Содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба бозорҳои ҷаҳонӣ

- Имконият -

Хатлон аз бузургтарин вилоятҳои аграрии ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, кишоварзони он дар ғанигардонии бозорҳои кишвар бо маҳсулоти тару тозаву аз ҷиҳати экологӣ хушсифат ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат нақши ниҳоят муҳим доранд. Дар баробари ин бо дарназардошти имкониятҳои мавҷуда роҳбарияти вилояти Хатлон бо таваҷҷуҳ дар самти афзоиши ҳаҷми истеҳсолот ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷ аз кишвар, робитаҳои хешро ба давлатҳои дунё густариш медиҳад. Бо шарофати заҳмату талошҳои деҳқонони вилоят ва ҳамкориҳои судманди соҳибкорони ватанӣ бо ҳамтоёни хориҷӣ буд, ки танњо аввали соли 2020-ум аз қаламрави вилояти Хатлон 106 ҳазору 853,4 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот шудааст, ки ин нисбат ба нақшаи солонаи содироти маҳсулоти кишоварзӣ 16 ҳазору 853,4 тонна зиёд.
Бинобар маълумотҳои мудири бахши намояндагии Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Шарофиддин Асомуддинзода, гарчанде, ки бинобар хуруҷи бемории ҳамагир ва қатъ гардидани парвози ҳавопаймоҳо тоҷирону соҳибкорон натавонистаанд, ки тариқи хатсайрҳои ҳавоӣ маҳсулоти бозоргири кишварзони мамлакатро ба бозорҳои ҷаҳонӣ содирот намоянд, аммо дар ин давра аз тариқи роҳи оҳан аз қаламрави вилояти Хатлон 84 ҳазору 253,7 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба давлатҳои гуногуни олам содирот карда шудааст. Ҳамчунин, дар ин давра содироти меваю полезиҳо ва дигар дастранҷҳои деҳқонони хатлонӣ ба хориҷ аз кишвар 22 ҳазору 599,7 тонаро ташкил дод.
- Мавриди зикр аст, ки дар баробари чораҳои пешгирӣ аз хуруҷи бемории COVID-19, ки робитаҳои иқтисодию тиҷоратиро миёни кишварҳои олам маҳдуд гардонид, таъмини аҳолии кураи замин бо ғизои аз лиҳози экологӣ хушсифат аз қабили меваю сабзавот ва донагию дигар маҳсулоти кишоварзӣ, муҳимтарин омили тақвияти масунияти бадан ва солимии одамон арзёбӣ ёфт. Бо дарназардошти талаботи бозорҳои ҷаҳонӣ ба маҳсулоти хушсифати экологӣ соли ҷорӣ соҳибкорону тоҷирони мо ба мамлакатҳои Федератсияи Россия,
Қазоқистон, Қирғизистон, Украина, Литва, Олмон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Покистон, Туркия ва Ироқ маҳсулоти кишоварзии аз қабили пиёз, лимў, ангур ва дигар навъ меваю полезиҳои хушсифат содирот намуданд.
Гарчанде, ки дурнамои содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз вилояти Хатлон барзиёд таъмин шуда бошад ҳам, аммо дар боғу саҳроҳои хоҷагиҳои кишоварзӣ маҳсулот бисёр буда, барои илова ба нақшаҳои пешбинишуда интиқол додани маҳсули заҳмати деҳқонон ба бозорҳои ҷаҳонӣ имкониятҳо зиёданд. Инчунин, талаботи рӯзафзуни дигар кишварҳои олам ба маҳсулоти хушсифати Тоҷикистон моро водор менамояд, ки бо афзун намудани ҳаҷми содироти маҳсулоти кишварзӣ ба хориҷи кишвар, ҳамзамон, барои меваю сабзавот ва дигар полезиҳои деҳқононамон дар бозори ҷаҳонӣ харидори доимӣ дошта бошем.
Дар иҷрои дурнамои содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз вилояти Хатлон ба хориҷи кишвар деҳқонони ноҳияи Ҷайҳун нақши ниҳоят муҳим дошта, соли ҷорӣ аз ҳисоби хоҷагиҳои деҳқонии ин ноҳия ба бозорҳои хориҷ аз кишвар 35 ҳазору 826,7 тонна маҳсулоти кишоварзӣ бароварда шудааст, ки ин 35,5 фисад ҳаҷми умумии содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз вилоятро ташкил медиҳад. Дар ин давра, илова ба таъмини бозорҳои дохили кишвар инчунин 34 ҳазору 7,2 тонна пиёзи истеҳсолнамудаи хоҷагидорони ноҳияи Ҷайҳун ба хориҷ аз кишвар содирот шудааст,- иброз дошт Шарофиддин Асоммудинзода. - Аз таҳлилу мушоҳидаҳо чунин бармеояд, ки деҳқонони ноҳияи Ҷайҳун бо заҳмати софдилона ва истифодаи оқилонаи замин дар самти афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмини бозорҳои дохилу хориҷи кишвар бо сабзавоту полезӣ ва меваю дигар дастранҷҳои деҳқонӣ имкониятҳои фаровон доранд. Заминҳои серҳосилу иқлими мусоиди ноҳия имкон медиҳад, ки дар баробари зиёд намудани майдонҳои кишти сабзавоту полезиҳо ҳамзамон хоҷагидорон ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ ва парвариши меваҳои ситрусӣ дар шароити гармхонаҳо диққати бештар дода, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат ва афзоиши ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба бозорҳои ҷаҳонӣ саҳми бештар гузоранд.
Тибқи иттилое, ки дар даст дорем, айни замон масоҳати умумии гармхонаҳои лимўпарварӣ дар ноҳияи Ҷайҳун ба 130 гектар расида, хоҷагидорон ният доранд, ки имсол 4 ҳазор тонна лимўи хушсифат ба даст оваранд. То имрӯз аз ноҳияи Ҷайҳун 733,1 тонна меваи лимў ба бозорҳои кишварҳои гуногуни олам бароварда шудааст. Тибқи таҳлилҳо ҳамасола 70 дарсади ҳосили гармхонаҳои лимупарварии ноҳия ба бозорҳои хориҷи кишвар бароварда мешавад.
Бо мурури касби таҷрибаҳои навин деҳқонону боғпарварон усулҳои беҳтари захира намудани маҳсулоти кишоварзиро аз бар намуда, дар баробари ба фурӯш баровардани дастранҷҳои хеш метавонанд, ки меваю маҳсулоти гуногунро бо тарзи махсус бастабандӣ намуда, онро то муддати 5-6 моҳ дар сардхонаву анборҳо хубу хушсифат нигоҳ доранд.
Мавриди зикр аст, ки ба хотири дар сатҳи ҷавобгӯ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ истеҳсолу коркард ва содироти маҳсулоти кишоварзони Хатлон соли ҷорӣ дар доираи ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлати Кореяи Ҷанубӣ як гурӯҳ соҳибкорони Кореяи Ҷанубӣ ва намояндагони Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз чанд корхонаҳо ва намоишгоҳҳои дастовардҳои меҳнатии кишоварзони вилояти Хатлон дидан намуданд.
Аз таҳлилу таҷрибаҳои андухта дар самти истеҳсолу содироти маҳсулоти кишоварзӣ метавон хулоса баровард, ки соҳибкорони ватанӣ илова ба афзудани ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷ аз кишвар, имкониятҳои зиёд доранд, ки бо эҳёи корхонаҳои коркарди меваю сабзавот, муаррифии дурусти молу маҳсулоти ватанӣ, ҷалби сармоягузорони хориҷӣ ва бо ин васила ба бозорҳои ҷаҳонӣ баровардани шарбату дигар хӯришу нӯшокиҳои хуштамъи аз маҳсулоти ватанӣ истеҳсолгардида, дар баланд бардоштани имкониятҳои содиротии кишвар саҳми бештар гузоранд.
          Юсуфи Собир
Добавить комментарий