Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Ошкоршавии беш 1300 килограмм антифризи бесифат
Ба саволи хабарнигори маҷаллаи “Сафо” перомуни чӣ миқдор ошкоршавии антифризи бесифат Назрулло Шарифзода, муовини Маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Хатлон зимни нишасти матбуотӣ иброз кард, ки ба миқдори 1939 килограмм ин намуди маҳсулоти бесифат давоми соли гузашта ошкор карда шудааст. Ба иттилои ӯ ин миқдор моеи зиддиях аз 18 нафар соҳибкороне, ки ин гуна маҳсулоти бесифатро дар бозору мағозаҳо ба фурӯш бароварда буданд, ошкор шудааст. Нисбати ин соҳибкорон аз ҷониби мақомоти суд чораҳои дахлдор қабул карда мешавад.
Гуфта шуд, ки давоми соли 2022 аз ҷониби ҳамаи шуъбаҳои Марказ 210 санҷиш гузаронида шуда, нисбати 259 нафар соҳибкорон ва масъулини субъектҳои хоҷагидорӣ барои ба фурӯш баровардани молу маҳсулоти ғайристандартӣ, муҳлати истеъмолашон гузашта, фиреби истеъмолкунандагон, риоя накардани қоидаҳои хӯроки умумӣ, савдо ва хизматрасонӣ ба маблағи 81 ҳазору 88 сомонӣ ҷарима татбиқ карда шудааст.
Санҷишҳои гузаронидашуда, 171 ҳолат ба нуқтаҳои савдо, 17 ҳолат ба нуқтаҳои хӯроки умумӣ, 2 ҳолати санҷиши анборҳо, 18 ҳолати санҷиши нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ва 2 ҳолати санҷиши дигар ба бозорҳо рост меояд.
Инчунин соли гузашта аз ҷониби мутахассисони Марказ 135 ташхис дар бозорҳои дохилӣ гузаронида шуда, 3 ҳолати ғайристандартии маводи сӯзишворӣ ошкор шудааст. Аз ин 4550 килограмм бензин ва 7262 килограмм сӯзишвории дизелӣ мебошад. Муайян гардид, ки дар ин миқдор маҳсулоти сӯзишворӣ тамғагузорӣ нодуруст гузошта шуда будааст.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
Гулҳои Гулсара 12:47ПАНДИ МОДАР 12:43Гавҳари зиндагӣ 12:39Як хиёбон дард 12:34ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
МАРДИ МЕҲНАТ
МАВЛОНО ВА ВАҲДАТИ БАШАРӢ
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!


