Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Дурнамо 100 фоиз таъмин шуд
Дар нишасти матбуотие, ки дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Носири Хусрав баргузор гардид, раиси ноҳия Маҳмадаюб Шарифзода гуфт, ки соли 2022 ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 594,1 миллион сомониро ташкил дод. Ин нишондод дар қиёс ба соли 2021 ба андозаи 5,4 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Гуфта шуд, ки соли гузашта дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории ноҳия дар майдони 9906 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ анҷом дода шуд, ки ин нишондод нисбати соли 2021-ум 3,2 фоиз зиёд мебошад.
Соли 2022 дар ноҳия 27 ҳазору 890 тонна ғалладонагӣ, 7541 тонна пахта, 4190 тонна картошка, 29 ҳазору 927 тонна сабзавот, 31 ҳазору 53 тонна полезӣ, 4366 тонна мева, 1440 тонна ангур, 4981 тонна гӯшт, 10 ҳазору 188 тонна шир, 1 миллиону 104,5 ҳазор дона тухм, 120,4 тонна пашм, 8 тонна пилла, 9,1 тонна асал ва 2,6 тонна моҳӣ истеҳсол шудааст.
Аз ноҳия 2,1 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот карда шудааст, ки 100 фоизи дурнаморо дар бар мегирад.
Сулаймон СУЛТОН
Добавить комментарий
Ахбор
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:14Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:11ВАТАН ДАР ҶОН 13:07РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД! 13:03
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
СУРУДИ МИЛЛӢ КАЙ САДО ДОД?


