Бойгонӣ
Апрель 2025 (6)
Март 2025 (31)
Февраль 2025 (1)
Декабрь 2024 (12)
Ноябрь 2024 (24)
Октябрь 2024 (27)
09 апр 10:42Ахбор / Ҷавонон

ХАТЛОН: ГУСЕЛИ НАВАСКАРОН БА АРТИШ

     Бо иштироки раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, рӯзи 3 - уми апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Бохтар маъракаи гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд баргузор гардид.

Нахуст, комиссари ҳарбии вилояти Хатлон, полковник Солеҳзода Умед Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2020, №1466 “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намуданд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1993 - 2002 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ” - ро қироат намуд.

Сипас раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода баромад намуда, қайд намуд, ки мардуми тоҷик дар масири таърих соҳиби давлат, забон, фарҳанг, сарҳад ва расму оинҳои худ буд ва имрӯз низ дифоъ аз муқаддасоти миллӣ менамояд. Ҳимояи марзу буми Меҳан, ҳифзи арзишҳои миллӣ, пос доштани дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишвар рисолати ҳар як фарди бедордил мебошад. 

Ба иттилои раиси вилоят шаҳру ноҳияҳои Норак, Носири Хусрав ва Шамсиддин Шоҳин дар рӯзҳои аввали моҳи апрел нақшаи баҳории даъвати ҷавонон ба Артишро пурра иҷро карданд. Ноҳияҳои Балҷувону Ховалинг низ дар арафаи иҷрои ин уҳдадорӣ қарор доранд.    

Раиси вилоят ба навдаъватшудагоне, ки барои адо намудани қарзи фарзандии хеш дар назди Модар – Ватан баҳри содиқона хизмат намудан камари ҳиммат бастаанд ва ба волидайни онҳо низ таҳсину офарин гуфт. 

Дар фарҷом ба 700 нафар даъватшаванда аз ҷониби раиси вилоят туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. 


Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019