Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Беш аз 1450 саг шиноснома гирифтанд
Соли гузашта дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба1458 саг шиносномаи фардии ҳайвонот дода шуд, ки ин рақам дар қиёс ба соли 2021-ум 63 адад зиёд мебошад.Ин нуқтаро зимни нишасти матбуотӣ сардори Раёсати Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар вилояти Хатлон Эраҷ Рауфзода зикр кард.
Номбурда афзуд, ки арзиши шиноснома шаш сомониро дар бар гирифта, ҳамасола муроҷиати сокинон перомуни ин масъала зиёд шуда истодааст. Таъмини шиноснома имкон медиҳад, ки безарар будани ҳайвоноти хонагӣ кафолат дода шавад.
Гуфта шуд, ки ҳамчунин соли гузашта 2 ҳазору 210 сар сагҳои дайду безарар гардонида шуданд.
Чорабинии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ҳории ҳайвоноти хонагӣ дар асоси талаботи нақша-чорабинии бар зидди ҳорӣ ба роҳ монда шуда, 12 ҳазору 311 сар саг, 16 ҳазору 405 сар чорвои калони шохдор, 7 ҳазору 742 сар чорвои майдаи шохдор, 2 ҳазору 956 сар маркаб, 130 сар асп ва 63 сар гурба бар зидди бемории ҳорӣ эмгузаронӣ карда шуданд,- гуфт Эраҷ Рауфзода.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР
АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС
Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ
ВАТАН ДАР ҶОН
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!


