Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
06 фев 15:01Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Иҷтимоъ
Содироти матоъ ба хориҷи кишвар
Соли 2022 аввалин маротиба аз вилояти Хатлон ба хориҷи кишвар ба маблағи 5 миллион доллар содироти матоъ ба роҳ монда шуд,- гуфт сардори Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон Эраҷ Ҳалимзода зимни нишасти матбуотӣ.Ӯ афзуд, ки ин иқдом аз ҷониби ҶСП “Данғара Син – Силу Текстил” роҳандозӣ гардида, содирот ба давлатҳои Федератсияи Россия ва Туркия анҷом дода шудааст.
Зикр гардид, ки соли гузашта аз вилояти Хатлон ба хориҷи кишвар 31 номгӯи маҳсулоти молӣ содирот карда шудааст, ки маблағи он 238,2 миллион долларро дар бар мегирад.
Дар баробари содирот, соли сипаригардида 83 номгӯи гурўҳи молӣ ба маблағи 260 миллион доллар аз хориҷи кишвар ба вилояти Хатлон ворид гаштааст.
Ба иттилои Эраҷ Ҳалимзода соли 2022 сарҳади гумрукии вилояти Хатлонро 602 ҳазору 932 нафар шаҳрвандон убур кардаанд, ки ин нишондод, дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2021-ум 282 ҳазору 393 нафар зиёд мебошад.
Соли гузашта дар воҳидҳои тобеи Раёсат 128 ҳолати қонуншиканӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумора 7 адад ҳолати ҷиноят ва 121 адад ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ дар соҳаи гумрук мебошад. Дар асоси парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурии оғозкардашуда, ба маблағи 314 ҳазору 992 сомонӣ ҷарима ситонида шудааст. Парвандаҳои оғозшуда ба 69 нафар шахсони воқеӣ ва 52 нафар шахсони ҳуқуқӣ тааллуқ доранд.
Сулаймони СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
ПАНДИ МОДАР
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ
АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС
Гавҳари зиндагӣ
ВАТАН ДАР ҶОН


