӯяд, ки онҳо бори рӯзгорро маҳз аз даромади ҳосили қулфинай ва дигар зироати кишоварзӣ мекашанду фарзандонро низ аз ҳамин ҳисоб соҳиби хонаю дар намудаанд.
- Ин намуди меваи заминӣ камхарҷу сердаромад буда, нисбат ба дигар зироати хоҷагии қишлоқ зудтар пухта мерасад,- қайд мекунад кишоварз.
Ҳамроқул Сатторов таъкид мекунад, ки ниҳолони қулфинай ғамхории доимӣ мехоҳанд. Агар рафта каме ба он беэътиборӣ зоҳир гардад, ҳашароти гуногун зиён меорад. Намнокии зиёди зери ниҳол низ ҳосилро мепӯсонад. Ҷӯяки қулфинай бояд нисбат ба дигар зироат ҷуқуртар бошаду ниҳолон дар баландӣ ҷой гиранд.
Махсусан, дар вақти пухта расидани ҳосил асосан пас аз нисфирӯзӣ об мондан ба нафъи деҳқон хоҳад буд.
Ин деҳқонони қулфинайпарвар мегӯяд, ки баҳорон барои эшон айёми долу зарби кор аст. Чун заҳматашон самар додаю барои ҷамъоварӣ омода мешавад. Барои зарар надидану талаф наёфтани ҳосили пухтарасида, талош мекунанд рӯз то шом дар саҳро бошанд.
И. Мустафо
Добавить комментарий
Ахбор
ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ – РОҲНАМОИ РУШДИ БОСУБОТИ КИШВАР 11:06МАҲБУБИ КӮДАКОН 10:482025 – СОЛИ ФАТҲИ ҲАДАФҲОИ БУЗУРГ ДАР ХАТЛОН 10:39ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДИИ 2026 10:29ЭЪЛОМИЯИ КУРУШИ КАБИР – БОЗГӮИ АДОЛАТИ ТАЪРИХӢ 10:34Дар Хатлон 600 ҳазор дарахт шинонида мешавад 14:36ХАТЛОН. 60 ФОИЗИ НАФАҚАГИРОН АЗ ҚАЙД ГУЗАШТАНД 14:11Бохтар. 1,5 километр роҳ мумфарш карда шуд 15:13
Серхонандаҳо
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДИИ 2026
БОХТАР. НАСБИ АРЧАИ СОЛИНАВӢ БО БАЛАНДИИ 24 МЕТР
«ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН - ПАЁМИ СОЗАНДА ВА КАФИЛИ ТАЪМИНИ РУШДИ БОСУБОТИ КИШВАР»
Бохтар. 1,5 километр роҳ мумфарш карда шуд
Ҷ. БАЛХӢ. 8 КИЛОМЕТР РОҲ МУМФАРШ КАРДА ШУД
ЁВОН. НАСБИ ГУЗАРГОҲИ ЭЛЕКТРОНӢ ДАР КӮДАКИСТОН
ХАТЛОН. 60 ФОИЗИ НАФАҚАГИРОН АЗ ҚАЙД ГУЗАШТАНД
Дар Хатлон 600 ҳазор дарахт шинонида мешавад
МАҲБУБИ КӮДАКОН
ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ – РОҲНАМОИ РУШДИ БОСУБОТИ КИШВАР



