Бойгонӣ

Нуриҳои микробиологӣ – кафолати ҳосили босифат

 Маҳз ҳамин зарурат мо олимони тоҷикро водор намуд, ки бо олимони давлатҳои Олмон, Гурҷистон ва Ӯзбекистону Қазоқистон ҳамкориҳои самарабахшро ба роҳ монем. Дар ин самт олимони варзидаи тоҷик аз Академияи илмҳои кишоварзӣ, доктори илмҳои кишоварзӣ Қурбоналӣ Партоев, профессор Сайфиддин Садриддинов, профессори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон Муртазо Ҳотамов, мутахассисони баландпоя намояндаи ширкати «Геофут» - и Олмон дар Осиёи Миёна, директори кулли ҶДММ «Мост бизнес» (Купруки тиҷорат) дар ҷумҳурии  Ӯзбекистон Иризбеков Ниёзбек Аскарбекович, муовини директори ҶДММ «Купруки тиҷорат» дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҳусниддин Ҳакимов ва даҳҳо олимону мутахассисони дигари дунё бо мо ҳамкории зичро ба роҳ мондаанд. Аз нигоҳи дигар имрӯз истеҳсолкунандаи мо дар интихоб ва истифодаи нуриҳо озод аст. Нархи нуриҳои минералӣ дар бозор гарон шудаасту истеҳсолкунанда наметавонад хароҷотро пӯшонида, даромади софи иқтисодӣ ба даст орад. Бинобар ин, истеҳсолкунандагон низ имрӯз рӯ овардаанд ба истифодаи маҷмӯи нуриҳои микробиологӣ, ки нархи ин нуриҳо аз нуриҳои минералӣ барои истеҳсолкундаи ватанӣ чанд баробар арзон меафтад.

- Истифодабарии маҷмӯи нуриҳои микробиологӣ чӣ афзалият ва бартарӣ дорад!

- Маҷмӯи нуриҳои микробиологӣ афзалият ва бартариҳои зиёдеро дорост. Аввалан, ин заҳр нест ва барои солимии мардумро нигоҳ доштан бехатар мебошад. Дуюм, истифодабарии маҷмӯи нуриҳои микробиологӣ, аз қабили «азотавит», «фосватавит», «КМУ», «геогумат» - и хокӣ, «геогумат» - и баргӣ кафолати истеҳсоли ҳосили баланду босифати аз нигоҳи экологӣ тоза, рақобатпазир, содиротшаванда, воридотивазкунанда ва бозгӯ ба талаботи меъёрҳои стандартҳои байналмилалӣ ва талаботи Созмони Умумиҷаҳонии Савдову бозорҳои истеъмолии дунё ба ҳисоб меравад. Маҷмӯи нуриҳои микробиологӣ организмҳои хурд, ҳуҷайраҳое мебошанд, ки баъди омехта кардан бо оби бехлор дар зарфи тоза зинда шуда кор мекунанд. Шарти дигар ҳамин аст, ки маҷмӯи нуриҳои микробиологӣ бояд дар офтоби сӯзон нигоҳ дошта нашаванд. Хубии кор дар он аст, ки истеҳсолотчиёни ватанӣ зина ба зина аҳамият ва бартарии истифодабарии маҷмӯи нуриҳои микробиологиро дарк карда, худ рӯ ҷониби ин нуриҳо оварда, аз рӯи тавсияҳои олимону мутахассисони соҳаи кишоварзӣ кор карда, ба натиҷаҳои баланди меҳнатӣ ноил гашта истодаанд. Худи истеҳсолотчиёни ватанӣ бо ин амалашон дар иҷрои қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагидорӣ ва бехатарии биологӣ» ва «Дар бораи истеҳсолоти биологӣ» ҳисса гузоранд.

      Меъёрҳои истифодабарии маҷмӯи нуриҳои микробиологӣ чӣ гуна мебошад?

- Пеш аз кишт дар як гектар даҳ литр геогумати хокӣ рехта, барои пурра сабзонидан дар як тонна маводи тухмӣ як литр геогумати хокӣ бо иловаи 30 литр оби бехлор омехта карда, кишт мегузаронем. Се коркарди баъдӣ бо меъёри дар ҳар як коркард 300 литр оби бехлор бо 1,5 литр геогумаки баргӣ дар вақти ягона, шонабандӣ, гулкунӣ ва пеш аз сарчини пахта истифода мебарем. Ҳамин тавр дар 20 литр оби бехлор 200 грамм геогумати баргӣ меъёри муқарраргардида мебошад, ки дар дилхоҳ зироат ё барги дарахтон истифода бурдан мумкин аст. Барои ҳамин хуб мебуд, ки деҳқон бо мутахассис ё олим дар ин самт ҳамкории зичро ба роҳ монад.

 Дар ҳамкорӣ бо олимон, истеҳсолотчиёни ватанӣ, кишоварзону боғдорон ба кадом натиҷаҳо ноил гардидед?

 Хушбахтона, имрӯз дар вилояти Хатлон сафи хоҷагиҳо ва истеҳсолотчиёни ватанӣ, ки аз маҷмӯи нуриҳои микробиологӣ самаранок истифода бурда, ба натиҷаҳои назаррас ноил шудаанд, хеле зиёд гардидааст. Ин раванд идома дорад. Дар ин самт ворид кардани техника ва технологияи муосир, тухмиҳои хушсифат, ниҳолҳои озмудашудаву минтақабоб,беҳтарин навъҳои селексияи олимони тоҷику хориҷи кишвар ба истеҳсоли маҳсулоти босифату воридотивазкунанда, рақобатпазир, содиротшаванда бозгӯ ба талаботи меъёрҳои стандартҳои байналмилалӣ заминаи воқеӣ фароҳам овард. Тарзи хушконидани мева, банду бастро дар ҳамкорӣ бо мутахассисони суғдӣ, маркази вилоятии Тоҷикстандарт дуруст аз худ карданд. Самари ҳамкориҳо ба он оварда расонд, ки имрӯз аз вилояти Хатлон меваи хушк, маҳсулоти кишоварзӣ аз қабили лимӯ, олуи сиёҳ, зардолу, пиёз, полезӣ ва дигар маҳсулот, ки тавассути истифодабарии маҷмӯи нуриҳои микробиологӣ истеҳсол гардидаанд, ба давлатҳои Россия, Қазоқистон, Афғонистон ва давлатҳои Европа содирот шуда истодаанд.  Метавонед бо далелҳои мушаххас он истеҳсолотчиёни ватаниро, ки бо истифода аз маҷмӯи нуриҳои микробиологӣ ба содирот ва натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд, номбар кунед! 

Воқеан, чунин истеҳсолотчиён хело зиёданд. Хоҷагиҳои лимӯпарварии «Ансорӣ» аз ноҳияи Ҷайҳун дар самти парвариши лимӯ, хоҷагии деҳқонии «Гармак» аз ноҳияи Вахш дар самти парвариши 4 навъи зардолуи калифорниягӣ, хоҷагии ниҳолпарварии «Пайванд» аз шаҳри Левакант дар самти ниҳолпарварӣ, хоҷагии деҳқонии «Мудассир» аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар самти истеҳсоли мева, хоҷагии деҳқонии «Аъзамҷон» аз ноҳияи дурдасти Носири Хусрав дар самти пахтакорӣ, иҷоракор Аҳмадҷон Шарифов дар самти парвариши кишти зери плёнкагии пиёз, хоҷагиҳои Ҷамоати деҳоти «Нури Вахш» - и ноҳияи Дӯстӣ дар самти полезикорию сабзавоткорӣ ва боғдорӣ, хоҷагии деҳқонии «Шамсулло» - и ноҳияи Кӯшониён дар самти ғаллакориву лаблабупарварӣ, ки аз истифодабарандагони фаъоли маҷмӯи нуриҳои микробиологӣ маҳсуб меёбанд, имрӯз содироткунандагони маҳсулоти аз нигоҳи экологӣ тоза ва рақобатпазир дар бозорҳои истеъмолӣ маҳсуб меёбанд. Маҳсулоти истеҳсолкардаи онҳо дар хориҷи мамлакат муаррификунандаи давлату миллати тоҷик ба ҳисоб меравад, ки ин мояи ифтихор мебошад.

    Шумо чанде пеш ҳамроҳи як гурӯҳ истеҳсолотчиёни ватанӣ – истифодабарандагони маҷмӯи нуриҳои микробиологӣ аз  сафари вилояти Суғд ва вилоятҳои Тошкент, Самарқанд, Бухоро ва Навоии Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргашта будед. Аз ин сафари 15 рӯза чӣ таассурот бардоштаед?

 Дар ин сафар худ шоҳид будед, ки чи қадар навгониҳо дар риштаи кишоварзӣ, технологияи навин рӯи кор омадааст. Фаъолияти соҳибкори муваффақи тоҷик Саидмурод Давлатов дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар самти бунёди боғҳои интенсивӣ, суперинтенсивии себ, бодому писта дар замини солҳои сол бекорхобида дар майдони садҳо гектар ва муваффақ гардидан ба содирот магар мояи сарфарозӣ нест? Дар вилояти Бухоро деҳқонони 8 деҳаи тумани Роминтан аз як дарахти анҷир то 700 – 800 килограмм ҳосил гирифта, беш аз 5 ҳазор тонна анҷир содирот менамоянд. Деҳқонони шаҳри Самарқанд аз як гармхонаи иборат аз 3 гектар бо усули муосир бунёдгардида, ворид кардани технологияи пешрафтаи дунё, ба роҳ мондани обёрии қатрагӣ 500 тонна помидор ба давлатҳои Россия ва Қазоқистон содирот кардаанд. Ҳосили помидорро 24 маротиба ҷамъоварӣ мекунанд. Магар ин таҷрибаҳо лоиқи омӯзишу дастгирӣ нест? Онҳо ҳам аз маҷмӯи нуриҳои микробиологӣ оқилона истифода мебаранд. Таассуротҳои ин сафар фаромӯшнопазир ва мисолҳо хело зиёданд. Шукри Ватани соҳибистиқлол, Пешвои бохиради миллати тоҷик ва густариши ҳамкориҳои самарабахшро бо давлатҳои пешрафтаи дунё мекунем, ки ба рушди соҳибкорӣ заминаи воқеӣ гузошт.

Як ҷаҳон арзи сипос барои суҳбати судманд. Ташаккур!

Саидзода ШЕРАЛӢ

узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон


Похожие новости:
АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маориф / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Хуросон ва ифтитоҳи бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Хуросон ва ифтитоҳи бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист АСОСӢ / Ахбор / Сиёсат / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Варзиш / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ АСОСӢ / Сиёсат / Мақомот
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019