11 янв 10:34АСОСӢ / Ахбор

Ш Ў Х Ӣ

- Қиссаҳои кўчак -

Ошхонаи тобистона пур аз одам буд. Одамон сари мизҳо ду- ду, се- се ё чаҳор нафарӣ нишаста ғизо мехўрданд, чой ё оби ҷав менўшиданд, бо ҳам суҳбат мекарданд, хандаю баҳс менамуданд. Фаввораи саҳни ошхона кор мекард ва дар фавраи об, ки боло мепариду поён мерехт, аз нурҳои офтоби майли ғурубдошта рангинкамон бозӣ менамуд.

Духтарони пешхидмат дар даст лаълиҳои пур ё холӣ, байни мизҳо бо чобукии ҳайратовар даву тоз мекарданд ва ҳар вақт аз назди кабобпаз, ки дар гўшае болои қўраи худ хам буд, мегузаштанд, бидуни он ки лаҳзае таваққуф бикунанд, бо садои баланд нидо медоданд:

-Акаи Салим, ду сих гўсфандӣ!

Се-чаҳор нафар пешхидматдухтари дигар паҳлуи ҳам дар даромадгоҳи тарабхона болои курсиҳо нишаста, пойҳои худро бозикунон бо ҳам чақ- чақ мекарданд, гоҳ- гоҳе бо овози баланд механдиданд.

Дар ин лаҳза писарбача 10-11 солае, ҳамели писта дар даст, вориди тарабхона шуд. Ў бо парешонӣ гоҳ ба сўи бар, ки ду нафар бармени паҳлавонпайкар машғул ба фурўхтани оби ҷав ва машруб буданд, гоҳ ба пешхидматҳо, ки аслан ба ў эътино намедоданд, чашм андохта, ба ҳар миз наздик меомад ва моли худро пешниҳод мекард:

- Писта намехаред, ака? Пистаи шўрак.

Аммо дар ошхона нишастагон яке бо ишораи даст, дигаре бо ишораи сар пешниҳоди писарбачаро рад мекарданд. Писарбача маъюс шуд ва бо умед ба гирду атрофи худ чашм давонд.

Нигоҳи яке аз пешхидматдухтарони дар дами баромадгоҳ нишаста ба писарбача афтод ва ў имо кард, ки наздик ояд. Писарак хурсанд шуду бо шитоб назди духтарон омад. Духтарон чанд ҳамел пистаро ҷудо карда гирифтанду ноаён ба ҳам чашмакӣ заданд ва яке аз онҳо гуфт:

- Дар ин ҷо чизе фурўхтан мумкин нест, инро медонӣ бача? Зуд худатро гум кун!

- Пули маро намедиҳӣ, апа?

- Кадом пул? Оҳ! Ҳозир даҳ сомонӣ додамат- ку!

- Надодӣ, апаҷон! Бовар накунӣ, ҷебакҳоямро бикоб.

- Додам, додам, гум шав!

- Қуръон бизанам, надодӣ, - бо овози гиряолуд гуфт писарбача.

Назоратчии тартиботи ошхона, марди бурутдори қавиҳайкал ба писарбача наздик омад ва ўро, ки ҳоло гиряро сар додаю намехост берун равад, бо нармӣ сўи баромадгоҳ тела дод. Худ дар даромадгоҳ истод, то писарбача дигар ворид нашавад.

Писабача рў ба рўи даромадгоҳ, болои замин нишаста, ҳунгос гиря мекард ва пешхидматдухтаронро бо алфози қабеҳ дашном медод.

Духтарон дар ҷавоби дашномҳои ў қоҳ- қоҳ механдиданд.

Гадозане, ки канори пиёдараҳа назди худ рўймолчаашро паҳн карда менишаст, аз ҷо бархост ва доманашро афшонда, болои сари писарбача омад.

- Чӣ гиря мекунӣ?

- Пистаҳоямро гирифтанду пуламро надоданд. Очаам гуфта буд, ки пистаҳоро фурўхта нон харам.

- Ота дорӣ?

- Не, дар Россия мурд.

- Додару хоҳар чӣ?

- Ҳо, сето.

Гадозан лаҳзае андешамандона ба писарак нигарист ва сипас рўймолчаашро боз кард.

- Бачам, ин ҷо ду-се сомонӣ танга ҷамъ шудааст, бигир инҳоро.

Писарбача, ки бо муштаконаш ашки чашмонашро пок мекард, сар ҷунбонд.

- Даркор нест. Ба ман пулҳои худамро диҳанд, - гўён писарак бо аламу хорӣ аз нав ба гиря шурўъ кард.

Пешхидматдухтарон хеле хандиданд, сипас яке аз онҳо аз ҷо хесту пеши писарак омад ва аз кисачае, ки камараш баста буд, пулеро берун оварда болои зонуҳои писарбача партофт.

- Ма, бигир пулҳота. Ту шўхиро ҳам намефаҳмидаӣ! Муре…

Писарак пулҳоро саросемавор ба ҷайб зада, аз ҷо бархесту зуд аз назди ошхона дур шуд. Ў мерафту аммо ҳиқ- ҳиқи гиряашро ҳеҷ боз дошта наметавонист.

                  САФО

Добавить комментарий