НЕКӢ БИМОНАД ҶОВИДОН

- НЕКУХИСОЛ -

Нигоҳи меҳрофаринаш аз қалби саршори меҳру муҳаббат ба мардум, ҳисси баланди инсондӯстӣ ва эҳтирому арҷгузорӣ ба урфу анъанаҳои неки ниёгонамон маншаъ мегирад, ки тимсоли зодмандонаш хайру накукориро ба одамон рисолати ҳаётии хеш пиндошта, фурсати умри кӯтоҳеро, ки дар ихтиёр дошт, ба кору пайкори шоиставу амалҳои ҷавонмардонааш қиссаҳои пандомезу лаҳзаҳои хотирмонеро дар ёдҳо боқӣ гузошту рафт. Ман он нуру зиёи чеҳраи дилнишини дӯсти даврони ҷавониамро ҳанӯз овони наврасӣ андар чашмони дурахшони падари бузургвораш шодравон бобои Файзулло дида будам, ки барои ба водии Вахш кашонидани кӯчи хонаводаи мо бо мошини боркашониаш ба зодгоҳам, як маҳаллаи танготанги канори шаҳри Душанбе омада буд. Он марди дар чашмонаш нури хуршедӣ бо лаҳни шево ва гуфтору рафтори зебояш фикру андешаҳои маро дар бораи маҳалли ояндаи зистамон ба куллӣ дигар кард. Бо мурури зиндагӣ сабабу омилҳои зиёде робитаву муносибатҳои дӯстию бародаронаи моро бо аҳли оилаи Бобои Файзулло қавитар сохт. Бо Абдуллозода Шамсуллоҳи Файзуллоҳ, яке аз фарзандони солеҳи ин хонаводаи соҳибэҳтироми деҳоти Навободи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҳанӯз аз овони мактабхонӣ ошноӣ доштам, ки аз ман ду синф поин таҳсил дошт. Ӯ аз рӯи эҳтиром ба қиблагоҳам маро “Бачаи устод”,- гӯён ном мегирифт, аммо аз айёми наврасӣ то дидору суҳбатҳои охиринамон ҳамеша аз ин ҷавонмарди наҷиб панду ҳикматҳои хотирмоне бардоштаам. Дар қиёс ба ману дигар ҷавонони ошкорбаёну ба қавле “ҳақиқатгӯ”, вай аз хубиҳои одамон мегуфту валекин, мабодо, ки рафтору гуфтори нафаре писандаш намеомад, хомӯширо ихтиёр мекард. Ҳатто дар ин маврид чандин бор гуфтугузори беохир ҳам доштем, ки билохира, зербайти мондагори Соиб ба ин суҳбати мо нуқта гузошт:

Посихотирдорӣ эй оина, аз мо ёд гир,

Айбҳои халқ мебинему хомӯшем мо.

Гӯё аз лаҳзаҳои ғанимати ҷавонию бевафоиҳои зиндагӣ чизеро пайхас карда  буд, ки дар мавриди хайру саховатмандӣ ва дастгирии ятимону барҷомондаҳо дар миёни ҳамсолону ҳамдарсонаш намунаи ибрат менамуд. Шамсулло ҳанӯз хело ҳам ҷавону таҷрибаи рӯзгорро надида буд, ки бо накукориҳои шоистаи таҳсинаш дар қалбҳои мардум маъво дошт. Пиронсолони деҳи мо мегуфтанд, ки ӯ бо гуфтору кирдори мардумписанди худ модари бузургвораш бибӣ Ёдгорро пеши назар меорад, ки ҳамеша нони якуми аз танӯр кандаашро ба хонаи ҳамсоя медод ва ба гоҳи хӯрокпазӣ ҳаққи бемору барҷомондаеро фаромӯш намекард.

Маҷрои зиндагӣ моро ба самтҳои гуногуни фаъолияти ҷамъиятӣ бурд ва гарчанде ки мо дар як деҳа истиқомат доштем, вале давоми 20 соли охир мо якдигарро танҳо дар баъзе маросиму чорабиниҳои расмӣ ва ё тӯю маъракаҳои дӯстону пайвандон медидему халос. Аммо ҳар куҷо суҳбат атрофи хайру саховатмандӣ ва накукориҳои фарзандони фарзонаи диёр мерафт, ҳатман нафаре аз ину он иқдомҳои шоистаи Абдуллозода Шамсуллои Файзулло ёдовар мешуд. Он дӯсти ҷавонмарг бо ғамхорию дастгирии беморону эҳтиёҷмандон ва дасти мадад расониданаш ба ятиму бепарасторон миёни мардум эҳтирому маҳбубияти зиёде ёфта буд.

Ёд дорам, як рӯзи сарди зимистони солҳои 1993-1994-умро, ки мо бо мошини “Жигулӣ”-и малларанги Шамсулло барои харид намудани маводи ғизоӣ бояд ба бозори маркази ноҳия мерафтем. Дар нишастгоҳи сарду шамолраси истгоҳи назди гардиши шоҳроҳ пиразане писарбачаи тақрибан 9-10 соларо ба оғӯш гирифта, сӯи мошинҳо даст меафшонд...

Мо мусофиронро ҳамроҳ гирифтему раҳораҳ аз ҳолу аҳволи пиразан пурсон шудем. 

- Ба хотири набераҳои ятиммондаам ба талбандагӣ баромадаем,- гуфтани пиразанро шунида, Шамсулло мошинро дубора қарор дод: “Ҳаргиз! Очаҷон, ин рӯзҳои гузаронро мо ба сабру қаноат ва дастгирии ҳамдигар паси сар мекунем, аммо бояд нагузорем, ки ин тифлакон дар рӯҳияи бечораҳолӣ ба воя бирасанд”.

Мо аз роҳ баргаштему Шамсулло пиразанро бо наберааш то пушти девори бедарвозаи манзилашон расонида, ваъда дод, ки алъон барояшон орду равған меорад. Ҳамин сон ӯ солиёни зиёде дастгиру муттакои он хонаводаи бепарастору чандин оилаҳои эҳтиёҷманди деҳоти гуногуни ноҳия буд. Тавре, ки аз ҷавонӣ ин суханонро такрор мекард; “Бо гузашти рӯзгорон одамон меоянду мераванд ва аз худ ду амал - некӣ ё бадиро боқӣ мегузоранд. Хуш ба ҳоли оне, ки бо гуфтору кирдори хеш дар хотироти ояндагон ба некӣ бимонад”.

Бо гузашти айём ӯ баъди хатми таҳсилоти олӣ фаъолияти хешро дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ идома дода, дар ин миён баъди анҷоми такмили ихтисос дар муассисаҳои олии низомӣ дар сохторҳои гуногуни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои вазифа намудааст. Ҳоло ӯ дар байни мо нест ва ба қавле, ки одамон меоянду мераванд, Шамсулло як ҷавонмарди некпиндору сахӣ ҳам дар мисоли як бандаи меҳрофарини Худо омаду шавқу шўре ба маҳфилҳо овард ва умеду орзуи зистан ба дилҳо бахшиду рафт...

          Ҷамолиддин САЙФИДДИН

Добавить комментарий