Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Ифтитоҳи муассисаи касбию иҷтимоии хусусии тиббӣ ва маркази барқарорсозии “Нури тиб” дар деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара
16 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ғиҷоваки деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара муассисаи касбию иҷтимоии хусусии тиббӣ ва маркази барқарорсозии “Нури тиб”-ро ба истифода супориданд.
Иншоот аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Маҳмадова Бахтиниссо ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бунёд карда шудааст.
Иншоот аз таҳхона ва 6 ошёна иборат буда, дар майдони 1,7 гектар замин дар кутоҳтарин муҳлат ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир бунёд карда шудааст.

Дар ошёнаи якуми бино нуқтаи қабули беморон, 3 ҳуҷраи озмоишгоҳ, ҳуҷраҳои ултрасадо, амрози даруна, ҷарроҳӣ, дандондармонӣ, доругузаронӣ, ҳуҷраи хатна, бемориҳои қалб, ҳуҷраи занона ва ҳуҷраҳои кории ҳамшираи калони тиб ҷойгир мебошад.
Ошёнаи дуюми бино аз ҳуҷраи таваллуд ва бемориҳои занона, ҳуҷраи навзодон, 2 ҳуҷраи баъди таваллуд, 7 кати хоб, ҳуҷраи ташхиси беморон ва ҳуҷраи доругузаронӣ иборат мебошад.
Дар ошёнаи сеюм ҳуҷраи ҷарроҳӣ, 2 ҳуҷраи баъди ҷарроҳӣ, ҳуҷраи доругӯзаронӣ, ҳуҷраи захмбандӣ, 6 ҳуҷра бо 12 кати хоб мавҷуд аст.
Ошёнаи чоруми бино барои беморони амрози даруна пешбини шуда, аз ҳуҷраи табибон, ҳуҷраҳои доругузаронӣ, физиотерапевтӣ, 9 ҳуҷраи барои беморон бо 18 кати хоб ва ҷой барои истироҳати беморон иборат аст.
Ошёнаи панҷуми бино барои барқарорнамоии саломатӣ - физиотерапевтӣ махсус гардонида шудааст.

Дар ошёнаи шашум дар синфхонаҳои олмомӯзӣ, компютерӣ бо 15 адад компютер ва ҳуҷраи омӯзгорон бо фарогирии зиёда аз 150 нафар донишҷӯ, шароит фароҳам оварда шудааст.
Дар таҳхонаи бино 3 ҳуҷраи бахшҳои ронандагӣ бо 40 ҷойи нишаст, ҳуҷраҳои лойдармонӣ дар масоҳати 200 метри муррабаъ ҷойгир мебошад.
Илова бар ин, дар паҳлуи бинои асосӣ бинои 4 ошёна сохта шудааст, ки дар ошёнаи якум ошхона, дорухона, ҳуҷраи гиёҳдармонӣ ва ҳуҷраи нозири минтақавӣ ҷойгир мебошад. Дар иншоот 60 ҷойи хоб барои омӯзгорон ва донишҷуён мавҷуд аст.
Барои ба талаботи замон ҷавобгӯ гардонидани иншоот муосиртарин дастгоҳу таҷҳизоти соҳавӣ дастрас карда шудааст.

Дар фасли сардӣ барои бо гармӣ таъмин намудани иншоот системаи гармидиҳии бо ангишт фаъолияткунанда насб гардида, ҳамчунин саҳни бино ободу зебо карда шудааст.
Муассисаи касбию иҷтимоии хусусии тиббӣ ва маркази барқарорсозии “Нури тиб” дар доираи тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бе ҷалби маблағҳои буҷетӣ аз ҳисоби даромади софи соҳибкорони маҳаллӣ бунёд карда шудааст.

Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани иншооти мазкур имкон медиҳад, ки ҷавонони деҳот ба таълиму тарбия ва касбомӯзӣ ҷалб карда шаванду сокинон бе харҷи зиёдатӣ дар маҳаллӣ худ ба табобат ва муолиҷа фаро гирифта шаванд.
Зимни ба истифода супоридани иншоот Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми бунёдкоронаи соҳибкори ватаниро шоистаи таҳсин хонда, ба сифати корҳои сохтмонӣ, шаклу услуб ва дигар тадбирҳои анҷомёфта баҳои баланд доданд. Президенти мамлакат мутахассисони соҳаи тандурустиро барои дар сатҳи баланд ба аҳолӣ расондани хизматрасонии тиббӣ ҳидоят карданд.
Манбаъ: www.president.tj
Добавить комментарий
Ахбор
ОҒОЗИ МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ ДАР БОХТАР 13:00ТОҶИКИСТОН, ПАРЧАМАТ ПОЯНДА БОД 12:56ҲУНАРМАНДИ АСИЛ, МАҲБУБИ ДИЛҲО 12:52ХАТЛОН: ДАВРИ ДУЮМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ҲУНАРМАНДИ СОЛ» БАРГУЗОР ГАРДИД 12:49ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА БУНЁДГУЗОРИ МАРҲИЛАИ НАВИ ДАВЛАТДОРИИ ТОҶИКОН 11:29ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН 11:34Пешвои миллат ва рушди соҳаи тандурустӣ: аз сиёсати созанда то тарбияи мутахассисони ҷавобгӯ 11:25ҶАЛАСАИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТ ТАРИҚИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР ГАРДИД 11:21
Серхонандаҳо
РОССИЯ: ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ФОРУМИ II КИШОВАРЗИЮ ОЗУҚАВОРИИ СИБИР
ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ
РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД
ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ
ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ
БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ
МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД
ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
ДАР НОҲИЯИ ЁВОН 10 ИНШООТИ ТОМАКТАБӢ БУНЁД МЕШАВАД



