Ҷ О Н Ф И Д О И М А О Р И Ф


Бузургмарде барҳақ панд додааст;

Зиндагӣ дар ҳараме сухтану сохтан аст,

Ишқ варзидану дил додану ҷон бохтан аст.

Ҳеҷ донӣ ҳадаф аз зиндагӣ дар олам чист?

Парчами хеш бар афлок барафрохтан аст.

Омўзгори асил, навҷўй, эҷодкор, инсони комил сокини шаҳри Норак Сайдалӣ Одилов як умр барои дигарон сухт, фарзандони халқро дар рўҳияи баланди ватандорӣ, эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ, муқаддасоти миллӣ ба камол расонд. Бо дарки масъулият, ҳисси ифтихори миллӣ парчами хешро барафрохт, шуълаи оташи ҷовидонро фурўзонтар намуд. Дар шаҳри нурофарон – Норак на танҳо миёни омўзгорон, балки миёни халқ эҳтирому маҳбубияти хоса пайдо кард. Аз муаллими одӣ то ба сармутахассиси шуъбаи маорифи шаҳри Норак камол ёфт. Барои хизматҳои арзандааш бо мукофоти давлатӣ – медали «Хизмати шоиста», нишонҳои ифтихории Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон даҳҳо ифтихорномаҳои раиси вилояти Хатлон, Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, Раёсати маорифи вилояти Хатлон, шуъбаи маорифи шаҳри Норак сарфароз гардидааст. Фатҳи ин қулла барояш ба осонӣ ба даст наомадааст. Дар ин ҷода пайроҳаи пурпечутоби зиндагиро тай намуда, ба қуллаи мурод расидани Сайдалӣ Одилов гувоҳи дорои иродаи матин, босабру ботаҳаммул ва дурандеш будани ин марди равшанзамир мебошад.

Сайдалӣ Одилов аввалан тарбияи падару модарро гирифта, соли 1977 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 9-уми шаҳрро бомуваффақият хатм кард. Ў аз устодонаш Абдулло Азиз, Ибодулло Абдуллоев, Вайсиддин Зайниддинов, Мусулмон Холиқов бо меҳру ихлоси бепоён ёдовар шуд.

- Тарзи либоспўшӣ, нармгуфторию муомилаи хуш, озодандешӣ, тозаю озодагии ин устодон шавқу рағбати муаллим шуданро дар дили банда бедор кард, ки як умр аз эшон сипосгузорам,- бо арзи эҳтиром қисса оғоз намуд Сайдалӣ Одилов.

- Ҳангоми дар мактаби миёна хонданам ба мусиқӣ низ шавқу рағбати беандоза доштам ва фориғ аз дарсҳо сўи мактаби мусиқии шаҳри Норак ба номи Пётр Илич Чайковский мешитофтам. Асрори нозукиҳои санъати мусиқиро аз устод Хайрулло Савров омўхтам.

Соли 1978 ба Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дохил шуда, соли 1982 факултаи корҳои маданӣ - маърифатии ин боргоҳи ҳунарро бо ихтисоси дирежёри оркестри асбобҳои халқӣ муваффақона хатм намуд. Фаъолияти омўзгориро аз дабистони рақами 12–и шаҳри Норак аввал ба сифати роҳбари созмони талабагӣ, омўзгори фанни суруд, сипас, ба ҳайси ҷонишини дирекор оид ба тарбия ва мушовири шуъбаи маориф оид ба фонди китобҳо оғоз бахшида, ҳаёти минбаъдааш то имрўз ба соҳаи маориф, тарбияи наслҳои ояндасози миллат зич марбут мебошад. Ҳангоми хатми Донишкадаи санъати Тоҷикистон аз шаҳри Ленинград (имрўза Санкт-Петербург) профессори машҳур Патрикиев омада, дар имтиҳони давлатӣ ширкат варзид. Сайдалӣ Одилов дар назди ў ҳунари дирежёрӣ ва солистӣ – яккахониашро нишон медиҳад. Профессор ба ваҷд омада гуфт «Акнун бовар кардам, ки дар Тоҷикистон чунин дирежёр, солистон, номбардорони санъати миллат ба камол расида истодаанд».

Устод Сайдалӣ Одилов ғоибона Донишгоҳи омўзгории ба номи Садриддин Айниро сарбаландона хатм карда, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимиро то бахши сеюм мехонад, вале вазъи иқтисодӣ ва оилавӣ имкон намедиҳад, ки таҳсилро идома бахшад. Аз шикастҳои пай дар пайи зиндагӣ, ки аз соли 2007 то соли 2015 падару модар, бародарон Сафарбек, Идибек, хоҳару апа Мастураю Асалмоҳро аз даст дода буд. Сайдалӣ Одилов ғамзадаю маҳзун гардид. Ў мардонавор тоб меорад ва тамоми ҳастиашро ба таълиму тарбияи фарзандон ва насли ояндасози миллату давлат мебахшад.

Дар ҳақиқат, Сайдалӣ Одилов як марди фидоӣ, фидоии касби хеш ва маориф мебошад. Ў сармутахассиси шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак, собиқадори босалоҳияту масъулиятшинос, хоксору ботамкин, муаллими ҷўяндаю эҷодкор буда, дастовардҳои соҳаи маорифи шаҳр ба номи ў зич марбут мебошад. Роҳбарияти шаҳр низ ба мақому мартабаи ў дар ҷомеа ва рушди соҳаи маориф, тарбияи насли арзанда баҳои сазовор доданд.

Барои инсони комил шудан шахс роҳу пайроҳаҳои зиёдеро дар зиндагӣ тай мекунад. Даст ба корҳои хайру амалҳои нек мезанад. Бо рафтору гуфтори хуб роҳ ба сўйи хонаи дилҳо мегирад. Сайдалӣ Одилов дар зиндагӣ маҳз ҳамин роҳро пеш гирифта, шоҳбайти зеринро шиори худ дар зиндагӣ донист.

Ту некӣ мекунӣ дар Даҷла андоз,

Ки Эзид дар биёбонат диҳад боз.

Ин аст, ки миёни ҳампешагону хамдиёрони худ соҳиби иззату эҳтиром аст. Маҳз сахтгирию серталабӣ ва дастгирию ғамхории устодоне ба мисли Сайдалӣ Одилов аст, ки толибилмони шаҳри Норак солҳои соҳибистиқлолӣ дар озмуну олимпиадаҳои сатҳи шаҳрӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ борҳо зинаҳои ифтихориро ишғол карда, шаъну шарафи шаҳри азизи худ ва вилоятро баланд бардоштаанд.

Сайдалӣ Одилов ба ҳайси узви фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Норак –аз сиёсати созандаю бунёдкор, сиёсати худшиносии миллӣ, сиёсати ваҳдатофар амалан ҷонибдорӣ намуда, ҳама пешрафту шукуфоиҳои Тоҷикистони соҳибистиқлолро аз ваҳдату ягонагӣ, оромии сарзамин таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зери парчами нангу номуси ватандорӣ муҳим арзёбӣ медорад.

Тўли солиёни зиёд ҳамчун муаллими эҷодкор садҳо мақолаҳои методии устод дар рўзномаҳои «Пионери Тоҷикистон», «Омўзгор», «Ҷавонони Тоҷикистон», «Нури Норак», «Рози дониш», «Ҳамрози халқ», «Садои мардум», маҷаллаи «Мактаб» нашр гардида, дастраси омўзгорон шуданд. Дигарон низ дар бораи муаллими варзидаю ботаҷриба Сайдалӣ Одилов дар ин рўзномаҳо ва китобҳои дастҷамъӣ мақолаҳо интишор намудаанд.

Устод Сайдалӣ Одилов вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Норак аз ҳавзаи интихоботии рақами 4 барои солҳои 2015 – 2020 интихоб шудааст.

Аз зиндагии якҷоя бо ҳамсари меҳрубон, зани оқилаю покдоман Мастура Одилова соҳиби 6 фарзанд гардиданд. 40 соли зиндагии якҷоя ба хонадон файзу баракат, шодию нишот овард. Ғаму дарди сангинро ботаҳаммул пушти сар намуданд. Фарзандони ин оилаи аҳлу тифоқ Дилшод, Гулрафтор, Сангимоҳ, Фарзона, Бунафша, Нуршед дар вазифаҳои гуногун кор мекунанд.

Ду нафар пайрави кори падар буда, Нуршед донишҷўи бахши чоруми Донишгоҳи омўзгории Тоҷикистон тибқи квотаи Президентӣ таҳсил дорад. Онҳо аз падари бофазлу дониш, накукору соҳибэҳтироми худ ифтихор мекунанд.

Зимни суҳбат бо дўстону пайвандони ин маорифпарвари номбардори шаҳри Норак бори дигар итминон хосил намудем, ки меҳру муҳаббат нисбат ба инсонҳои шоистакору дар хизмат ба халқу ватани худ фидокору ҷонфидо дар дилҳои мардумон маъво гирифтааст. Рўзу солҳо мегузаранд, аммо кори неку гуфтори неки ҳар яки мо дар хотири мардум боқӣ мемонад.

         Саидзода ШЕРАЛӢ, шаҳри Норак

Добавить комментарий
Маҷалаи №6-2019