Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Табрикоти раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода бахшида ба 31- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мо, ворисони Шераку Спитамен, Муқаннаву Темурмалик, Абумуслиму Восеъ, Исмоили Сомониву Низомулмулк, Рӯдакиву Фирдавсӣ, Закариёи Розиву Сино, Аҳмади Донишу Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафурову Мирзо Турсунзода ва садҳо қаҳрамонони миллат ҳамчун ворисони арзанда аз рӯҳи шикастнопазири аҷдодонамон неруву тавонмандӣ гирифта, тавонистем баъди ҳазорон сол тоҷи соҳибдавлатиро бар сар ниҳем ва боиси ифтихори фарзандони имрӯз ва гузаштагони соҳибмаърифатамон гардем.
Ба таъкиди Пешвои муаззами миллат: “Таърих гувоҳ аст, ки дар тӯли ҳазорсолаҳо оини давлату давлатдории тоҷикон сахтиҳои хорошикани таназзулу эҳё шуданро борҳо аз сар гузаронда, аз дунболи ҳар шикасту инқироз, боз эҳёшавӣ ва камолоти афзунтарро ноил гаштааст. Ин рисолати таърихиро, ки дар раванди давлатдории ҷаҳон назир надорад, метавон рисолати давлатдории тоҷикон номид».
Мардуми шарафманди тоҷик 31 сол боз озоду сарбаланд, боғуруру бовиқор зери навои ҷонбахши соҳибистиқлолӣ, ки пуропури насими нишоту шодкомиҳо, хандаву қаҳқаҳаи беғамиҳо мебошад, баҳри амалисозии сиёсати инсонмеҳвари Пешвои муаззами миллат гомҳои устувори созандагӣ мезанад. Дар расидан ба ин рӯзҳои пурнишот мо, аҳли Тоҷикистони озод, танҳо аз як нафар - Президенти маҳбубамон бояд миннатдор бошем ва бо доштани чунин Пешвои муаззам бояд аз умқи фитрати азалӣ ва аз сидқи қалбамон ифтихор намоем.
Ҳаёти ҳаррӯзаи башарият, хоҳ пурнишоту хоҳ пурғам, дар ёдҳо чун нақше дар санг абадӣ боқӣ мемонад ва аз хотираи таърих ҳеҷ гоҳ зудуда нагашта, барои ибрати ояндагон ҳамчун маҳаки муқоисаву баҳодиҳӣ истифода хоҳад гашт.
Сад шукри Офаридгор, ки ба ин миллат нигоҳи дилсӯзона ва ҳаёти бардавомро раво дида, ба арсаи роҳбарии мардум чеҳраи наву нуронӣ ва дорои заковати олӣ ва қобилияту ҷасорати азалиро пазируфт. Дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маснади Раиси Шӯро ва Сарвари давлат интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба низоми нави давлатдорӣ, суботи сартосарӣ, ташаккули шохаҳои ҳокимият, осоиштагии мардум, бозгашти гурезаҳо, созандагиву дастовардҳо дар ҳама соҳаҳо асос гузошт.
Таърих исбот менамояд, ки низоъҳои дохилӣ мушкилотест, ки солҳои тӯлонӣ давом карда, ҳалли онҳо мушкилтар аз ҷанги байни давлатҳо мебошад. Аммо андешаи поки мардум ва талошҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти расидан ва пойдор кардани сулҳ дар Тоҷикистон натиҷаҳои бесобиқа доданд. Роҳбари кишвари мо тавонист мактаби наверо дар роҳи расидан ба сулҳ аснои низоъҳои дохилӣ асос гузорад.
Ҳамдиёрони азиз!
Доштани ватани ободу зебо, ҷилои сулҳу субот дар кишвар неъматест, ки наметавон онро ба чизе андоза ва монанд кард.
Хушбахтӣ ва ифтихори бузурги ҳар инсон аст, ки дар оғӯши Ватани босубот, зери осмони беғубор зиндагӣ ба сар бурда, ба қадри он бирасад. Ба даст овардани истиқлолият худ неъмати гаронарзиш асту нигоҳдошту ҳифзи он ба дӯши ҳар як нафари ватандӯст масъулияти ҷиддиро вогузор менамояд.
Итминонам комил аст, ки мо боз ҳам роҳҳои рушду такомули тоза ба тозаро эҷод ва кишварамонро ба дастури Пешвои муаззами миллат боз ҳам ободу зебо хоҳем кард.
Дар ин кор ба ҳиммату сарсупурдагии ҳар як сокини сарбаланд, бунёдкор ва боғурури вилоят умеду боварӣ дорам ва медонам, ки мардуми шарафманду зарофари Тоҷикистон, алалхусус сокинони вилоят, дар оянда низ баҳри гулгулшукуфии Ватани азиз, иҷрои дастуру супоришҳо ва ҳидоятҳои падаронаи Пешвои муаззами миллат аҳлона ба меҳнати созандагии худ идома ва тақвият мебахшад.
Бори дигар дар фароварди сухан якояки сокинони вилоятро бо ин ҷашни муқаддас - 31-солагии Истиқлоли давлатӣ аз самими дил табрику таҳният гуфта, ба ҳамаи Шумо солимии бардавом, рӯзгори пурнишот ва саодатмандии шахсиро таманно менамоям.
31- солагии Истиқлолияти давлатӣ муборак, дӯстони азиз!

Добавить комментарий
Ахбор
ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ – РОҲНАМОИ РУШДИ БОСУБОТИ КИШВАР 11:06МАҲБУБИ КӮДАКОН 10:482025 – СОЛИ ФАТҲИ ҲАДАФҲОИ БУЗУРГ ДАР ХАТЛОН 10:39ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДИИ 2026 10:29ЭЪЛОМИЯИ КУРУШИ КАБИР – БОЗГӮИ АДОЛАТИ ТАЪРИХӢ 10:34Дар Хатлон 600 ҳазор дарахт шинонида мешавад 14:36ХАТЛОН. 60 ФОИЗИ НАФАҚАГИРОН АЗ ҚАЙД ГУЗАШТАНД 14:11Бохтар. 1,5 километр роҳ мумфарш карда шуд 15:13
Серхонандаҳо
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДИИ 2026
БОХТАР. НАСБИ АРЧАИ СОЛИНАВӢ БО БАЛАНДИИ 24 МЕТР
«ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН - ПАЁМИ СОЗАНДА ВА КАФИЛИ ТАЪМИНИ РУШДИ БОСУБОТИ КИШВАР»
Бохтар. 1,5 километр роҳ мумфарш карда шуд
Ҷ. БАЛХӢ. 8 КИЛОМЕТР РОҲ МУМФАРШ КАРДА ШУД
ХАТЛОН. 60 ФОИЗИ НАФАҚАГИРОН АЗ ҚАЙД ГУЗАШТАНД
Дар Хатлон 600 ҳазор дарахт шинонида мешавад
МАҲБУБИ КӮДАКОН
ЭЪЛОМИЯИ КУРУШИ КАБИР – БОЗГӮИ АДОЛАТИ ТАЪРИХӢ
ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ – РОҲНАМОИ РУШДИ БОСУБОТИ КИШВАР