14 сен 10:01Ҷавонон / Маориф

Омина -ғолиби озмуни байналмилалӣ

Омина ҳини дар синфи ҳафтум таҳсил карданаш аз олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз забони англисӣ медали тилло гирифта буд. Соли 2020 дар олимпиадаи сатҳи байналмилалии ҲИПО соҳиби ҷойи дуюм гашт. Бо сабаби соҳиби медал шуда, дар сатҳи байналмилалӣ ҷой гирифтан Оминаро аз пардохти маблағи яксолаи таҳсил дар литсей озод карданд. Дар омода шудани вай то ба ин сатҳ пеш аз ҳама устодаш Ҷамолиддин Фатоев ва волидайнаш заҳмат кашиданд. - Мо муддати 10–11 рӯз дар Англия будем. Дар қатори мо инчунин 76 нафар хонандагон ва 10 нафар устодон аз Тоҷикистон ба Англия барои иштирок дар олимпиада рафта буданд. Дар ин олимпиадаи ман дар категорияи синфи 8 будаҳо соҳиби ҷойи аввалу медали тилло ва сертификат гаштам. Дар оянда орзуи тарҷумон ва ё ҳуқуқшинос шудан дорам, – мегӯяд Омина Худоиқулова, хонандаи синфи 9-и литсейи давлатии №1-и ноҳияи Восеъ. Ман ҳамроҳи Омина Худоиқулова 5 сол шуд кор мекунам. Ҳамкорӣ ва дастгирии волидайнро қайд кардан ба маврид аст, ки онҳо дар якҷоягӣ бо устоду мактаб кор карданд ва он натиҷаи беҳтарин дод. Ман боварӣ дорам, ки агар волидайн дастгирӣ намекарданд ва шароит муҳайё намекарданд, Омина то ба ин сатҳ ва ин зина ҷой намегирифт. Хароҷотҳои рафтану омадани Омина на кам аз 50 ҳазор сомониро ташкил мекард. Бо дастгирии раиси ноҳия 20 ҳазор сомонӣ кумаки карда шуд ва боқӣ 30 ҳазор сомонии дигарашро волидайни Омина пардохт карданд. Ман аз ҷониби раиси ноҳияи Восеъ 1000 сомонӣ ҳавасманд гардидам,- мегӯяд Ҷамолиддин Фатоев, омӯзгори фанни забони англисии литсейи давлатии №1-и ноҳияи Восеъ.Дар масъалаи фарқияти кор ва тайёр кардани шогирдон ба озмунҳои сатҳи вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дар мактабҳои типпи нав гимназияву литсейҳо шароит барои ташкил ва гузаронидани махфилҳои фаннӣ беҳтар аст. Ҳамчунин, дар мактабҳои типпи нав маҳфилҳои фаннӣ пулакианд ва устодон дар мактабҳои типпи нав ҳавасманд гардонида мешаванд. Дар МТМУ бошад маҳфилҳо бе пул буда, устодон ҳавасманд карда намешаванд, ки ин натиҷаҳои дилхоҳ намедиҳад. Вақте шогирдон маблағ пардохт мекунанд волидайн низ ба ин таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд ва вақте дуҷониба таваҷҷуҳ ба дарсазхудкунии шогирд шуд натиҷаи дилхоҳ ба даст меояд. Дар литсейи мо чунин тарзи кор аст ва барои ҳамин шогирдони ҳавасманди маҳфили фанни забони англисӣ зиёд аст. – аз фаъолияти корӣ қисса мекунад Ҷамолиддин Фатоев. Шогирдони Ҷамолиддин алҳол дар Олмон, Амрико, Малайзия ва қисман донишгоҳҳои Аврупо таҳсил мекунанд. Бисёриашон тариқи ММТ ройгон ба донишгоҳҳо дохил шудаанд. Маҳфили фанни забони англисии устод ташкилнамуда аз соли 2014 инҷониб фаъол аст. Тавре Ҷамоллидин қисса мекунад, соли таҳсили 2021 - 2022 барои ӯ ва шогирдонаш бобарор буд. Зеро дар чандин олимпиадаҳо иштирок намуда, соҳиби медал гаштанд. Устод ва маъмурияти литсей кӯшиш карда истодаанд, ки сафи иштирокчиёни чунин олимпиадаҳои сатҳи байналмилалиро зиёд кунанд. Ҷ. Фатоев ҳатто иқдом гирифтааст, ки шогирдони ҳавасманди дилхоҳ мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияро аз барои олимпиадаҳо омода намояд. Ноҳия калон аст ва соҳибистеъдодҳо низ кам нестанд, танҳо шароит ва дастгирӣ лозим аст.

С. ХАЛИЛИЁН, ноҳияи Восеъ 

Похожие новости:
АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маориф / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Хуросон ва ифтитоҳи бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Хуросон ва ифтитоҳи бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист АСОСӢ / Ахбор / Сиёсат / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Варзиш / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ АСОСӢ / Сиёсат / Мақомот
Добавить комментарий