Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
23 янв 08:31Ахбор / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Иҷтимоъ / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ
Бунёди 166 иншоот дар нақша
То ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бунёди 166 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст.Ба иттилои мутахассиси пешбари бахши меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи болозикр Саид Шукуров, аллакай, соли 2022, аз ҷамъи умумии иншооти ба нақшагирифташуда, 32 адади он мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки дар онҳо беш аз 60 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимию мавсимӣ ва маоши хуб таъмин гаштанд.
Боз дар зиёда аз 20 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ босуръат идома доранд, ки марҳила ба марҳила сохта ба истифода дода мешаванд.
Дар бунёди иншооти гуногун саҳми соҳибкорони маҳаллӣ назаррас буда, қисмати зиёди ин иншоот аз ҳисоби онҳо сохта шуда истодааст.
Аз ҷумла, бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ дар деҳаи Чорбоғи Ҷамоати деҳоти Навобод бо харҷи 630 ҳазор сомонӣ бунгоҳии тиббии замонавии дорои шаш утоқи барҳавои корӣ бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ сохта ба истифода дода шуд.
Сокинони меҳнатқарини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ тамоми кӯшишу ғайрати хешро баҳри он равона намуда истодаанд, ки ҷашни пурифтихори 35 – солагии Истиқлолияти давлатии кишварро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоянд, - гуфт Саид Шукуров.
Сулаймони ДАВЛАТ
Добавить комментарий
Ахбор
Гулҳои Гулсара 12:47ПАНДИ МОДАР 12:43Гавҳари зиндагӣ 12:39Як хиёбон дард 12:34ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
МАРДИ МЕҲНАТ
МАВЛОНО ВА ВАҲДАТИ БАШАРӢ
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!


