Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Ноҳияи Ҷайҳун худкифо мешавад
Аз нишастҳои матбуотӣ
Раиси ноҳияи Ҷайҳун Абдулҳафиз Одиназода зимни нишасти матбуотии хеш гуфт, ки то соли 2024 ноҳияи Ҷайҳун пурра аз маблағҳои субвенсионии вилояту ҷумҳурӣ даст мекашад.
Гуфта шуд, ки бо мақсади амалигардонии ин иқдом дар ноҳия бунёди як парки технологӣ ба нақша гирифта шудааст, ки дар он зиёда аз 10 коргоҳу корхонаҳои саноатӣ сохта мешаванд.
Аллакай барои бунёди парки технологӣ ҷойи замини сохтмон муайян гардида, соҳибкорон барои бунёди корхонаҳо ҷалб гардидаанд.
Дар баробари бунёди парки технологӣ, инчунин дар доираи нақша – чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди 504 иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки аз ин шумора 34 ададаш корхонаҳои истеҳсолӣ мебошанд.
Ҳамчунин давоми панҷ соли оянда дар ноҳия бунёди 113 гармхона барои парвариши меваҳои ситрусӣ ва қулфинай, панҷ сардхона ва ду корхонаи истеҳсоли шарбат ба нақша гирифта шудааст, ки барои пурра худкифо намудани ноҳияи Ҷайҳун мусоидат хоҳанд кард.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Раиси ноҳияи Ҷайҳун Абдулҳафиз Одиназода зимни нишасти матбуотии хеш гуфт, ки то соли 2024 ноҳияи Ҷайҳун пурра аз маблағҳои субвенсионии вилояту ҷумҳурӣ даст мекашад.Гуфта шуд, ки бо мақсади амалигардонии ин иқдом дар ноҳия бунёди як парки технологӣ ба нақша гирифта шудааст, ки дар он зиёда аз 10 коргоҳу корхонаҳои саноатӣ сохта мешаванд.
Аллакай барои бунёди парки технологӣ ҷойи замини сохтмон муайян гардида, соҳибкорон барои бунёди корхонаҳо ҷалб гардидаанд.
Дар баробари бунёди парки технологӣ, инчунин дар доираи нақша – чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди 504 иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки аз ин шумора 34 ададаш корхонаҳои истеҳсолӣ мебошанд.
Ҳамчунин давоми панҷ соли оянда дар ноҳия бунёди 113 гармхона барои парвариши меваҳои ситрусӣ ва қулфинай, панҷ сардхона ва ду корхонаи истеҳсоли шарбат ба нақша гирифта шудааст, ки барои пурра худкифо намудани ноҳияи Ҷайҳун мусоидат хоҳанд кард.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД 14:28Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст 13:58ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - ПЕШВОИ ҶОИЗАЗЕБИ ҶАҲОН 13:03ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ 12:57Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид 15:36СУРУДИ МИЛЛӢ КАЙ САДО ДОД? 15:52МАН ОРИЁИЯМ, АЗ НАСЛИ ОФТОБ 15:48БОХТАР – ШАҲРИ РУШДУ БУНЁДКОРӢ 15:59
Серхонандаҳо
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
БОХТАР – ШАҲРИ РУШДУ БУНЁДКОРӢ
СУРУДИ МИЛЛӢ КАЙ САДО ДОД?
МАН ОРИЁИЯМ, АЗ НАСЛИ ОФТОБ
ТАНТАНАИ ИСТИҚЛОЛ
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - ПЕШВОИ ҶОИЗАЗЕБИ ҶАҲОН


