ЗУКОМ Ё КОРОНАВИРУС?

Ҳамасола бо фарорасии фасли сармо мардум бештар ба зукоми мавсимӣ гирифтор мешаванд. Мутаассифона, соли ҷорӣ тамоми дунёро вируси нави COVID-19 фаро гирифта, Тоҷикистон низ аз он дар канор намондааст.  Дар ин сол ҳама умеди мардум ба заҳматҳои шабонарӯзии табибони ҳозиқ монда буд, ки чун фариштагони сафедпӯш саъю талош баҳри сиҳатии омма доштанд.

Вобаста ба фарқияти бемории зуком аз коронавирус ва омилҳои пешгирии бемории коронавирус ва оқибатҳои он духтури сироятшиноси Маркази саломатии шаҳри Бохтар Муродҷон Бобоҷонов посух гуфт.

- Муродҷон Бобоҷонов мегуфтед, ки фарқияти зуком аз коронавирус дар чист? Зеро бештари мардум имрӯз ба зукоми мавсимӣ гирифтор шаванд ҳам ба таҳлука меафтанд, ки гӯё гирифтори коронавирус шудаанд. Оид ба фарқияти ин бемориҳо аз якдигар каме маълумот медодед.

- Фарқияти зуком аз коронавирус дар он аст, ки бемории зуком сабук мегузарад. Дар натиҷаи варами (газаки) луобпардаи бинӣ ё гулӯ ҳисси хушк шудани қисми болоии роҳи нафас ва сӯзиши он, ҳамчунин атса задан пайдо мешавад. Баъди чанд рӯз оби бинию луоб хеле зиёд меояд, ҳолати бемор каме тағйир ёфта, ҳарорати бадан муътадил, яъне аз 37-37,5 боло намешавад. Бо вуҷуди ин ҳам бемор худро вазнин ҳис мекунад. Қобилияти корӣ паст мегардад, нафаскашӣ бо бинӣ душвор шуда, баъзан аз сабаби илтиҳоби пардаи чашм оби чашм меравад.Ҳарчанд ин беморӣ сабук гузарад ҳам, беэътибор шудан лозим нест. Ба марказҳои саломатии ҷойи зист бояд муроҷиат намуд. Аз ҷумла, риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ҳатмист.

Коронавирус бошад бемории вазнин аст. Зеро ки ин беморӣ дар мадди аввал таъсири худро ба шушҳо расонида, вазъи беморро вазнин мекунад. Ба шахсони дорои масунияти (иммунитет) сусти бадан, беморони диабети қанд ва саратон ин беморӣ вазнинтар таъсир намуда, дар ҳолати ба духтур муроҷиат накардан эҳтимол аст, ки ба оқибатҳои ногувор оварда расонад. Хатари ин беморӣ бештар ба шахсони калонсол ва шахсони масунияти баданашон сустбуда хатарнок мебошад.

Дар марҳилаи аввали беморӣ агар шахс бемории шадиди роҳи нафас дошта бошад, аз онҳо молишак (тест) гирифта мешавад. Дар ҳолати муайян намудани ин ташхис дида мешавад, ки бемор зуком аст ё коронавирус. Агар коронавирус бошад, мо дарҳол тибқи протоколи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия медиҳем ва бемор зери назорати қатъӣ гирифта шавад.

- Ҳодисаҳое мушоҳида мешаванд, ки як узви оила агар ба ин беморӣ гирифтор шаванд, дигар аъзои оила бе ташхиси мутахассис аз тавсияе, ки ба бемори шифоёфта навишта шудааст, истифода мекунанд. Оё ин амали худтабобаткунӣ дуруст аст?

- Не, ҳамагуна худтабобаткуниҳо ба зарари инсон аст, бахусус, дар шароити имрӯза, ки бемории коронавирус тамоми сокинони оламро ба ташвиш овардааст. Аз ин лиҳоз, ҳар як узви оила мабодо ягон нишонаи ин бемориро дар худ мушоҳида кунанд, бояд дар навбати аввал ба духтури маҳалли зисти худ муроҷиат намояд. Зеро нафари дорои нишонаҳои ин гуна бемориҳо бояд нахуст аз ташхис гузарад. Аз беморон таҳлили олоиш аз гулӯ ва бинӣ гирифта, муайян карда мешавад, ки шахс мубталои вируси коронавирус ҳаст ё не. Ба ғайр аз коронавирус боз дигар бемориҳое ҳастанд, ки инсонро нотоб мекунанд, аз ҷумла зукоми мавсимӣ, ки мардум ба ин беморӣ диққати ҷиддӣ намедиҳанд. Ҳамаи ин бемориҳоро аз таҳлилу ташхиси аниқ гузаронида, табиб вобаста ба синну сол ва вазни бемор доруҳо тавсия медиҳанд. Худтабобаткунӣ натиҷаи хуб ба бор нахоҳад овард. Бинобар ин, шаҳрвандонро мебояд, ки дар ҳолати мушоҳидаи аломатҳои беморӣ ҳатман ба духтур муроҷиат намоянд.

- Мегуфтед, ки истифодаи антибиотикҳо бе тавсияи табибон чӣ хатар дорад ё оқибат ба чӣ оварда мерасонад?

- Дар протоколҳои табобатии бемориҳои Соvid-19 оварда шудааст, ки ҳангоми дар ҳолати сабукии бемориҳои зуком ва коронавирус умуман антибиотик таъйин кардан лозим нест. Зеро ин ҷо сабаби асосии беморӣ вирус аст ва антибиотикҳо вирусро нобуд карда наметавонанд. Дар ин маврид бояд аз доруҳои зиддивурисӣ истеъмол кард. Танҳо доруҳои зиддивирусӣ метавонад ин вирусҳоро маҳв кунад. Агар дар ҳолати вазнин, вазнини миёна бо оризаҳояш, яъне бемории илтиҳоби шушҳо бошанд, ҳангоми муроҷиат дар 5-6-ум шабонарӯз мо ҳатман антибиотик тавсия медиҳем. Муддати истеъмоли антибиотикҳо 7 то 14 рӯз мебошад. Аз меъёр зиёд истеъмоли антибиотикҳо низ ба инсон зарар мерасонад.

- Беморон дар кадом марҳилаи беморӣ бештар ба Шумо муроҷиат мекунанд? Манзурам ин аст, ки мардум то чӣ андоза ин бемориро ҷиддӣ мешуморанд.

- Беморон дар ҳолати сабук, марҳилаи миёнаи вазнин ва ҳатто то ба ҳолати вазнин расидан ба мо муроҷиат мекунанд. Тибқи нақша мо меъёри оксигени онҳоро месанҷем, фишор ва ҳарорати бадани онҳоро дида, баъди муайян намудани натиҷаи ташхис ба хулосае меоем, ки беморро бистарӣ намоем, ё ин ки тавсия диҳем дар шароити хона табобат гиранд.

- Асоси пешгирии ин беморӣ дар чист ва чӣ бояд кард, ки сатҳи сироятшавиро миёни омма коҳиш диҳем?

- Хушбахтона, нисбати моҳҳои пештар муроҷиат камтар шуда, сатҳи беморӣ коҳиш ёфтааст. Ин дар ҳолест, ки мардум аз оқибатҳои вазнини ин беморӣ бохабар шуда, ҷиҳати пешгирӣ намудан аз ин вируси ҳамагир ќоидањои бењдоштиро риоя намуда истодаанд. Ҳангоми мушоҳидаи аломатҳои ин беморӣ ҳатман муроҷиат намудан ба мутахассисони ҷои зист асоси пешгирии коронавирус мебошад. Инчунин ба қоидаҳои беҳдошт дар ҷойҳои ҷамъиятӣ риоя намудан, яъне пайваста шустани даст бо собун, бо маҳлулҳои антисептикӣ безарар гардонидан, истифодаи ниқоб сироятро коҳиш медиҳад.

Ба шахсони синни аз 60 сола боло, гирифтори бемориҳои музмин, аз ҷумла диабети қанд, фишорбаландӣ, бемории ишемикии дил, илтиҳоби музмини гурда, илтиҳоби музмини найчаҳои роҳҳои нафаскашӣ, астмаи бронхиалӣ, сили шуш, камхунӣ, ки инҳо шахсоне осебпазири ҷомеа мебошанд, безарурат бояд ба кӯча набароянд ва дар ҷойҳои серодам нагарданд.

- Тавсияи шумо ҳамчун мутахассис дар ин давра аз кадом навъи ғизо бояд бештар истеъмол намуд то масунияти бадани инсон мустаҳкам гардад?

- Барои мустаҳкамии масунияти бадан бояд ғизои аз ҷиҳати экологӣ тозаро истеъмол намуд. Аз ҷумла, маҳсулоти ширию гӯштӣ, меваю сабзавот, донагиҳо метавонад дар барқарории масунияти сусти одам мусоидат намояд.

- Дар мавриди шароити кору фаъолияти табибон дар ин ҷодаи пурзаҳмату масъулиятшинос чӣ гуфтаниҳо доред?

- Ташаккури зиёд ба маъмурият ва роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва соҳибкорони ватанӣ, ки дар вазъияти душвортарин моро танҳо нагузоштанд. Мо табибонро бо сарулибос, маводи доруворӣ, маҳсулоти ғизоӣ таъмин намуданд. Аз ҷумла, бахшида ба Рӯзи табибон бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон банда сазовори Ҷоизаи Вориси Сино гаштам инчунин аз ҷониби маъмурияти Маркази саломатӣ бо туҳфаҳои молию пулӣ қадрдонӣ шудем.

- Таманниёти шумо ба мардуми вилоят дар соли навини 2021.

- Барои мардуми тоҷик ҳамеша тансиҳатӣ умри дарозу тамоми хушбахтиҳои ҳаётро хоҳонам. Бигзор дар Соли нави 2021 дар хонадони мардум фазои идона ҳукмфармо бошаду ҳамватанони мо ташвиши коронавирусро фаромӯш намоянд.

-Ташаккури зиёд барои суҳбат.

                        Суҳбаторо Махфират ШОИМОВА

Добавить комментарий