Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
НИҚОБ БАНДЕД
Таи 2 сол мешавад, ки бемории сироятии коронавирус ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Дар ин муддат баъд аз мавҷи якуми ин беморӣ мавҷҳои 2- 3-юм ва дар баъзе кишварҳо мавҷи чоруми ин беморӣ ба қайд гирифта шудааст. Баҳри пешгирии ин бемори маҷмўи чораву татбирҳои пешгирикунанда андешида шуда истодааст. Аз он ҷумла, риояи гигиенаи шахсӣ, ҷаъмиятӣ, фосилаи иҷтимоӣ, истифодаи ниқоб, корҳои безазагардонӣ, иммунизатсия чорабиниҳои мебошад, ки ин бемориро пешгирӣ мекунанд.
Баъди гузаронидани чораву тадбирҳои зиддиэпидемикӣ авҷи бемории коронавирус коҳиш ёфтааст. Бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати кишвар, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соҳибкорони ватанӣ таъмини сохторҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои вилоят бо таҷҳизоту лавозимотҳои тиббӣ, либосҳои худмуҳофизатӣ, маводи доруворӣ, сатҳу сифати хизматрасонии тиббии аҳолӣ хубтару беҳтар гардидааст. Корҳои безарагардонӣ, оммафаҳмонӣ чорабиниҳое буданд, ки дар паст намудани сатҳи беморӣ мусоидат намуданд.
Гарчанде ки афзоиши беморӣ коҳиш ёфта бошад ҳам, ин барои суст намудани тадбирҳои пешгирикунанда асос шуда наметавонад. Бояд дар хотир дошт, ки бемории коронавирс аз як манбаъ сар зада дар як муддати кутоҳ ба тамоми кишварҳои сайёра паҳн гардид. Ин моро водор месозад, ки то ба охирин ҳодисаи ба қайдгирии ин беморӣ қоидаву талаботҳои беҳдоштӣ, аз ҷумла риояи гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятиро роия намоем.
Дар пешгирии ин беморӣ истифодаи ниқоби тиббӣ хело муҳим ва зарур аст. Мутахассисон бар он ақиданд, ки ниқоби тиббӣ барои шахси бемор ҷиҳати паҳн накардани вирус ба шахсони солим ва ба муҳити атроф нақши асосиро мебозад. Ва бубинед, ки тибқи маълумотҳои пешниҳоднамудаи олимони сатҳи ҷаҳонӣ 85 фоизи гирифторони ин беморӣ бе ягон аломатҳо бемориро мегузаронанд. Аммо ҳамчун манбаи беморӣ аз худ ин вирусро хориҷ мекунанд. Аз нуқтаи назари эпидемиологӣ маҳз ҳамин қабил шахсон барои паҳн намудани бемории коронавирус хавфи калон доранд. Чунки онҳо худро солим ҳис мекунанд ва дар бозору мағозаҳо, ҷойҳои ҷаъмиятӣ озодона гашту гузор мекунанд. Аз ҳамин лиҳоз имрӯз истифодаи ниқоби тиббӣ барои ҳамаи шаҳрвандаони хурд ва калон, бемор ва солим ҳатмист.
Мутаассифона имрӯз баъзе аз шаҳрвандон хилофи қоидаву талаботҳои беҳдоштӣ дар бозорҳо, мағоза, кӯчаҳо, нақлиётҳои ҷамъиятӣ бе истифодаи ниқобҳои тиббӣ гашту гузор мекунанд, ки боиси паҳн гаштани ин беморӣ дар байни аҳолӣ мебошад.
Чорабиниҳои пешгирикунанда, аз он ҷумла истифодаи ниқоб бояд оммавӣ буда доимӣ бошад. Бояд дар хотир дошт, ки ниқоби муҳофизати на танҳо аз бемории сироятии коронавирус балки аз дигар бемориҳои сироятӣ, ки роҳи гузаришашон ҳавогӣ, қатрагӣ мебошад, муҳофизат менамояд.
Директори МТТҲС –и
вилояти Хатлон Қурбонзода Ҳ. К.
Добавить комментарий
Ахбор
БОХТАР. ТАРАБХОНАИ “KFC” БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ НАМУД 13:21АВФ – БАХШОИШЕ, КИ САРНАВИШТҲОРО ДИГАР МЕКУНАД 13:18Тоҷикистон – Ватанам 15:38РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ ЁВОН-ВАҲДАТ-НОРАК БОЗСОЗӢ КАРДА МЕШАВАД 14:39ХОҲАРОНИ КИТОБХОН 13:16ФОТЕҲИ ВАХШОНЗАМИН 13:10НОРАК. 194 ИНШООТИ ТАЪИНОТИ ГУНОГУН БУНЁД ШУД 16:35АЗ УМЕД ТО ХАТАР 14:07
Серхонандаҳо
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036»
ДОНОРОНИ ХУН ЗИЁД ШУДААНД
Ҷ. БАЛХӢ. АЗ НАҚША ЗИЁД ИНШООТ БУНЁД ШУД
БОХТАР. БЕШ АЗ 11 ҲАЗОР НАФАР КӮДАКОНУ НАВРАСОН БА ИСТИРОҲАТ ФАРО ГИРИФТА МЕШАВАНД
ДАНҒАРА. МАЙДОНЧАИ НАВИ ВАРЗИШӢ ИФТИТОҲ ГАРДИД
ЁВОН. МАРКАЗИ САЛОМАТИИ НАВУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД
НОРАК. 194 ИНШООТИ ТАЪИНОТИ ГУНОГУН БУНЁД ШУД
БОХТАР. ФУТБОЛИ ЗАНОНА ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ
БОХТАР. ТАРАБХОНАИ “KFC” БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ НАМУД
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО ПАЁМАДҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ АЗ НАЗДИК ШИНОС ШУДАНД


