Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
МегаФон Тоҷикистон ба донишҷӯёни донишгоҳи давлатӣ доир ба алоқаи мобилӣ маълумот расонид
Аввалин оператори имкониятҳои нави рақамӣ бо донишҷӯёни факултети информатикаи ДДБ ба номи Носири Хусрав вохӯрӣ доир намуд. Мутахассисони МегаФон оид ба фаъолияти алоқа, хизматрасониҳои FinTech-и аз ҷониби ширкат амалишаванда маълумот дода, “маталҳои мобилӣ”-ро ба пуррагӣ ошкор карданд.
МегаФон Тоҷикистон мунтазам бо донишҷӯёни макотиби олӣ вохӯриҳоро доир менамояд. Лекин он сатҳи фаъолнокие, ки донишҷӯён имрӯз нишон доданд, ҳоло ба мушоҳида нарасида буд. Барои муҳандисони оянда ҳама ҷиҳатҳо ҷолиб буд: онҳо маълумотро оид ба таркиби алоқаи мобилӣ, муосиргардонии шабака ва хизматрасониҳои рақамии оператор бодиққат гӯш карда, саволҳои сершумор доданд. Меҳмонон аз ширкати “МегаФон Тоҷикистон” роҳу воситаҳои таъминкунӣ бо алоқаи мобилиро шарҳ дода, ба ҳозирин пешкаш карданд, ки пешниҳодҳои мухталифи бозори телекоммуникатсиониро бо ҳам муқоиса намоянду худ қазоват кунанд, ки ба кадом хотир тарофаи “Аз ту оғоз мегардад!” – тарофаи муфидтарин аст. Чунин хизматрасониҳо, ба монанди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар замимаи “МегаФон Life” бошанд, аз ҷониби донишҷӯён бевосита бо смартфонҳо мавриди омӯзиш қарор дода шуданд. Акнун саволе дар хусуси фаъолияти “Ҳамён”-и мобилӣ боқӣ намонд. Аз ҳама бештар донишҷӯён ба FinTech-хизматрасониҳои дигар – масалан кортҳои кобрендингии бонкӣ ва пардохти маблағи харидҳо бо ёрии QR-рамзҳо мароқ зоҳир намуданд.
“Имрӯз ман маълумоти зиёди нав гирифтам. Хеле хурсанд шудам, ки ширкат хизматрасонии “Cash Оut”-ро пешниҳод мекунад. Акнун дар назди банкоматҳо навбатро интизор нашуда, аз он зиёдтар кор мегирам!” – аз таассуроти худ сухан гуфта, баён дошт донишҷӯи ДДБ ба номи Носири Хусрав Эраҷ Икромзода. Ӯ инчунин изҳор дошт, ки муддати хеле тӯлонӣ муштарии МегаФон мебошад ва баъди хатми мактаби олӣ орзӯи дар ширкат кор карданро дорад.
Яке аз масъалаҳои муҳим бунёд ва инкишофи шабака дар Хатлон маҳсуб меёфт. Кормандони ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар бораи роҳу воситаҳои бакордарории таҷҳизот дар шаҳрҳо ва навоҳии дурдасти кӯҳӣ маълумот расониданд. Донишҷӯён инчунин дар хусуси чунин ҳолатҳо, вақте сокинони маҳаллӣ бинобар овозаҳою гуфтаҳои беасос ба насби пойгоҳҳои базавӣ зиддият нишон медиҳанд, маълумот пайдо намуданд, ки ин боиси тааҷҷуби онҳо гардид. Дар ин ҳолат муҳандисон баён мекунанд, ки таҷҳизоти мобилӣ комилан барои саломатӣ бехатар аст. Ин бо тадқиқоти сершумори табибон тасдиқ гардидааст. Ҷиҳатҳои мусбат низ аёнанд. Вақте дар ноҳия алоқаи боэътимод пайдо мешавад, дар дилхоҳ вақт метавон табибону наҷотдиҳандагонро даъват кард, овози наздиконро шунид, тавассути смартфон аз интернет истифода намуда аз хабарҳо огоҳӣ пайдо кард ё вориди сомонаи хизматрасониҳои давлатӣ шуд. Чунин фоида аз гуфтаҳои беасос ва тасдиқнагардида якчанд маротиба зиёдтар эҳсос мешавад.
“Вохӯрии имрӯза барои мо хеле самаранок ва сермаълумот буд. Раҳмат ба ширкат. Идомаи ҳамкориҳоямонро умедворем!” – ақидаи умумро изҳор дошт роҳбари маркази тестии ДДБ ба номи Носири Хусрав Шуҳрат Ҳасанов.
“Гуфтугӯи мустақими ошкоро бо сокинони Хатлон афзалиятҳои ширкати моро аз дилхоҳ реклама беҳтар нишон медиҳад. Вақте дар толор чунин одамони фаъолу донишдӯст, ба монанди донишҷӯёни ДДБ ба номи Носири Хусрав ҳузур доранд, муколама боз ҳам босамар мегардад. Аз вохӯрии доиршуда, саволҳои сершумор ва ниҳоят пурмаънии иштирокчиён хеле баҳравар шудем. Аз ҳамкорӣ бо онҳо баъди хатми донишгоҳ – аллакай ба сифати корфармо хеле хушҳол хоҳем буд!” – бо ҷамъбасти натиҷаҳои вохӯрӣ изҳор дошт директори раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Маҷид САЙТАСАНОВ.
"САФО"
Добавить комментарий
Ахбор
БОХТАР. ТАРАБХОНАИ “KFC” БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ НАМУД 13:21АВФ – БАХШОИШЕ, КИ САРНАВИШТҲОРО ДИГАР МЕКУНАД 13:18Тоҷикистон – Ватанам 15:38РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ ЁВОН-ВАҲДАТ-НОРАК БОЗСОЗӢ КАРДА МЕШАВАД 14:39ХОҲАРОНИ КИТОБХОН 13:16ФОТЕҲИ ВАХШОНЗАМИН 13:10НОРАК. 194 ИНШООТИ ТАЪИНОТИ ГУНОГУН БУНЁД ШУД 16:35АЗ УМЕД ТО ХАТАР 14:07
Серхонандаҳо
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036»
ДОНОРОНИ ХУН ЗИЁД ШУДААНД
Ҷ. БАЛХӢ. АЗ НАҚША ЗИЁД ИНШООТ БУНЁД ШУД
БОХТАР. БЕШ АЗ 11 ҲАЗОР НАФАР КӮДАКОНУ НАВРАСОН БА ИСТИРОҲАТ ФАРО ГИРИФТА МЕШАВАНД
ДАНҒАРА. МАЙДОНЧАИ НАВИ ВАРЗИШӢ ИФТИТОҲ ГАРДИД
ЁВОН. МАРКАЗИ САЛОМАТИИ НАВУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД
НОРАК. 194 ИНШООТИ ТАЪИНОТИ ГУНОГУН БУНЁД ШУД
БОХТАР. ФУТБОЛИ ЗАНОНА ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО ПАЁМАДҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ АЗ НАЗДИК ШИНОС ШУДАНД
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ КОРҲОИ КИШОВАРЗӢ ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ БОЗДИД НАМУДАНД





