Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
МАНФИАТИ НОК
Нок яке аз меваҳои маъмул дар кишварамон аст. Навъҳои нок дар тамоми ҷаҳон зиёданд, аз он ҷумла навъҳои дюшес, мармарӣ, конференсия, асалӣ, шимолӣ ва ғайраҳо. Ҳамаи инҳоро як чиз муттаҳид месозад – таъми хубу болаззат. Дар зер манфиати асосии нокро меорем, ки аз он хонандаи закии мо албатта баҳраманд мегардад:
Дар таркиби нок маводи нахии собит мавҷуд аст, ки барои мулоим кардани микрофлораи меъдаю рӯда манфиатбахш аст.
Дар 1 дона нок 20 фоизи меъёри шабонарўзии маводи нахӣ мавҷуд аст, ки раванди пиршавии организмро суст мекунад, туршшавӣ ва ҳуҷайраҳои саратониро кам мекунад.
Олимони ИМА муайян намуданд, ки истеъмоли нок инкишофи бемории диабети қанди типи дуюмро хеле паст менамояд.
Дар сурати истеъмоли ҳамешагии нок зичии нахҳои устухон зиёд шуда, рагу пайванди буғумҳо мустаҳкам ва дар онҳо равандҳои хунукзанӣ кам мегарданд.
Тамоми навъҳои нок бо моддаҳое бой мебошанд, ки дар навбати худ узви биноии инсонро аз бемориҳои чашм ва нурҳои ултрабунафш муҳофизат менамоянд.
Олимони Корея ошкор намуданд, ки қиёми аз нок ҳосилшуда, яъне туршии протокатеховӣ қобилияти фишороварӣ ба меланогенез, аниқтараш омоси саратонӣ дорад. Меланома яке аз омосҳои хавфноктарин бо фисади зиёди ҳалокатбор маълум аст ва бар зидди он нок аз манфиат холӣ нест.
Нок одамони аз меъёр зиёд фарбеҳро хароб карда, бо ин васила саломатии онҳоро ба эътидол меоварад.
Истеъмоли нок дил ва рагу пайвандҳоро мустаҳкам намуда, холестеринро дар организм кам мекунад.
Нок муқовимати организмро баланд карда, пӯсти баданро аз ожангҳо раҳо месозад ва ҷило мебахшад, ҳамчунин сиҳатшавии одамро пас аз бемориҳои роҳҳои нафаскашӣ ва гузаранда суръат мефизояд.
Таҳияи С. Зарнигор
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР


