Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Гӯштини миллии тоҷикӣ мақоми байналмилалӣ гирифт
Тавре, ки қаблан АМИТ «Ховар» хабар дода буд, гӯштини миллии тоҷикӣ (гӯштингирӣ) мақоми байналмилалӣ касб намуд. Ин дараҷаи байналмилалӣ дар Вазорати адлияи Швейтсария ба қайд гирифта шуда, гӯштини миллии тоҷикӣ соҳиби сертификати байналмилалӣ гардид.«Барои соҳиб гардидан ба ин мақом 19 марти соли 2022 дар шаҳри Душанбе пеш аз оғози баргузории Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини миллӣ бо иштироки намояндагони 31 давлати дунё конфронс баргузор гардид. Дар он намояндагони давлатҳои иштирокчӣ ин тасмимро ҷонибдорӣ намуданд»,-гуфт сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтолиб Шокирзода.
Ба гуфтаи сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши дастгоҳи марказии Кумита, яке аз муҳимтарин воситаи устуворгардонии рушди соҳаи варзиш- ин эҳтиром ва арҷгузорӣ ба бозиҳои миллии варзишӣ мебошад, ки ҳамчун рамзи матонат, ҷасурӣ, тавоноӣ ва далериву шуҷоат ба ҳифзи арзишҳои волои миллӣ ва таъмини солимии ҷомеа равона гардидааст. Ин аст, ки зери ҳидояту дастгириҳои ҳамешагии варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бозиҳои миллии варзишӣ, бахусус гӯштини миллӣ- гӯштингирӣ аз нав эҳё ва рушд ёфта истодааст.
«Як сабаби хусусияти байналмилалӣ касб кардани гӯштини миллӣ бо ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ зиёда аз 4 маротиба доир намудани мусобиқаи байналмилалии варзишӣ оид ба гӯштини миллӣ дар пойтахти Тоҷикистон мебошад»,-афзуд ӯ.
Бознашр аз АМИТ «Ховар»
Добавить комментарий
Ахбор
Гулҳои Гулсара 12:47ПАНДИ МОДАР 12:43Гавҳари зиндагӣ 12:39Як хиёбон дард 12:34ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
МАРДИ МЕҲНАТ
МАВЛОНО ВА ВАҲДАТИ БАШАРӢ
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!


