Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
25 ФЕВРАЛ. ИФТИТОҲИ МАВСИМИ КИШТИ ПУНБАДОНА ДАР ХАТЛОН
Худи ҳамин рӯз муовини Сарвазири мамлакат Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба ноҳияи Ҷайҳун сафар карда, аз хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷӣ Юнус»-и Ҷамоати деҳоти “Қумсангир” дидан намуданд. Тавре аз Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, дар хоҷагии мазкур дар майдони 2 гектар пиёзи барвақтӣ ва дар майдони 1 гектар сабзӣ кишт намудаанд. Айни замон ҳосили сабзиро ҷамъоварӣ намуда, ба бозорҳои дохилӣ бароварда истодаанд. Ҷамъоварии пиёз бошад, то ҷашни Наврӯз оғоз мегардад. Дар умум, дар Ҷамоати деҳоти “Қумсангир” дар майдони 409 гектар пиёзи барвақтӣ кишт карда шудааст.
Дар рафти сафари корӣ раиси вилоят ва муовини Сарвазир аз хоҷагии Нозириён Маҳмадюсуф дидан намуданд. Маълум гардид, ки дар ин хоҷагӣ дар 9 сотих замин гармхона ташкил додаанд, аз ҷумла дар 6 сотихи он помидор ва дар масоҳати 3 сотих бодиринги барвақтӣ шинонида шудааст. Хоҷагидорон ният доранд, ки то охири моҳи март ва ибтидои апрел ба мардуми мамлакат помидор ва бодиринги барвақтиро пешкаш намоянд.
Дар ҳамин ҷо Қурбон Ҳакимзода ва Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо мардони рӯзгордида мулоқот ороста, даъват карданд, ки ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намуда, ба корҳои ободониву созандагӣ ва пешрафти хоҷагии халқ ҷалб созанд.
Ҳамзамон, дар доираи сафари корӣ масъулин аз хоҷагии деҳқонии «Айёмиддин»-и Ҷамоати деҳоти “Панҷ” дидан намуданд. Тавре маълум гардид, дар хоҷагии «Айёмиддин» дар майдони 25 гектар пиёз кишт карда шудааст, ки нашъунамои хуб дошта, хоҷагидорон ният доранд, ки моҳи апрел бозорҳои ҷумҳуриро бо пиёзи тару тоза таъмин намоянд.
Муовини Сарвазир ва раиси вилояти Хатлон дар заминҳои “Водии Заррин”-и ноҳияи Ҷайҳун ба мавсими нави кишти пунбадона бо истифода аз тухмии сорти хитоии “Синзян” оғоз бахшиданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, майдони кишти пахтаи “Водии заррин” 4600 гектарро дар бар гирифта, соли гузашта аз ҳар гектар замин ба ҳисоби миёна 23-сентнерӣ ҳосили “тиллои сафед” ба даст овардаанд.

"САФО"
Добавить комментарий
Ахбор
Серхонандаҳо
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
БОХТАР – ШАҲРИ РУШДУ БУНЁДКОРӢ