Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Иди ангур, каду, харбузаву тарбуз ва себ
Дар арафаи ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлоли кишвар дар майдони «70 –солагии обёрии водии Вахш» -и шаҳри Бохтар Иди ангур, каду, харбузаву тарбуз ва себ баргузор гардид. Кишоварзони 25 шаҳру навоҳии вилоят дастранҷи худро ба маърази тамошо гузоштанд. Дар намоиш полезиҳо, меваҳои шаҳдбор ва аз ҷиҳати экологӣ тозаи шаҳру навоҳии вилоят пешкаши сокинон ва меҳмонон гардида буд.
Бояд зикр намуд, ки саҳми вилояти Хатлон дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат ва ғанӣ гардонидани бозорҳои ҷумҳурӣ ва вилоят калон аст.
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва ҳайати ҳамроҳонаш аз намоишгоҳ дидан намуда, ба ташкилкунандагони ин чорабинии зебову диданӣ баҳои баланд доданд.

Зикр гардид, ки соли равон дар вилоят 227 гектар боғу токзорҳои нав, аз ҷумла дар заминҳои лалмӣ 197 гектар бунёд гардида, барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ 71,4 фоиз таъмин гардид.

Ороишу дизайн, рангорангии себу ангур, харбузаву каду ва таомҳои гуногуни аз каду омодашуда аз завқи баланду ҳунармандии иштирокчиёни ин ид дарак медиҳад.
«Сафо»
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт
ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ
ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР
ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД?
ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ
ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД



