Бойгонӣ

САДОҚАТ БА ВАТАН

   Дар  остонаи ҷашни 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор фаъолоне, ки дар пешрафту ободии Ватан саҳми назаррас доранд, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофоти давлатӣ қадрдонӣ гардиданд. 
Сардори Идораи телевизион ва радиои вилояти Хатлон Соҳибназари Муҳаммад Ғоиб дар ин радиф бо медали «Хизмати шоиста» мукофотонида шуд. Ҳамкори мо бо ӯ суҳбати тахассусӣ  доир намуд.   
- Аввалан, аз номи хонандагони маҷаллаи «Сафо» шумо ва дар шахси шумо кормандони Идораи телевизион ва радиои вилояти Хатлонро бо мукофоти давлатӣ самимона табрик мегўем. Ин боварӣ ба шумо дар фаъолияти минбаъдаатон ҳамчун роҳбари ҷавон неруи тоза хоҳад бахшид?     
- Ташаккур. Албатта, ҳеҷ гуна меҳнат бе подош намемонад. Ҳар нафаре, ки имрӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлол умр ба сар мебарад, аз он меболаду мефахрад, ки ватани тинҷу ором ва Пешвои оқилу дурандеш дорад. Банда низ аз он соҳибиқболон маҳсуб меёбам, ки маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ ва роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Рақмон қадами  боэътимод дар остонаи роҳбарӣ гузоштам, рӯ ҷониби сиёсати созандаю бунёдкор, сиёсати худшиносии миллӣ ва сиёсати дарҳои бози Тоҷикистон овардам. Эътимоду боварӣ ба ҷавонон ва масъулияти баланди роҳбариро ба сифати сардори Идораи телевизион ва радиои вилояти Хатлон бар дӯшам вогузор кардан, бароям мояи ифтихору сарфарозист. Оянда низ мехоҳам, ки дар пешрафту шукуфоии ватани маҳбуб содиқона хизмат намоям.
- Соҳибназари Муҳаммад Ғоиб, хуб мешуд оид ба зиндагиномаи худ қисса мекардед, то хонандаи закии маҷаллаи «Сафо» аз кору рӯзгори шумо воқиф бошанд.
- Писари Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб ҳастам, ки бароям боиси сарфарозию ифтихор мебошад, зеро қиблагоҳ идеали ман дар зиндагӣ мебошад. 21 – уми майи соли 1979 дар деҳаи Алиҷони Ҷамоати деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара чашм ба олами ҳастӣ кушодаам. Дабистони рақами 24–и  ноҳияи Данғара ва мактаби рақами 2–и шаҳри Кӯлобро хатм кардаам. Соли 1996  факултаи забону адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва соли 2001 – ум бошад, факултаи забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусравро бомуваффақият ба итмом расондам. Фаъолияти журналистиро дар шабакаи телевизиони Хатлон оғоз бахшида, аз охири соли 2001 то соли 2018 ба сифати мухбир ва муҳаррири шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон содиқона ифои вазифа намудам. Аз  21 – уми майи соли 2018 ба сифати сардори Идораи телевизион ва радиои вилояти Хатлон фаъолият дорам. Бо нишонҳои сарисинагии «Аълочии телевизион ва радиои ҷумҳурӣ», «Аълочии матбуот» ва «Аълочии фарҳанг» қадр гардидаам. Мукофоти давлатӣ – медали «Хизмати шоиста» - ро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бароям тақдим дошт, ки як умр сипосгузорам.
- «Бе мураббӣ зери гардун муътабар натвон шудан», -панд додааст шоир. Шумо, ки ҷавон ҳастед киҳоро мураббӣ, роҳнамо ва ҳидоятгари худ  медонед?
- Барои ба ин мақом расидан, пеш аз ҳама, қиблагоҳам Муҳаммад Ғоиб,  устодам Асадулло Раҳмон ва раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид роҳнамою ҳидоятгарам дар ҷодаи роҳбарӣ ва ватандорӣ ҳастанд. Аз ин инсонҳои шариф дӯстдории обу хоки Ватан, эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ, садоқат ба Тоҷикистони маҳбуб ва Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро омӯхтам ва аз эшон як ҷаҳон арзи сипосу миннатдорӣ менамоям.
-Телевизиони Хатлон зодаи даврони соҳибистиқлолист. Ба пахши 24 соатаи шабонарӯзӣ гузаштан ин қадами боэътимодест дар расонидани иттилооти саривақтӣ, хизмат ба халқу Ватан, тарғиби сиёсати давлатдорию ватансозӣ. 
Чӣ ҳадафҳои некеро дар пешрафти кори телевизион, таҳияи барномаҳои тамошобоб амалӣ карданӣ  ҳастед?
- Аввалан арзи сипосу миннатдории хешро ба раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода мерасонам. Ӯ дар рӯзи дуюми кориаш маро қабул намуда, аз мушкилоти телевизион пурсон шуд. Дар навбати аввал барои хариди дастгоҳу таҷҳизоти муосир, гузариш ба моҳвора, пахши шабонарӯзии телевизион 750 ҳазор сомонӣ ҷудо намуданд. Барои ба сифати дақиқу баланд гузаштан маблағҳои иловагӣ ҷудо намуда, дар қатори дигар намояндагони васоити ахбори омма, журналистони телевизиони вилоятро дастгирӣ менамоянд. Имрӯз мавҷи телевизиони вилояти Хатлон ҳудуди ҷумҳурӣ ва 33 давлати дунёро фарогир мебошад. Радиои Хатлон низ 24 соат манзури шунаванда мегардад. Аз нигоҳи қиблагоҳ устод Муҳаммад Ғоиб:      
              Ҳарчӣ, ки ман мекунам, баҳри Ватан мекунам,
              Баҳри Ватан мекунам, ҳарчӣ, ки ман мекунам.
Ба фикри банда ҳар як роҳбар аввал бояд дар назди виҷдони худ ҳисобот диҳад. Ватандориро на дар сухан, балки дар амал нишон диҳад. Ду рубоии падар дар зиндагӣ шиори ҳамешагии ман аст. Ин рубоиёт дар тарбияи маънавии мардум нақши муассир гузошта метавонанд.
             Барҳамзани ноумедии ман Ватан аст,
              Пурбории боғи бедии ман Ватан аст.
              Аз фикри Ватан мўйи сиёҳ гашт сафед,
              Дар олами сарсафедии ман Ватан аст.
                                  Х       Х        Х
              Сарбайти суруду достонам Ватан аст,
               Сармояи ишқи ҷовидонам Ватан аст.
               Чун сураву оят аст номаш ба забон,
               То ҳаст забон, вирди забонам Ватан аст.
Чун дил саршори меҳри Ватан аст, мо аҳли эҷоди телевизион ва радиои вилоят пайваста дар талоши он ҳастем, ки тарғибгарони воқеии сиёсати давлату миллати худ бошем, манфиатҳои миллиро аз ҳама боло гузорем ва баҳри тамошобоб гардидани барномаҳои телевизиони Хатлон ва баланд бардоштани завқи шунавандаи худ донишу ҳунари хешро дареғ надорем.
- Садоқат ба Ватан, садоқат ба обу хоки сарзамин, садоқат ба Пешвои муаззами миллат дар ҷодаи ватансозию ватандорӣ ҳар як инсони комилро ба қуллаи мақсуд мерасонад. Нигоҳи шумо ба фардои дурахшони Тоқикистони тозабунёд?
- Аз нигоҳи банда ояндаи давлату миллати тоҷик дурахшон аст, зеро мо дар иттиҳоду ҳамдилӣ Ватан обод мекунем. Мо ҳеҷ гоҳ ба дасисаҳои душманони миллат дода намешавем, зеро савганди Президентро савганди худ медонем. Содиқона ба давлату миллатамон хизмат мекунем. Мо ҷавонем ва ояндаи давлату миллати тоҷик аз ҷавонон аст. Аз забони падар садоқатамро ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз медорам.
              Ман бе ту ҷон надиҳам, зинда барои ту манам,
               То маро хасм нагўяд, ки манам мурдаи ту.
- Барои суҳбат, эътимоду боварӣ ба фардои дурахшони Ватан як ҷаҳон арзи сипос.
 - Саодати давлату миллати тоқик орзуи ҳамешагии мост. Бигзор Тоҷикистони маҳбуб дар миёни дигар давлатҳои дунё мақому мартабаи аз ин ҳам баландтарро сазовор гардад.
                                    Суҳбаторо Саидзода ШЕРАЛӢ,
                           узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон


Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019