Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Роҳандозии 25 намуди амалиёти ҷарроҳии нав
Соли 2022 дар муассисаҳои тандурустии вилояти Хатлон 25 намуди амалиёти нави ҷарроҳӣ дар самти ворид намудани усулҳои нав гузаронида шудааст. Инҳо ҷарроҳиҳое мебошанд, ки нахустин бор дар қаламрави вилоят ба роҳ монда шудаанд.Дар ин бора Маркази матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.
Манбаъ зикр кардааст, ки дар Беморхонаи клиникии бисёрсоҳавии ба номи А. Ҳақназарови шаҳри Кӯлоб усули нави ҷарроҳии найчагузории маҷроҳои талхагузар, кистаҳои солитарии ҷигар, гурда ва узвҳои занона таҳти назорати дастгоҳи ташхисии фаросавтӣ ба роҳ монда шуда, инчунин дар беморхонаи мазкур амалиёти ҷарроҳии бурида гирифтани думи ғадуди зери меъда бо киста гузаронида шудааст.
Дар Беморхонаи клиникии вилоятии ба номи Бурӣ Воҳидови шаҳри Бохтар низ ба беморон бо ташхиси “тангшавии роҳҳои пешобрав” амалиёти ҷарроҳии “ретеропластикаи аугментатсионӣ” бо истифодабарии пардаи луобии лунҷ, амалиёти ҷарроҳии “эхинококози шушҳо” бо усули торакоскопӣ тариқи видеоассистентӣ ва ҷарроҳии тармимӣ дар суфраи гӯш ба роҳ монда шуд.
Ба иттилои манбаъ дар давраи сипаригашта дар Маркази ҷарроҳии вилоятӣ амалиёти ҷарроҳии “Краниотомияи устухони пушти сар аз чап бо гирифтани омоси дохилимағзии кистозиву солидии ҳиссаи пушти майнаи сар аз чап”, амалиёти ҷарроҳии “Краниотомияи устухони фарқу пешонаву чакка аз чап бо гирифтани омоси дохилимағзии ҳиссаҳои фарқу пешона аз чап”, амалиёти ҷарроҳии “Краниотомияи устуҳони фарқу чаккаи сар аз ду тараф, бисёртар аз тарафи чап бо гирифтани омоси сеяки мобайнии синуси сагиталии майнаи сар аз чап”, амалиёти ҷарроҳии “Ламинэктомияи муҳраҳои С4-С5-С6-С7 бо гирифтани омоси интрадуралии ҳароммағз” ва ғайра муваффақона сурат гирифтааст.
Дар Беморхонаи марказии ноҳияи Фархор низ ба воситаи дастгоҳи ташхиси фаросавтӣ гузоштани нефростома ба кистаҳои гурдаҳо ба роҳ монда шудааст.
С. СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:14Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:11ВАТАН ДАР ҶОН 13:07РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД! 13:03
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
СУРУДИ МИЛЛӢ КАЙ САДО ДОД?


