Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
КӮЛОБ. ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ФАЛАК
Ҳамасола 10-уми октябр дар мамлакат Рӯзи фалак бо шукуҳӯ шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад. Ба ин муносибат санаи 8 октябри соли ҷорӣ дар Қасри фарҳанги ба номи Рустами Абдураҳими шаҳри Кӯлоб чорабинии бошукӯҳ доир гардид.
Дар он намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, шоирону адибон, омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ ва дӯстдорони жанри фалак иштирок доштанд.
Нахуст, меҳмонон аз намоиши ҳунарҳои мардумии шаҳр, аз қабили гулдӯзию чакандӯзӣ, қуроқдӯзӣ, чӯбтарошиву кандакорӣ ва дигар навъҳои ҳунарии мардумӣ дидан намуда, ба ҳунари волои онҳо баҳои баланд доданд.
Маросими тантанавӣ бахшида ба Рӯзи фалакро муовини раиси шаҳри Кӯлоб
Даминзода Арафамо оғоз намуда, аз номи роҳбарияти шаҳр ҳамагонро ба Рӯзи фалак табрику таҳният гуфтанд. Гуфта шуд, ки барои мо мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол, хусусан сокинони шаҳри Кӯлоб мояи ифтихор ва сарфарозист, ки бо эъҷози баланди ҳунар тӯли асрҳо дар рушди фарҳанги миллӣ ва умумиҷаҳонӣ саҳми арзанда гузошта истодаем. Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд: “Ватани Чакан ва ватани Фалак шаҳри Кӯлоб аст”.
Дар ин рӯз ба як қатор ҳунармандони шаҳри Кӯлоб барои хизматҳои назаррас ноил гардидан ба дастовардҳои пурсамари меҳнатӣ, саҳми арзанда гузоштан дар рушди соҳаи фарҳанг Сипосномаи раиси шаҳри Кӯлоб тақдим карда шуд.
Дар охир чорабинии фарҳангӣ аз тамошои наворҳои видиоӣ аз ҷараёни қабулшавии жанри Фалак дар ЮНЕСКО ва барномаи омоданамудаи фалаксароёни шаҳри бостонии Кӯлоб пешниҳоди иштирокчиён карда шуд.
Далер Шарифов
Дар он намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, шоирону адибон, омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ ва дӯстдорони жанри фалак иштирок доштанд.
Нахуст, меҳмонон аз намоиши ҳунарҳои мардумии шаҳр, аз қабили гулдӯзию чакандӯзӣ, қуроқдӯзӣ, чӯбтарошиву кандакорӣ ва дигар навъҳои ҳунарии мардумӣ дидан намуда, ба ҳунари волои онҳо баҳои баланд доданд.
Маросими тантанавӣ бахшида ба Рӯзи фалакро муовини раиси шаҳри КӯлобДаминзода Арафамо оғоз намуда, аз номи роҳбарияти шаҳр ҳамагонро ба Рӯзи фалак табрику таҳният гуфтанд. Гуфта шуд, ки барои мо мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол, хусусан сокинони шаҳри Кӯлоб мояи ифтихор ва сарфарозист, ки бо эъҷози баланди ҳунар тӯли асрҳо дар рушди фарҳанги миллӣ ва умумиҷаҳонӣ саҳми арзанда гузошта истодаем. Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд: “Ватани Чакан ва ватани Фалак шаҳри Кӯлоб аст”.
Дар ин рӯз ба як қатор ҳунармандони шаҳри Кӯлоб барои хизматҳои назаррас ноил гардидан ба дастовардҳои пурсамари меҳнатӣ, саҳми арзанда гузоштан дар рушди соҳаи фарҳанг Сипосномаи раиси шаҳри Кӯлоб тақдим карда шуд.Дар охир чорабинии фарҳангӣ аз тамошои наворҳои видиоӣ аз ҷараёни қабулшавии жанри Фалак дар ЮНЕСКО ва барномаи омоданамудаи фалаксароёни шаҳри бостонии Кӯлоб пешниҳоди иштирокчиён карда шуд.
Далер Шарифов
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР
АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС
Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ
ВАТАН ДАР ҶОН
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!


