15 янв 09:59Ахбор / Сиёсат

ОМӮЗИШИ ПАЁМИ РОҲНАМО

     Омӯзиши нуктаҳои Паёми Пешвои муаззами миллат ба Маҷлиси Олии мамлакат дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон низ бо иштироки намояндагони масъули Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад.

Зимни ифтитоҳи ҷамъомад вобаста ба омӯзиши нуктаҳои Паёми Пешвои муаззами миллат ба Маҷлиси Олии мамлакат раиси ноҳияи Дӯстӣ Саидзода Нурмуҳаммад Хол таъкид дошт, ки Паём роҳнамо ва ҳидоятгари мардуми Тоҷикистон ба фардои дурахшони ватан мебошад.

Дар назди иштирокчиёни ҳамоиш роҳбари масъули Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Султонзода Сулаймон Саид оид ба нуктаҳои Паём, ҳидоятҳои роҳнамои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паём бармеояд, бо маърӯзаи таҳлилӣ баромад кард. ӯ зикр дошт, ки Паёмҳои ҳарсолаи Роҳбари давлат ҳамчун муҳаррики таконбахше мебошад, ки моро ба ҳадафу мақсадҳои наҷибамон сол то сол наздик мегардонад. Барои расидан ба оромонҳои чандинасраи халқ, зиндагии шоиста заминаи воқеӣ фароҳам меорад. Як нуктаи муҳим дар Паём он буд, ки бахши хусусиро рушди тоза бахшида, ҳавасмандии соҳибкоронро таъмин намоем, ба соддагардонии низоми ҳуҷатгузорӣ, андозбандӣ ва ҷалби сармояи мустақим муваффақ гардем.

Аз ин нигоҳ бо соҳибкорони ватанию ширкатҳои хориҷӣ бояд зич дар ҳамкорӣ қарор дошта бошем.Таъкид гардид, ки дар Паём дар бораи саноатикунонии босуръати кишвар, бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун», таҷдиду азнавсозии неругоҳҳои барқии обии мамлакат, амалигардонии 11 - лоиҳаи маблағузорӣ дар соҳаи нақлиёт андешаҳои судманд баён гардида буд. Тоҷикистон дар ин радиф фардо ба кишвари содироткунандаи барқи аз нигоҳи экологӣ тоза табдил ёфта, дар мамлакат роҳу купрукҳои нав бунёд гардида, роҳҳо таҷдид, азнавсозӣ ва таъмиру тармим хоҳанд шуд. Ҳамчунин Пешвои муаззами миллат зимни ироаи Паём ёдовар шуд, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ барои бунёди хонаҳои истиқоматӣ 135 ҳазор гектар замин ба халқ тақсим гардид. Имрӯз замон тақозо дорад, ки мо хонаҳои наву замонавӣ бунёд карда, ба фарзандон ва наслҳои оянда ба мерос гузорем. 

Султонзода Сулаймон Саид намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Дӯстӣ вобаста ба  амалигардонии нуктаҳои Паём таъкид дошт, ки ободонӣ, тарбияи фарзандон, сабзу хуррамгардонии муҳити зист аз оилаи сарчашма мегирад. Пас волидон масъуланд, ки дар тарбияи фарзандон, наслҳои ояндасози миллат саҳми арзанда гузоранд. Масъулияти имрӯзу фардои ватандориро ҳамчун як шаҳрванди Тоҷикистон дарк кунанд, қарзи имонию виҷдонии худро дар пешрафту шукуфоии ватани азиз содиқона иҷро намоянд. Рӯ ҷониби таърих овардан, гузаштаи худро донистан, сифати таълиму тарбияро баланд бардоштан,рӯ ҷониби китоб овардан ин тақозои замон аст. Аз ин рӯ Пешвои муаззами миллат таъкид доштанд, ки шоҳасари «Тоҷикон»- и Бобоҷон Ғафуров - Қаҳрамони Тоҷикистон бо теъдоди калон нашр гардида, аз номи Президенти мамлакат ба ҳар як оила ройгон тақдим карда шавад. 

Дар ҷамъомад вобаста ба нуктаҳои Паём таъкид шуд, ки терроризм дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ба як хатари даҳшатбор табдил ёфтааст. Бар хилофи ин мо бояд ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надода, дар ҳама гуна ҳолат ба халқу ватани худ садоқатмандон хизмат намоем. Ҳамчунин Пешвои миллат зимни ироаи Паём,- таъкид дошт нотиқ аз шиддати амалҳои коррупсионӣ дар ҳама шохаҳо реша давонда, обрӯи давлату миллатро паст менамоянд.Таъкид гардид, ки бар зидди амалҳои коррупсионӣ муборизаи беамон барем. Ба интихоб ва ҷо ба ҷогузории кадрҳои арзанда диққати махсус диҳем. 

- Дастгирӣ ёфтани ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонии Пешвои миллат дар ҳалли мушкилоти об дар сайёра боиси ифтихори мардуми тоҷик аст. Дар пеш маъракаҳои басо муҳиму масъулиятноки сиёсӣ интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои вилоятӣ, шаҳрию ноҳиявӣ ва маҳаллӣ қарор дорад. Мо дар иттиҳоду сарҷамъӣ ин маъракаҳоро дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ гузаронида, ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовезҳои арзанда истиқбол мегирем. Дар ин радиф сокинони ноҳияи Дӯстӣ ҳамдаму ҳамнафаси мардуми шарифи Тоҷикистон мебошанд, - таъкид дошт дар охири ин ҳамоиш раиси ноҳияи Дӯстӣ Саидзода Нурмуҳаммад Хол.


Ш. САИДОВ
Добавить комментарий