ХАТЛОН. 3900 ИНШООТ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
Тавре аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, аз ҳисоби иншооти сохташуда, 4 ҳазору 742 ҷойи кори доимӣ ва 11 ҳазору 161 ҷойи кори мавсимӣ ташкил гардидааст.
Аз ҷамъи умумии иншооти сохташуда, 237 адад иншооти соҳаи маориф, 468 иншооти соҳаи тандурустӣ, 105 адад дар соҳаи фарҳанг, 260 адад дар соҳаи варзиш, 218 корхона ва коргоҳҳои саноатӣ, 10 адад иншоотҳои кишоварзӣ, 55 адад иншооти сайёҳӣ, 82 адад сохтмон ва таъмири пулҳо, 59 ҳаммом, 112 сартарошхона, 58 кошонаи ҳусн, 517 маркази хизматрасонӣ ва савдо ва 1720 адад дигар иншоотҳо мебошад.
Дар соли 2020-ум бошад, бунёду азнавсозии 2 ҳазору 104 иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки аллакай дар се моҳи аввали соли ҷорӣ 366 - тои онҳо сохта шуданд.
Дар умум то ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бунёду азнавсозии 7 ҳазору 544 биною иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст.