Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ҲУНАРМАНДОНИ ТЕАТРИ ВИЛОЯТ ДАР ФЕСТИВАЛИ "ПАРАСТУ 2023" ИШТИРОК МЕКУНАНД
Аҳли ҳунари Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Фестивали ҷумҳуриявии "Парасту 2023" ширкат меварзанд.
"Зол ва Рудоба" саҳнаест, ки имрӯз ҳунармандон манзури аъзои ҳакамон ва тамошобинони театр мегардонанд.

Намоишномаи мазкур аз рӯйи асари "Шоҳнома"-и Фирдавсӣ дар коргардонии Баҳром Қурбонзода омода гаштааст.
Ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавӣ ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар аввалин довталабони Фестивали мазкур маҳсуб меёбанд, ки намоишномаи худро имрӯз соати 17-00 дар толори Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнии шаҳри Душанбе пешниҳод менамоянд.
Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ "Парасту-2023" дар ду сол як маротиба баргузор мегардад.
Бояд гуфт, ки ҳунармандони Театри Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар соли 2019 ва 2021 низ дар Фестивали мазкур ширкат кардаю бо пешниҳоди намоишномаи "Каримдевона" (2019) ҷойи сеюм, "Бежан ва Манижа" (2021) соҳиби ҷойи дуюм гашта буданд.
Низоми ИСО
Добавить комментарий
Ахбор
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:14Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:11ВАТАН ДАР ҶОН 13:07РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД! 13:03
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - ПЕШВОИ ҶОИЗАЗЕБИ ҶАҲОН


