Бойгонӣ

ВУСЪАТИ ҲАМКОРИҲОИ МУТАҚОБИЛАН СУДМАНД БО ӮЗБЕКИСТОН

   Дар арафаи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар маркази вилояти Хатлон шаҳри Бохтар Форуми байниминтақавии сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон доир гардид, ки дар он зиёда аз 400 нафар намояндагони ду кишвари бо ҳам дӯст ширкат варзиданд. Тавре зикр гардид, мақсад аз ташкили Форуми мазкур тавсеи ҳамкориҳои тиҷоратӣ миёни соҳибкорону сармоягузорони ҷонибҳо арзёбӣ гардид.  
  
   Нахуст, меҳмононро ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзеи баргузории чорабинӣ гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.  Дар Форум   масъулони вазорату идораҳо, соҳибкорону сармоягузорон, намояндагони ширкату корхонаҳои соҳаҳои гуногуни фаъолияти хоҷагидории Тоҷикистону Ӯзбекистон дар самти саноат, инфросохтор, нақлиёт ва коммуникатсия, кишоварзӣ, тандурустӣ, хизматрасониҳои молиявӣ ва сайёҳӣ, таҳти Раёсати муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ва муовини сарвазир, вазири сармоягузорӣ ва савдои берунаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Сардор Умурзаков иштирок карданд. Ба ҳайати мазкур ҳамчунин роҳбарони якчанд вилоятҳои Ӯзбекистон аз ҷумла: вилояти Самарқанд ва Сурхандарё, масъулони вазорату кумитаҳои дахлдори ҳарду ҷониб низ шомил буданд.
   Дар қисмати аввал ба иштирокчиёни Форум имконоти корхонаҳои саноатӣ, номгӯ ва иқтидори истеҳсолии  онҳо, намунаи масолеҳи сохтмонӣ, саноати сабук,  маҳсулоти кишоварзӣ, комплекси агро-саноатӣ, энергетика, хизматрасонӣ,  маводи доруворӣ ва гиёҳҳои шифобахши ватанӣ ва дигар захираҳои табии вилояти Хатлон  муаррифӣ карда шуд. Зимни намоиш намояндагони доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Ӯзбекистон ба ҳам омада, вобаста ба тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба мубодилаи афкор намуданд.

   Зикр гардид, ки тайи солҳои охир бо ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ҳамкориҳои гуногунҷанбаи ду кишвар ба сатҳи сифатан нав баромада, баргузории чунин чорабиниҳо, ки ба рушди ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротӣ, ҷалби сармоя ва воридоти технологияи муосир ба тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба такон бахшида, барои густариши ҳамкориҳои минбаъда заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.
   Бояд қайд намуд, ки Форуми мазкур аз оғози муносибатҳои дӯстонаву ҳамкориҳои судманди сарони ду давлат маншаъ гирифта, робитаҳои минбаъдаи бахшҳои соҳибкориву сармоягузории ҳар ду кишварро дар бахши иқтисод боз ҳам вусъат мебахшад.
   Қисми расмии Форуми байниминтақавии сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон дар Кохи фарҳанг ва иттилооти шаҳри Бохтар доир гардид. Дар кори Форум нахуст муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ба сухан баромада, иброз дошт, ки ин тадбирҳо бо мақсади тақвият бахшидани фаъолияти соҳибкорӣ, ҷалби сармоягузорӣ, истифодаи сармараноку оқилонаи ҳамкориҳои захираи рушд, баланд бардоштани сатҳи ҳамкориву муомилот байни истеҳсолкунандагон, коркард ва содироткунандагони маҳсулоти саноатӣ ва дар ин замина мусоидат намудан дар афзоиши имконоту иқтидор ва афзоиши ҳаҷми содироти маҳсулот байни ду кишвар ташкил ва роҳандозӣ гардидааст.
   Иттилоъ дода шуд, ки дар форум намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва соҳибкорони 13 минтақаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок  намуда, баҳри муҳокимаи роҳҳои минбаъда, шароити ҳамкории савдо ва иқтисодии ду халқи бо ҳам бародар сарҷамъ гардиданд.
   Мавриди зикр аст, ки  давоми як соли охир гардиши молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Ўзбекистон ба 500 миллион доллар расида, ҷонибҳо тасмим доранд, ки гардиши савдои дуҷонибаро дар соли ҷорӣ  то ба 1 миллиард доллари амрикоӣ расонанд. 
   Аз ҷумла, дар чор моҳи соли равон гардиши савдо байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон 30 фоиз афзоиш ёфта, 133 миллион доллари амрикоиро ташкил дод. Қайд гардид, ки бо вуҷуди пандемия дар соли 2020 робитаҳои тиҷоратӣ миёни ин ду кишвар қатъ нагардид. 
   Муколамаи байни Тоҷикистону Ӯзбекистон собит менамояд, ки  ҷонибҳо имкониятҳои васеи табодули таҷриба ва афкорро доро буда, дар амалигардии лоиҳаҳои муштарак дар самтҳои гуногуни хоҷагии халқ муваффақ мегарданд.  

   Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, зимни баромади худ иброз намуд, ки Форуми байниминтақавии сармоягузории байни Тоҷикистону Ӯзбекистон натанҳо соҳибкоронро ба ҳам овард, балки намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатии мамлакатҳо барои ҳалли масъалаҳои мубрам, ки ба инкишофи иқтисодии ҷонибҳо мусоидат менамоянд, сарҷамъ хоҳад кард. 
   Таъкид гардид, ки иштирокчиёни Форумро лозим аст, ки вазифаҳои калидии инкишофи муносибатҳои байниҳамдигариро муҳокима намуда, дар амалисозии технологияҳои инноватсионӣ, наздикшавии илм ва истеҳсолот тадбирҳои корсозро ба роҳ монанд.
   Баъди анҷоми қисмати расмии Форум вохӯрии дуҷонибаи соҳибкорони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар сиғаи “Соҳибкор бо Соҳибкор” доир гардид, ки аз натиҷаи он санадҳои нави ҳамкорӣ дар самтҳои бунёди корхонаҳои шарикӣ, истеҳсоли трансформаторҳо, шартномаи фаъолиятҳои шарикӣ, содироти масолеҳи сохтмонӣ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон, бунёди боғҳои интенсивӣ дар масоҳати 10 гектар ва дигар созишномаҳо ба имзо расонида шуд.
   Иштирокчиёни Форум ба рушди муносибатҳои тарафайн ва ба имзорасии созишномаву шартномаҳои мутақобилан судманд, ки фарогири тамоми самтҳои ҳамкориҳои иқтисодӣ мебошанд, баҳои баланд дода, бобати дар оянда низ баргузор намудани ҳамоишҳои соҳибкорону сармоягузорони ду кишвар ба мувофиқа расиданд.

Амонҷон Маҳкамов


Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019