Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
02 ноя 07:37Ахбор / Сохтмон ва меъморӣ
Оғози корҳои сохтмонии парки технологии иноватсионӣ дар ноҳияи Панҷ
1 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ба корҳои сохтмонии парки технологии иноватсионӣ ҳусни оғоз бахшиданд.
Масоҳати парки технологии бунёдшаванда 3 гектарро ташкил намуда, оянда дар он ҷиҳати амалигардонии ҳадафи 4-уми стратегии давлату Ҳукумати кишвар – саноатикунонии босуръати мамлакат коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ бунёд карда мешавад.
Тибқи нақша дар парки технологӣ бо ҷалби соҳибкорону дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ сохтмони 9 корхона ба нақша гирифта шудааст, ки самти фаъолияти онҳо ба истеҳсоли орду равған, коркарди меваю сабзавот, сачоқҳои як карата, обҳои ташнашикан, маҳсулоти қаннодиву макаронӣ, масолеҳи сохтмонӣ, маҳсулоти хурокворӣ ва дигар ашёҳои рӯзгор равона мегарданд.
Баъди пурра ба истифода додани корхонаҳои сохташаванда, зиёда аз 200 ҷойи нави корӣ муҳайё мегардад.
Маҳсулоти истеҳсолии коргоҳу корхонаҳои бунёдшаванда воридотивазкунанда буда, дар қонеъ гардонидани талоботи бозори дохилӣ бо чунин маҳсулот мусоидат менамояд.
Иттилоъ дода шуд, ки то 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар 30 шаҳру ноҳияи мамлакат чунин паркҳои технологӣ таъсис меёбанд, ки дар натиҷа шумораи коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ ба маротиб зиёд мешавад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсиси парки технологиро дар ин ноҳияи дурдаст саривақтӣ арзёбӣ намуда, ба масъулин ҷиҳати бо сифат анҷом додани корҳои бунёдӣ ва дар оянда истеҳсоли маҳсулоти босифат ва зиёд намудани ҷойҳои нави корӣ дастуру ҳидоятҳо доданд.
Бознашр аз Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Масоҳати парки технологии бунёдшаванда 3 гектарро ташкил намуда, оянда дар он ҷиҳати амалигардонии ҳадафи 4-уми стратегии давлату Ҳукумати кишвар – саноатикунонии босуръати мамлакат коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ бунёд карда мешавад.Тибқи нақша дар парки технологӣ бо ҷалби соҳибкорону дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ сохтмони 9 корхона ба нақша гирифта шудааст, ки самти фаъолияти онҳо ба истеҳсоли орду равған, коркарди меваю сабзавот, сачоқҳои як карата, обҳои ташнашикан, маҳсулоти қаннодиву макаронӣ, масолеҳи сохтмонӣ, маҳсулоти хурокворӣ ва дигар ашёҳои рӯзгор равона мегарданд.
Баъди пурра ба истифода додани корхонаҳои сохташаванда, зиёда аз 200 ҷойи нави корӣ муҳайё мегардад.
Маҳсулоти истеҳсолии коргоҳу корхонаҳои бунёдшаванда воридотивазкунанда буда, дар қонеъ гардонидани талоботи бозори дохилӣ бо чунин маҳсулот мусоидат менамояд.
Иттилоъ дода шуд, ки то 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар 30 шаҳру ноҳияи мамлакат чунин паркҳои технологӣ таъсис меёбанд, ки дар натиҷа шумораи коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ ба маротиб зиёд мешавад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсиси парки технологиро дар ин ноҳияи дурдаст саривақтӣ арзёбӣ намуда, ба масъулин ҷиҳати бо сифат анҷом додани корҳои бунёдӣ ва дар оянда истеҳсоли маҳсулоти босифат ва зиёд намудани ҷойҳои нави корӣ дастуру ҳидоятҳо доданд.
Бознашр аз Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР
АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС
Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ
ВАТАН ДАР ҶОН
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!


