Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
13 янв 22:15Ахбор / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Иҷтимоъ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ
Нуқтаи тиббӣ барои зарардидагон
Бо ташаббуси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷамоати деҳоти Золи зари ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ маркази ҷойгирии муваққатии паноҳандагони эҳтимолӣ ва онҳое, ки бар асари офатҳои табиӣ зарар дидаанд, нуқтаи тиббӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар ин бора роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Баҳром Исоев ба “Сафо” иттилоъ дод.
Номбурда гуфт, ки ин нуқтаи тиббӣ дар доираи ҳамкории байналмилалии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарикони рушд дар самти коҳиши хатари офатҳо сохта шуда, имкон медиҳад дар сурати сар задани офати табиӣ ё дигар ҳолатҳои фавқулода тақрибан 100 оилаи аз манзил ва амволи худ маҳрумшуда бо ашёи зарурӣ, аз қабили хайма дорухонаи шахсӣ, зарфҳои об, бастаҳои беҳдоштӣ, болишту кӯрпа ва маҷмааҳои ошхонаӣ таъмин бошанд.
Дар маросими ифтитоҳи ин нуқтаи тиббӣ муовини аввали Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳотамшо Латифзода ва намояндаи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ таҳти раёсати Департаменти дастгирии кишварҳо, омодагӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодаи Дафтари аврупоии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ Гундо Уэйлер иштирок намуданд.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
Гулҳои Гулсара 12:47ПАНДИ МОДАР 12:43Гавҳари зиндагӣ 12:39Як хиёбон дард 12:34ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
МАВЛОНО ВА ВАҲДАТИ БАШАРӢ
МАРДИ МЕҲНАТ
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ


