Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ҚАҲРАМОНИ АБАДЗИНДА
Агар одамизодро ҳадаф дар зиндагӣ номи нек боқӣ гузоштан бошад, иштирокчиёни Ҷанги дуввуми ҷаҳон бо қаҳрамониҳои худ дар набардҳои шадид, меҳнати ҳалолу хислатҳои некашон дар зеҳну замири аҳли башар маъво гирифтаанд. Дарвоқеъ шахсиятҳои дар ҷангҳои даҳшатовар иштирок намуда, баъди бозгашт ба ҳаёти осоишта умре ба хотири саҳмгузорӣ дар корҳои ободонию пешрафти диёри азизашон саъю талош намудаанд.
Шариф Назаров аз зумраи нафаронест, ки ба хотири наҷоти инсоният аз зулми фашизми гитлерӣ дар сангарҳои ҷанг сина сипар бинмудааст. Ӯ дар шаҳри Кўлоб дар оилаи косиб ба дунё омада, айёми наврасии худро дар ноҳияи Муъминобод гузаронида, баъди хатми мактаб - интернати ин ноҳия ба курси тайёрии муҳосибон барои хоҷагиҳо дохил шуда, баъди итмоми он ба корхонаи пахтаи деҳаи Корези поёни шаҳри Кўлоб ба кор медарояд. Баъдан ў котиби хоҷагии 2-юм таъйин мешавад.
Соли 1938-ум бинобар норасоии неруи низомӣ ўро дубора ба хизмати ҳарбӣ даъват менамоянд. Соли 1939 баъзе кишварҳои Ғарб бо финҳои сафед якҷо шуда, ба қаламрави собиқ Шўравӣ ҳуҷум карданд. Ин ҷанг то моҳи марти соли 1940 давом карда, бо ғалабаи Иттиҳоди Шӯравӣ анҷом ёфт. Дивизияи 30-юми Парчами Сурхдори полки гвардиягии 71 -уми хушкигард, ки дар он Шариф Назаров хизмат мекард, баргашта ба шаҳри Днеп¬ропетровскии Украина омад. Ин дивизияро моҳи июни соли 1940 барои озод намудани Бессарабия аз тасарруфи Руминия мефиристонанд. Ў дар ин набардҳои шадид иштирок намуда, баъди озод намудани Бессарабия полки онҳо дар истгоҳи Флорешти ин шаҳр камин мегирад. Соли 1941 тайёраҳои Германияи фашистӣ шаҳрҳои Одесса, Севастопол ва Киевро бомбаборон мекунанд. Ҳамин тавр Ҷанги дуюми ҷаҳон оғоз гардид. Дар задухўрди шаҳри Белский Шариф аз пойи чап тир хўрда, ба шаҳри Сочи барои табобат фиристода мешавад. Ҳанӯз табобати вай ба охир нарасида, госпиталро ба шаҳри Ростови-лаби Дон мекўчонанд. Баъди шифо ёфтан ў дар муҳорибаи шаҳрҳои Таганрогу Харков иштирок карда, барои корнамоиҳояш бо рутбаи сер¬жант сарфароз мегардад. Баъдан Шариф Назаров дар муҳорибае боз захмин шуда, барои табобат ба шаҳри Кургани вилояти Челябинск фиристода мешавад. Баъди шифо ёфтан, соли 1943-ум ба ў рутбаи сержанти калон медиҳанд ва ў ба зодгоҳаш - шаҳри Кўлоб бармегардад.
Фаъолияти кориро аз корхонаи коркарди пахта ба ҳайси сарнозири зидди сўхтор оғоз кард. Барои фаъолияти ибратомӯзаш вайро ба сафи ҳизби коммунист қабул мекунанд. Як муддат дар хоҷагӣ фаъолият намуда, аз соли 1946 дар вазифаҳои нозири Кумитаи комсомолии вилоятӣ, идораи ҳифзи иҷтимоии вилояти Кўлоб адои вазифа менамояд. Бо гузашти солиёни зиёд вилояти Кӯлоб барҳам хӯрда, Шариф Назаров фаъолияти худро ба ҳайси сарнозири идораи ҳифзи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳри Кўлоб идома медиҳад ва то ба нафақа баромаданаш дар идораи мазкур адои вазифа мекунад.

Шариф Назаров барои хизматҳои шоёнаш бо нишони сарисинагии Аълочии таъминоти иҷтимоии РСС Тоҷикистон, медалҳои Ғалаба бар фашизм, орденҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, дараҷаи-1, гвардияи СССР, барои ҷасорат ва мардонагӣ, нишони фахрӣ, медалҳои 100-солагии В.И.Ленин, «Аълочии пулемёт», 50-солагии Ғалаба, нишони «Зарбдори меҳнат» ва Ифтxopномаи Шўрои Олии РСС Тоҷикистон қадрдонӣ карда шудааст.
Кордонию собиқаи зиёди фаъолияташро дар арсаҳои гуногун ба инобат гиирфта, баъди ба нафақа баромадан Шариф Назаровро вакили кўчаҳои Бозорӣ, Комбриг Томин, М. Гoркий, К. Маркс ва Чапаев интихоб мекунад. Ӯ дар кадом вазифае, ки фаъолият карда бошад, масъулияти ба зимма доштаашро софдилона иҷро намудаву бо муносибати некаш дар қалби мардум ҷой гирифтааст. Тавре ки фарзандони Шариф Назаров қисса мекунанд, беҳтарин рӯз барои сарвари хонадони онҳо Рӯзи Ғалаба ба ҳисоб мерафтааст.
Ӯ аз фарзандони меҳандӯсти ин диёри бостонӣ буд, ки дар суҳбату вохўриҳояш бо мардум таҳкими сулҳу ваҳдат, устувор намудани пояҳои давлату давлатдорӣ ва ободу зебо гардонидани сарзамини аҷдодиро вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванди баору номуси кишвар медонист. Ба фарзандон панд медод, ки гузаштаро ба некӣ ёдовар шуда, дар фикри ояндаи миллату давлати худ бошем. Бо такя ба неруи ҷавони кишвар дар рушди Тоҷикистон корҳои ободонию созандагии диёри худ саҳмгузор бошем.
Бо мурури солҳо сафи иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳон дар миёни мо кам шуда истодаанд. Аммо қаҳрамониҳои бемислу монанди онҳо ҳамчун мактаби ҷасорат мояи ифтихору намунаи ибрат барои наслҳои имрӯзу ояндаи мо мебошад. Айни замон фарзандони ин марди нексиришт дар вази¬фаҳои гуногуни ҷамъиятиву давлатӣ адои вазифа доранд.
Мавриди зикр аст, ки дар доираи чорабиниҳо бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фарзандони Шариф Назаров иқдом гирифтанд, ки дар яке аз маҳаллаҳои шаҳри Кўлоб мактаби таҳсилоти ибтидоӣ ба номи Шариф Назаровро сохта ба истифода диҳанд. Ин ташаббуси созандаи фарзандони ин марди шуҷоъ бозгӯи дар рўҳияи ватандӯстиву хислатҳои ҳамидаи инсонӣ тарбия ва ба воя расидани онҳо мебошад.
Фарҳод МАДАМИНОВ, шаҳри Кӯлоб
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РАИСИ ШӮРОИ ДИРЕКТОРОНИ ШИРКАТИ SHAANXI APPLE GROUP CO., LTD. МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА БОҒДОРИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт
БОХТАР. ТАРАБХОНАИ “KFC” БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ НАМУД
БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД
ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР
АВФ – БАХШОИШЕ, КИ САРНАВИШТҲОРО ДИГАР МЕКУНАД
АВФ – ОҒОЗИ САҲИФАИ НАВИ ЗИНДАГӢ
ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2026 ҶАМЪБАСТ ГАРДИДАНД
ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД?



