Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ОЗМУНИ "САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА" ҶАМЪБАСТ ГАРДИД
Дар шаҳри Бохтар фестивал-озмуни вилоятии "Сайри гули лола" ҷамъбаст гардид.

Муовини якуми раиси вилояти Хатлон Салимзода Амонулло зимни баромади худ иттилоъ дод, ки то ба имрӯз дар ҳудуди вилоят ба миқдори 788 ҳазору 949 бех ниҳол аз он ҷумла қариб 400 ҳазор бех дарахтони сояафкан, 210 ҳазору 607 бех ҳамешасабз ва 181,5 ҳазор бех дарахтони ороишӣ шинонида шудааст.
Инчунин қариб 8 миллион бех гулу гулбутта - лола, садбарг ва гулҳои гуногуни мавсимӣ шинонида шудаааст.
Ҳамин тариқ тибқи хулосаи Кумитаи тадорукоти озмун ноҳияи Данғара сазовори ҷои якум, Ҳамадонӣ ҷои дуюм ва ноҳияи Хуросон ҷои сеюм, аз миёни шаҳрҳо Кӯлоб ҷои якум, Бохтар ҷои дуюм ва шаҳри Норак ҷои сеюмро ишғол намуданд.
Дар миёни ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон сазовори ҷои якум, Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав сазовори ҷои дуюм ва Беморхонаи клиникии вилоятии ба номи Бӯрӣ Воҳидови шаҳри Бохтар сазовори мақоми сеюм дониста шуданд.
Инчунин аз рӯи номинатсияҳои «Гулпарвари беҳтарин, гулгашт ва хиёбон, боғҳои фарҳангию фароғатӣ, деҳа, маҳалла, деҳот, шаҳрак, ноҳия ва шаҳр» ба 30 нафар ғолибон аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон диплом тақдим карда шуд.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:14Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:11ВАТАН ДАР ҶОН 13:07РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД! 13:03
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - ПЕШВОИ ҶОИЗАЗЕБИ ҶАҲОН


