Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
08 фев 10:44Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Иҷтимоъ
9318 воситаи нақлиёт ба қайд гирифта шудааст
Дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон 9318 адад воситаҳои нақлиёт дар асоси иҷозатнома ба фаъолияти мусофиркашонию боркашонӣ машғуланд. Аз ин шумора 481 воситаи нақлиёт дар асоси иҷозатнома мустақиман фаъолият карда, 8837 адади дигар шомили ҷамъиятҳои нақлиётӣ мебошанд.Ин нуқтаро сардори Раёсати минтақавии Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти минтақаи Бохтар Исроил Шафизода зимни нишасти матбуотӣ зикр кард.
Гуфта шуд, ки дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон 18 ширкату ҷамъиятҳои нақлиётии мусофиркашонию боркашонӣ ва 14 терминалҳои мусофиркашонӣ дар асоси иҷозатнома фаъолият доранд. 149 хатсайр ба ҷамъияту корхонаҳо вобаста шудаанд, ки аз ин шумора 15 хатсайри шаҳрӣ, 105 хатсайри назди шаҳрӣ ва 29 хатсайри байнишаҳрӣ мебошад.
-Дар давраи ҳисоботӣ ҳангоми бурдани корҳои нозиротӣ дар ҷамъияту ширкатҳои нақлиётӣ нисбати директори ҶДММ “Автоэкспресс”-и ноҳияи Ёвон, танзимгари ҶДММ “Рахш –ЛТД”-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва танзимгари МПМК “Хоҷамастон”-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҳамчун шахсони ҳуқуқию мансабдор барои риоя накардани шарту талаботҳои иҷозатномадиҳӣ, дар асоси моддаи 511 Кодекси ҳукуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон маводи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, аз рӯи тобеият ба суд ирсол карда шудааст, - гуфт И. Шафизода.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:14Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:11ВАТАН ДАР ҶОН 13:07РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД! 13:03
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
СУРУДИ МИЛЛӢ КАЙ САДО ДОД?


