Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Шиносоӣ бо лоиҳаи бунёди Шуъбаи таваллуд ва боздид аз рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Маркази саломатии бисёрсоҳавии ноҳияи Данғара
26 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи бунёди Шуъбаи таваллуд ва рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Маркази саломатии бисёрсоҳавии ноҳияи Данғара шинос шуданд.
Зимни муаррифии лоиҳаи бунёди Шуъбаи таваллуд дар Беморхонаи марказии ноҳияи Данғара иттилоъ дода шуд, ки иншоот бо 80 кат барои қабули шаҳрвандон хизмат мерасонад.
Масоҳати бинои шуъбаи таваллуд 1325 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Бино аз се ошёнаву таҳхона ва 62 ҳуҷра, аз ҷумла шуъбаи таваллуд, амрози занона, бемориҳои гуногун, маркази таъҷилӣ, нақшавӣ ва ҷарроҳӣ иборат аст.
Ҳамчунин барои беҳтар кардани шароити корӣ дар Шуъбаи таваллуд бунёди толори маҷлис, шуъбаи рентгенологӣ ва ошхона ба нақша гирифта шудааст.
Зимни шиносоӣ бо тарҳи лоиҳаи иншооти соҳаи тандурустӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба коргарону сохтмончиён барои иҷрои босифату саривақтии корҳо дастуру супориш доданд.
Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар Маркази саломатии бисёрсоҳавӣ дар ноҳияи Данғара шинос шуданд.
Фармоишгари бунёди иншоот Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳакаш Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Корезлоиҳа” ва пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Наврӯз-01” буда, он дар доираи лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак дар чор ноҳияи вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон” амалӣ мегардад.
Тибқи лоиҳа Маркази саломатӣ аз 3 қисм иборат буда, биноҳои канорӣ 6-ошёнагӣ ва бинои марказӣ 7-ошёна мебошад. Марказ дар масоҳати 0,93 га ҷойгир шудааст.
Маркази саломатии бисёрсоҳавӣ бо харҷи 4 миллиону 684 ҳазору 870 доллари америкоии маблағҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд бунёд мешавад.
Айни ҳол бо ҷалби кормандони ширкатҳои сохмтонии ватанӣ корҳои сохтмонӣ бомаром ҷараён дорад ва дар нақша аст, ки иншооти муҳими соҳаи тандурустӣ дар рӯзҳои ҷашни наврӯзи байналмилалӣ соли 2024 бо тарҳи зебову замонавӣ ба истифода дода шавад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ ба коргарону мутахассисон ҷиҳати анҷоми корҳои босифату саривақт мавриди истифода қарор додани Маркази саломатии бисёрсоҳавӣ дар ноҳияи Данғара дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Мавриди зикр аст, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон беҳтар гардида истодааст.
Беморхонаҳои марказии шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла ноҳияи Данғара бо мошинҳои ёрии таъҷилӣ, дастгоҳу таҷҳизоти муосири ташхису табобат ва бо кадрҳои баландихтисос таъмин мегарданд.
Ҳамаи ин пешравиҳоро кормандони соҳа аз шарофати сулҳу субот, ваҳдату Истиқлоли давлатӣ ва сиёсати бобарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маънидод мекунанд.
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РАИСИ ШӮРОИ ДИРЕКТОРОНИ ШИРКАТИ SHAANXI APPLE GROUP CO., LTD. МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА БОҒДОРИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт
БОХТАР. ТАРАБХОНАИ “KFC” БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ НАМУД
БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД
РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ ЁВОН-ВАҲДАТ-НОРАК БОЗСОЗӢ КАРДА МЕШАВАД
ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР
Тоҷикистон – Ватанам
АВФ – БАХШОИШЕ, КИ САРНАВИШТҲОРО ДИГАР МЕКУНАД
ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2026 ҶАМЪБАСТ ГАРДИДАНД




